РАФОҚАТ

Мо ду рафиқ бо ҳам мулоқот кардем. Мулоқоти мо ин дафъа хеле самимӣ буд. —   Салом — гуфт дӯстам, —   Салом — гуфтам ман. —   Бачаву кача, келин хуб ҳастанд?— пурсид ӯ. —   Раҳмат, раҳмат, аз ҳоли шумо пурсем, бачаву келин нағзу бардам ҳастанд?— пурсидам ман. —   Хеле хуб, саломат бошед,— изҳори миннатдорӣ намуд ӯ. Читать больше проРАФОҚАТ[…]

АМРИ ВИҶДОН

Мо ба як бинои нав кӯчидем. Ҳамаи ҳамсояҳоямон коркунони идораҳои мӯътабар буданд. Инак, маҷлиси аввалини сокинони ин бино даъват шуд. Рӯзномаи маҷлис иборат аз як масъала: интихоби раиси бино, ки он бояд дар асосҳои ҷамъияти кор кунад. Дар маҷлис, ҷонишини сардори управленияи хонаҳо низ иштирок дошт. —   Шумо бояд аз байни худ касеро раис интихоб Читать больше проАМРИ ВИҶДОН[…]

НАСИҲАТИ ПАДАРОНА

Чашмони Мазар аз насиҳати сардор лиққӣ об шу- данду гуфт: —   Рост, гуфтед. Ман аҳмақ, ман хар! —   Оббо, Назарчик, боз ҳушьёрхонаро зиёрат карда омадам, гӯед,— гуфт сардор аз коғази болои мизаш чашм наканда,— арвоҳ занад, шумоя. Маро пиру дардманд кардагӣ шумо. Агар ба сад даромада мурам ҳам, аз аламхои шумо додагӣ мемурам. Шумо мабодо Читать больше проНАСИҲАТИ ПАДАРОНА[…]

ДӮСТОН

Бемор шудани Сироҷиддин ҳамаро ба ташвиш мононд. Аҳлиддину Камол ин хабарро шунида нимишабӣ ба аёдаташ омаданд. Сироҷиддин оҳуи тир хӯрдагӣ барин нолиш мекард. Аҳлиддин худашро ба паҳлӯи бистари бемор партофта, ба гирья даромад. —  Ман гуфта будам, ки сари шумо ҳеҷ гоҳ дард намекунад,— гуфт оби дидагонашро пок карда. Камол лаби поёнашро зери дандонҳояш бурда Читать больше проДӮСТОН[…]

МАСЛИҲАТИ ДӮСТ

Фаъолиятҳои яксолаи комбинатамонро ҷамъбаст намуданд. Дар маҷлис директорамон нутқ карда гуфт: —   Дар байни мо ханӯз ҳам одамони ноустувори ба коллектив бегона мавҷуданд, ки манфиати шахсии худашонро аз манфиати коллектив афзалтар меҳисобанд. Ин гапҳоро шунида вучудам тасфид. Хостам, аз ҷоям бархоста, чизе бигӯям, ду кас аз бозуҳоям дошта шинонданд. —   Чунин одамҳо охири охирон обруи Читать больше проМАСЛИҲАТИ ДӮСТ[…]

МЕҲМОНҲО

Дастархон ҳанӯз аз нозу неъмат пур нашуда, Нормаҳмад омад, ҳамроҳаш ду марди хеле азимҷуссаи ҷомапӯш, ки мислашон дар тамоми обрави шахр камтар буд. —    Инҳо хешбачаҳои ман, аз шахри дигар омадагӣ,— инҳо ҳар ду дугонак. Мана, инаш Алию мана инаш Валӣ. Паҳлавонҳое ки то ҳанӯз шонаашон хок нахурдааст. —  Хуш омаданд, хуш омаданд,—ду даст пеши Читать больше проМЕҲМОНҲО[…]

