АТЛАСПӮШ

Маърӯза тамом шуда, навбат ба музокира расид. Ҳозирон аз рӯи одат аввал гапро аз таъриф сар карда, баъд санги маломатро ба сари «баъзеҳо» ва баъзе корҳо ҳаво медоданд. Дар мачлисгоҳ оромии том ҳукмфармо буд. Танҳо ғунгоси пашшае дар фазои маҷлисгоҳ шунида мешуд, ки он худро гоҳ-гоҳе ба шишаи тиреза зада, баромадан мехост. Инак, ҳамин вақт зане дар тан куртаи атласи намози шом бо нозу карашма аз назди тирезаи маҷлисгоҳ гузар карду чашми Ҳасан ба он танноз афтод ва вуҷудаш якбора такон хӯрда рафт.

-Лаънатӣ, боз омад,— гуфт Ҳасан худ ба худ сарашро каме поён карда,— кор он тараф истад, дар маҷлис ҳам намемонад Уфф… ин зан нашуд, бало шуд…

Ҳасан сарашро бардошта, боз бо қахр ба берун нигарист. Зани атласпӯш боз ҷилвакунон гузар карда, дили дигаронро ҳам магар рабуд, ки ҳама беқарор шуданд, дар ҷойҳои худ печутоб хӯрданд. Дар он миён баъзе мардҳои дурандеш, мабодо зани ягон ҳамкор набошад, гӯён худро даст гирифта, сукут ихтиёр карданд. Магар ҳамин дам чашми нотиқ ҳам ба он андоми зебо афтод, ки факту рақамҳоро пасу пеш намуд ва дар гапаш як навъ беназмшо андарбарҳамӣ ҳис карда шуд. Масалан, ӯ ба ҷои «мо бояд аз ин камбудиҳо хулоса барорем» гуфтан чанд бор «бояд мо барорем хулосаи камбудиҳоро» гуфта монд, ки ин, албатта, дар чунин лаҳзаи фараҳангез барои як ҷавони ҳозиру нозир саропо азфнопазир буд.

Ҳасан ин дафъа ба дари нимроғи зали маҷлис нигоҳ карда, посбони идораро дида монд. Посбон ӯро бо ангушт ишораи баромадан мекард ва лабонашро борик карда, ҳуштак ҳам мекашид. Аз ин ҳол Ҳасан боз ба ғазаб омад ва ишора намуд, ки намебарояд.

-«Ин лаънатӣ маро дар маҷлис ҳам намемонад», — ғуруктид Ҳасан худ ба худ,— ин зан не, аҷали тайёр. Боз ин ёри ҳаётии ман будааст, тавба!…

Посбони идора аз чашм ғоиб шуду он зан боз аз паси тиреза ишвакунон гузар кард. Нотиқи ҷавон ҳам баромадашро хулоса накарда, ба охир расонд. Аз афташ, чашми раиси маҷлис рафиқ Акрамов боз ба тиреза афтоду ба чои суханро ба каси дигар додан, маҷлисро кариб пӯшида эълон карда буд.

-«Хайр, хайр, ҳозир ман ба хона равам,— ғурунгид Ҳасан,— о корат бошад, дар хона гуфтан гир-дия. Лаънати намедонад, ки идора ҷои кор аст, на гапҳои оилавӣ.

Хайр, хайр»…

Дарвоза боз нимроғ шуду посбон ба тарафи Ҳасан ба имову ишора даромад. Вай дасташро ду бор ба болои ҳар ду қафаси сина гузошта, ишорае кард, ки он зане ба суроғи ту омадааст, гуфтанӣ маънӣ дошт. Ҳасан он ишораро дигар хел фаҳмида, ба ғазаб омад ва ба соаташ ишора намуда, гуфтанӣ шуд, ки ҳоло маҷлис ду-се соати дигар давом хоҳад кард. Посбон боз аз назар ғоиб гардиду чашми аҳли маҷлис ба тиреза дӯхта шуд. Раиси маҷлис «Ҳой, рафиқон, диққат!» гӯён графинро бо қалам задан гирифту вале худаш аз он қомати зебои паси тиреза ҳеҷ чашм канда натавонист.

-Хомӯш, рафиқон,— боз овозашро баланд кард раиси маҷлис ва ба Аҳмадуллои бухгалтер сухан дод.

Замин накафид, ки Ҳасан ба дарун дарояд. Ӯ аз хиҷолат сурх шуда, баданаш сахт тасфид, тобу тавонашро аз даст дод. Мехост ҳамин дам ба берун баромада, ба занаш моҷаро бардорад. «Он панҷ бачаро ба назди кӣ монда ба идора омадааст?»—хаёл мекард ӯ худ ба худ, вале ҷавобе намеёфт. Ҳозирон ҳанӯз ҳам ба умеди дидани он дилбари танноз чашми раиси маҷлисро поида ба берун менигаристанд. Ана, хушбахтона, он моҳлиқо боз пайдо шуду нотиқ каме таваққуф намуд. У гап мезаду гӯё шахси мешунидагӣ набуд. Раиси маҷлис низ аз шиддати ҳаяҷони ботинии худ дар маҷлисгоҳи орому сокит ҳам «ҳа, рафиқо, мағал накунед»—гӯён овоз бароварда, вале аз тирезаи дутабақаи калон, ки ҳӯ дар зери дарахти тут он танноз чилванамоӣ мекард, чашм намеканд. Ҳасан бошад, дандонҳои худро бо ҳам соиш дода, лаби поёнашро аз қаҳру ғазаб мехоид.

-Ҳоло ин зан бо собуни ман ҷома нашустагӣ барин, ба ҳамааш модараш айбдор. Ин хел модарарӯсро медонед, аз куҷо мепартоям?—гуфт Ҳасан.

Ҳасани дасту по гумкарда ҳатто маросими пӯшида шудани маҷлисро нафаҳмида монд. У дар як дам бо қаҳру ғазаб, девонавор ба берун омада моҷаро бардоштанӣ шуду вале занашро наёфт. Ҳамин дам посбон бо чеҳраи кушод пеш омад.

-Шуморо як зани тамоман ношинос хуб интизор шуд,— гуфт посбон,— интизорӣ ба дилаш заду қаҳр карда рафт.

Рӯҳияи Ҳасан ҳамоно тағьир ёфту фалла барин мулоим шуд. Ҷои қаҳру ғазабро оташи сӯзони муҳаббат гирифту чашмонаш барк заданд. Хост, ки аз посбон боз чизе пурсад, вале ӯ кайҳо рафта буд.

* * *

Солҳо рафтанд. Ҳасан ҳанӯз ҳам худро маломат мекунад, ки агар ҳамон вақт барои занаш ақаллан як куртаи атласро ҳам даводав карда пайдо намекард он руз таннози атласпӯшро шинохта, бе ишораи посбон ҳам аз маҷлис берун меомад.