ОДАМИЯТ

Ба деҳаи хурдакаки мо меҳмоне омад, аз як шаҳри бостонӣ. Мардум ба талоши меҳмон афтоданд. Ҳар кас кӯшиш дошт, ки меҳмонро ба ҳавлии худ барад то мардум ӯро «мехмони фалонӣ» гуфта, ном баранд. Баъди талошу кӯшиши зиёд, оқибат меҳмон насиби Абдусамади бритадир шуд. Албатта, дигарон як андоза маъюс шуданд. Охир меҳмон яктаву талабгор ҳазорта.
Абдусамад бегохӣ гӯсфандеро ба ифтихори мехмон сар зада, мардуми деҳаро даъват намуд. Хонаву ҳавлии соҳибхона пур аз меҳмон шуд. Сӯҳбату чақ-чақ то як ғояти шаб давом кард. Меҳмон хаставу лакот шуда, дар ҷойгаҳи ба рӯи кати зери дарахти тут густурдашуда, ба хоб рафт. Ҳавои тозаву насими сабук ӯро навозиш мекард.
Субҳдам, ҳанӯз офтоб аз паси кӯҳи баланд набаромада, касе сари меҳмонро ҷунбонда, ӯро бедор кард.
— Муаллим, муаллим,— гуфт ӯ бо оҳанги илтиҷо.
— Ҳа, худаш чӣ гап?— бо талвоса бедор шуд меҳмон ва сарашро аз болин баланд карда, илова намуд:— мебахшед, тамоман ба хоб мондаам.
— Ҳеҷ гап не, меҳмон, гуфт он мард,— марҳамат, меҳмон, чои пагоҳиро дар хонаи ман мехурем.
Меҳмон аз ҷойгаҳаш бархоста, либосашро пӯшида, омодаи рафтан шуд. Абдусамад аз хонаи хобаш берун омада, ба пурсупос даромад.
— Ҳа, муаллим нағз хоб карда хестед?—гуфт ӯ ва аз фазилати барвақтхезӣ қиссае кард.
Чои пагоҳирӯзиро дар ҳавлии Маҷид нахӯрда, овози мизбоне баланд шуд.
— Дӯстон, марҳамат, ҳама ба хонаи ман!
Мардум меҳмонро ба ҳавлии Абдусаттор ҳидоят намуданд. Фатири гарму шӯрбои серравған зебдиҳӣ дастархон шуд. Ҳавр аз болои табақҳои қурутоб баланд шуда, фазои хонаро хира ва муаттар месохт.
— Э, хуш омадед, хуш омадед, нури дида, тоҷи сар,— мегуфтанд соҳибхонаҳо дар атрофи меҳмон парвонавор чарх зада.
— Бародарон, ҳама сафу ҷамъ ба хавлии ман,— гуфт мизбоне илтиҷоомезона.
Ҳозирон косаҳои шӯрборо ним накарда, аз ҷой бархостанд. Соҳибхонаҳо туфлиҳои меҳмононро ба назди пояшон гузошта, ҳамоно волаву зорӣ мекарданд.
— Чӣ хуш омадед, дар хоки қадаматон садқа. Абдулмаҷид гӯсфанди ният кардагияшро ҳамон пагоҳӣ кушта, нимашро кабоб карда, ба рӯи дастархон овард. Таъми кабоби гӯшти дастӣ кушташуда ба димоғ расида, иштиҳоро козгир мекард.
Мирзошариф ва Фахридднн барои меҳмон хеле гилагузорӣ намуданд.
— Ҳар кадом меҳмони омадагиро шумо даъват мекунед, ҳеҷ навбати мо намерасад,—мегуфт Фахриддин,— охир инсоф доред, ё не?
Мизбонон гашти рӯз меҳмонро ба ҳавлии Фахриддин бурданд. Вай ҷавонаи сесолаашро кушта, тамоми хурду калони деҳаро даъват кард.
Дар чеҳраи меҳмон осори хастагӣ пайдо гардид. Ӯ шими хеле васеъашро аз поёни ишкам баста, аранг- аранг қадам мезад. Лекин касе ба ҷуз нуру файзи меҳмон дигар чизеро намедид. Бафаросатии ин мардум он аст, ки намуди зоҳирии шахсро ба назар намегирифтанд. «Ҳар инсони асил қодир аст, ки дар ботину зоҳири меҳмон танхо зебоиро бинад» мегуфтанд.
Офтоб дар паси қуллаи кӯҳи баланд ғуруб намуда, пардаи шом фазои деҳаро пахш намуд. Ҳоло барои даъвати меҳмон боз чандин касони дигар дар навбат буданд.
Абдусамад нимишабӣ ба ҳавлияш баргашту ҳамсараш дарвозаро боз карда, ба талвоса гуфт:
— Ман нагуфтам, ки бе меҳмон набиёед. Наход аз ҳамин қадар таоми пухтупаз кардагиям меҳмон як луқма нахӯрад.
— Меҳмон дар хонаи Саидшоҳ,— гуфт Абдусамад,— вай савганд хӯрда, меҳмонро аз ҳавлияш раҳо накард.
Соҳиби меҳмон пагохии барвақт дарвозаи Саидшоҳро так-так карда, овоз баровард.
— Ҳозир!—гуфт Саидшоҳ ва дарвозаро боз карда, бо лабу лунҷи овезон гуфт:
— Меҳмон гурехта рафтааст.
Абдусамад лаҳзае сукут карда, баъд ба Саидшоҳ ру оварда гуфт:
— Ман ба мардуми деҳа чи мегӯям? Намегӯянд, ки меҳмонашро нигоҳ дошта натавонист.