ПРИНЦИП

Маро ба вазифае пешииҳод карданд, барои сӯҳбат назди хӯҷаин омадам. Сардор марди ҳалим ва меҳрубон будаанд. Аммо исту бисташон принцип. —Мо шуморо ба кор қабул мекунем, вале бо як шарт,— гап кушоданд хӯчаин,— шарт ҳамин ки дар кор принтсипнок будан лозим. —  Ха, албатта,— гуфтам ман. —  Ба камбудиҳо оштинопазирӣ бояд қарзи виҷдонамон бошад. —   Читать больше проПРИНЦИП[…]

АРИЗА

Ҷавони лоғарандоми баландқад ба хузури муҳаррир даромад. —  Мебахшед, муаллимҷон, шумо вай коғази маро хондед?— пурсид ҷавон. —  Ҳа, хондам?— гуфт муҳаррир,— олиҷанобу ле- кин… —  Охир… — Чӣ, охир?… шумо ҷавон, вале бо вуҷуди он муваффақият доред. —  Чӣ хел муваффақият? —  Хоксорӣ накунед, додарам, хеле хуб. Аммо аз лиҳози банду баст ва қофиябандӣ… Читать больше проАРИЗА[…]

ТАМОИЛҲОИ ХУДӢ ВА БЕГОНА ДАР ШЕЪР

(Нақиза) Ман, яъне банда дар ин солиюни авоҳир ба шеъри шоирон рӯ наовардаам. Албатта, рӯ наовардаам. Ру наоварданам ба шеър сабабҳои объективию субъективи, индивидуалӣ ва техникӣ дорад. Мана, ба карибӣ китоби ашъори шоир Осмон Фалакӣ манзури хонандагон гардид. Бояд тазкор дод, ки ранги мақова ҷигарӣ буда ба мазмуни ашъори саҳафот мтобиқати зиёд дорад. Метавон кайд Читать больше проТАМОИЛҲОИ ХУДӢ ВА БЕГОНА ДАР ШЕЪР[…]

АҲАМИЯТИ ДАНДОН

Бегоҳирӯзӣ. Мардум дар клуби колхоз ҷамъ омада, ба нутқи профессор дар мавзӯи «Аҳамияти дандон дар саломатии инсон» бодиққат гӯш медоданд. — Рафиқон,— гуфт профессор,— рӯли дандон дар саломатӣ хеле калон аст. Сиҳатмандии тамоми аъзои хозима, ба хусус рӯда ва меъдаву кӯррӯда ба дандон зич алоқаманд мебошад. Уҳун-ӯҳун… Лекин мо, рафиқон, агар соддатар карда гӯем, ба Читать больше проАҲАМИЯТИ ДАНДОН[…]

АНДӮҲ

Пирамарди Ибодулло дар болои тагсинҷи ҳавлии куҳнасохти бобоияш нишаста, ба гӯшае чашм дӯхта, ғарқи дарьёи фикру андешаҳои худ буд. Ба назари бинанда чунин мерасид, ки ин мард аз умри барабасрафтаи худ изҳори пушаймонй мекунад. Воқеан, ҳамсари пирамард—Бибисанам ин манзараро аз паси тирезаи ошхона мушоҳида намуда, худ ба худ мегуфт: «Дареғо, ба ин пирамард чӣ шуда Читать больше проАНДӮҲ[…]

ГАП ДАР САРИ СУРАТ НАБУДААСТ

Фельетонро хонда, ба қахрамононаш нафратам омад. Қаҳру ғазабам ҳанӯз паст нашуда, занги дар баланд шуд. Дарро кушода бинам, ҳамсояи ботадбир ва бомар- табаамон Саид Баёнов. Ассалому алейкум, офтоб аз куҷо баромад. Саид Баёнов? Хуш омаданд, биёянд, биёянд,— он касро хуш- боши намуда, ба курсй шинондам. — Ҳа, аҳвол читу?—савол кард ӯ,— о ҳеҷ даракатон не-ку… Читать больше проГАП ДАР САРИ СУРАТ НАБУДААСТ[…]

БОЗЬЁФТ

Ба музеи колхозамон як чакмани моҳути кӯҳна оварданд. Чакмани аз захми тир ғилборшуда. Ин бозьёфт саҳифаи нави таърихи ҷонсупориҳои мардуми деҳаи мо хоҳад шуд. Чакманро дар ҷои ба назар намоёни музей овехта, ба зераш чунин нааиштаид. «Ин ёдгор аз гузаштагон аст. Аз қаҳрамони дастаҳои зидди босмачиён». Аммо соҳиби ин чакман кӣ буд, касе намедрнист. Чанде Читать больше проБОЗЬЁФТ[…]

ҲАШАР

Аз автобусе, ки донишҷӯёни ҳашаракиро ба райони канори шаҳр, ба майдони пахта мебурд, ҳануз дарак набуд. Дар зери дарахти сояафкани сари роҳ донишҷӯеро хешу таборонаш иҳота карда буданд. Ҷавон дар сар кепкаи чармин ва дар тан курткаи нави балони дошт. Ӯ сари худро чун тифли ширхор ба бағали модари меҳрубонаш гузошта, аз себи сурхи дасти Читать больше проҲАШАР[…]

ДАРМОН

Мошини ёрии таъчилӣ маро нимишабӣ ба беморхона овард. Аҳволам хеле вазнин буд. Вуҷудам аз таби баланд месӯхт. Фурсате нагузашта, духтури навбатдор ба сари бистарам омад. —  Меъдаатон аз кадом вақт боз дард мекунад?— савол дод ӯ. —Аз бист сол бештар,— гӯфтам ман навмедона. —Аз байни хешовандонатон одамони меъдадард ҳастанд?— савол дод духтур ва боз илова Читать больше проДАРМОН[…]

МО ҚОЛИН ХАРИДЕМ

Мо як қолини зебои ҳазорсӯма овардем. Ҳамсояи дасти ростамон кампири Моҳбибӣ пеш аз ҳама ба дидани қолин даромад. —  Бай-бай,— мафтун шуд ӯ ба як дидан,— ин қолин не, осмони пурситора. Чунон ҳам зебо, чунон хам зебо, ки гап намеёбам. Мо дастархон паҳн карда, чой овардем. Моҳбибӣ қолинро хуб чаппаву роста карда рафту ҳамон бегоҳӣ Читать больше проМО ҚОЛИН ХАРИДЕМ[…]

ҶОНАМ ФИДОИ ҲАМСОЯҲО

Бо маслиҳати дӯстон магнитофон харидам. Бегоҳӣ, вақте магнитофонро ба хона меовардам, аз ҳамсояҳо фақат Низомиддииро дидам, ,ки дар пешайвон ҷумбучӯл мекард. —        Муборак шавад,— овоз баровард ӯ— Мешустаем-да? —        Саломат бошед, биёед,— гуфтам. Ҳамин вақт бачаву качаи ҳамсоя пешу қафо тохта хона даромаданду ҳар кадомаш хоҳиш кард, ки овозашонро дар лента сабт кунам. Магнитофонро бо Читать больше проҶОНАМ ФИДОИ ҲАМСОЯҲО[…]

ҲИКМАТИ ФОЛБИН

Дар як кӯчаи танги деҳаи хурдакаки кӯхӣ мағалу шавқуни бачаҳо баланд шуд. —       Фолбин омад, фолбин омад,— мегуфтанд бачаҳо ва аз дунболи як даста ҷӯгизанҳо медавиданд. Пеш-пеши даста як ҷӯгизани лоғарандоми кадбаланд, ки асои дарозе дар даст дошт ва ду дандони пешаш аз таъсири зангор кабуд шуда буд, бошитоб ва бақувват қадам мезад. Чеҳраи кампир Читать больше проҲИКМАТИ ФОЛБИН[…]

ХЕШИ ПАДАРӢ

Такси аз ҷояш тап-тапкупон ҳаракат карду ронандааш аз ман пурсид: —       Шумо язнаи Абдураҳмон не? —       Ҳа, ман язнаи Абдураҳмон Ҳошимов,— гуфтам бо чеҳраи кушод. —       О-ҳо, тахминам дуруст баромад,— хушҳолӣ кард ронанда,— ҳамту нигоҳ кунам, шуморо дар хонаи Абдураҳмон дидагӣ барин шудам. Ману Абдураҳмон мисли бародарони ҳамтанем. Э, вай бисьёр ҳам йигити нағз.Ҷавонмардияшро намегӯед. Читать больше проХЕШИ ПАДАРӢ[…]

ФАЙЛАСУФНАМО

Дуи мо дар меҳмонхонаи барҳавое шинос шудем. Ӯ марди корозмуда ва боҳавсалае буд: аз дар даромадан замон ҷомадонашро кушода, пойафзоли хонапӯшӣ ва собуну оачоқашро баровард ва бо як порча латтаи махмалин гарду хоки туфлиҳояшро пок карда, онро боз ба чомадон андохт. Ҳамроҳи худ дарзмолу риштаву сӯзан ҳам дошт. Ҷӯробҳояшро низ дарзмол кард. Ҳамхонаам баъди чунин Читать больше проФАЙЛАСУФНАМО[…]

ТАЪЗИЯ

Маро дар ҳолати беҳушӣ ба шифохона оварданд. Дардамро наёфтанд. Марг ба ман таҳдид мекард. Ҳамсарам оби чашм карда мегуфт: «Вой дод, вой навбати мошингирӣ чӣ мешавад?» Амакаш ӯро тасалло дода мегуфт: «Ҳеҷ гап не, навбатат намесӯзад, охир фарзандонаш ҳастанд-ку». Чанде аз дӯстонам ҳам ашки ҳасрат рехта, сарашонро ба деворхо ҷанг меандохтанд: Аз яке ман пул Читать больше проТАЪЗИЯ[…]

ТАЪБИР

Наим дар арафаи иди ҳаштуми март аз истироҳат баргашт. Зану фарзандонаш ӯро хуш истиқбол карданд. —       Бачаҳоро хеле пазмон шудам,— рӯ овард Наим ба ҳамсараш,— рӯзҳои аввал ҳеҷ аз хобам набаромаданд. Ҳамон шаби аввали ба хонаи истироҳат омаданам писараки хурдиамон Зафарҷонро хоб дидам. Хоб дидам, ки бачаи ҳамсоя ӯро кӯфта истодааст. —       Бачаи ҳамсояро назадед?—тоб Читать больше проТАЪБИР[…]

СОДДАЛАВҲ

Дар шӯъбаи қанодии гастрономи гузари мо зани зебое кор мекард. Гӯё ӯ дар ҳусну малоҳат дар шаҳр хамтое надошт. Бар замми ин хеле ҳалимгуфтор ва хушмуомила буд. —       Ҳа, биёянд,— гуфт ӯ маро дидан баробар. Ман аз овозаш ҳаловат бурда гуфтам: —       Саломат бошед, хоҳарам, ман омадам, ки каме… —       Аз кадомаш чи қадар?—пурсид ӯ Читать больше проСОДДАЛАВҲ[…]

САРДОР БУДАН МУШКИЛ

Хушбахтона, ман сардори идора таъин шудам… Шумо нағзакак медонед, ки ҳар сардор усули, яъне методи кори худашро дорад. Аз он ҷумла ман ҳам. Ростӣ, таъриф нашавад, ман дар кори роҳбарӣ ба ҳеҷ сардор тақлид намекунам. Тақлид марги истеъдод аст, мегӯянд. Мана, сардори нав Калон Салимович ба сардори пештара Ибрат Иамозович тақлид карда, чӣ шуд? Оқубат Читать больше проСАРДОР БУДАН МУШКИЛ[…]

РИЗОЯТИ ХЕШОВАНДОН

Ба ҳавлии Аъзам-тағо хостгорҳои зиёде меомаданд: аз дуру аз наздик. Бале, ҳар кадом фарзанддор орзу дошт, ки духтари ин хонадонро ба худ келин кунад. Мана, барои ҳамин ҳам хостгорҳои зиёде меоянду боз умедашонро наканда мераванд. Ҳар кадом дастаи хостгорҳое, ки меомаданд, хостгорҳои фиристодаи оилаҳои дигарро наҳ мезаданд. Қалини духтарро ҳар кадом торафт баланд карда, дороии Читать больше проРИЗОЯТИ ХЕШОВАНДОН[…]

ОРИЯТ

  -Барои орияти дуньё шуда ҳамин Остонаро ба университет даровардан лозим!—хитоб кард амаки Остона, ба хешу табор, рӯ оварда.— Агар ҳамин сол ҳам Остонақул аз имтиҳон афтад, тамом! Медонед, пас мардум чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки мо, авлоди Нодириҳо, фақат даҳонкалонӣ мекардему бас! Ин гап ҳисси авлодпарастии мо ҳозиронро якбора бедор намуду ҳама дар ҷои нишаст Читать больше проОРИЯТ[…]

БОЗ НАВБАТИ КӢ?

Ҳидоятулло имрӯз ҳам бо баҳонае ба кабулгоҳи раис даромад. Котибаи ҷавони зебосурат машғули кор буд. Ӯ сарашро набардошта ҳуҷҷати муҳиммеро чоп мекард. Мақсади Ҳидоятулло ба котиба гап додан не, балки ба худи раиси нави идора наздик шудан буд. -Ҳм, ягон кори заруре доштед?— пурсид котиба бо киноя. -Не, ҳамту… ҳамту омада будам,— гуфт Ҳидоятулло хиҷолатмандона,— Читать больше проБОЗ НАВБАТИ КӢ?[…]

АФСОНА

Дар меҳмонхонаи кӯҳнасохти хеле зебо ҷой гирифта, бегоҳӣ ба ресторан даромадам. Одам бисьёр буд, вале бо вуҷуди он ду нафар пешхизмат ‘ба пешвозам тохта, маро ба як ҷои холӣ шинонданд ва ҳатто «хуш омадед!» ҳам гуфтанд. -Хӯш, меҳмони азиз, шумо чӣ мехоҳед?— пурсид як пешхизиат бо чеҳран кушод, мисли он ки хоҳари худам бошад,— мана, Читать больше проАФСОНА[…]

АТЛАСПӮШ

Маърӯза тамом шуда, навбат ба музокира расид. Ҳозирон аз рӯи одат аввал гапро аз таъриф сар карда, баъд санги маломатро ба сари «баъзеҳо» ва баъзе корҳо ҳаво медоданд. Дар мачлисгоҳ оромии том ҳукмфармо буд. Танҳо ғунгоси пашшае дар фазои маҷлисгоҳ шунида мешуд, ки он худро гоҳ-гоҳе ба шишаи тиреза зада, баромадан мехост. Инак, ҳамин вақт Читать больше проАТЛАСПӮШ[…]

МОТАМ

Ҷони падари раис набаромада, хамкорамон Абдусамад омад. -Худаш чӣ гап? -Мӯйсафед бандагиро ба ҷо оварданд,— гуфт яке. -Э, вой, падарҷон-е!—фиғон бардошт Абдусамад ва ҷуссаи бузургашро болои хок партофта, сари каммуяшро ба замин задан гирифт. -Додарам, одам гуфтагӣ сабр мекунад,— гуфт марди ношинос сари Абдусамадро аз рӯи хок бардошта. -Э, падари бузургвор-е,— ба наҳвакашӣ даромад Абдусамад. Читать больше проМОТАМ[…]