Абдумалик Зуҳури, 1998
Душанбешаҳри сабзу хуррамии Наврӯзи соли 1969-ро истиқбол мекард. Дар бинои асосии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон вохурӣ бо адибони ҷавон баргузор гашт.Бародаронам донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигорӣ Мирзои Шукурзода ва Муллокӯчақ Қурбонзода ба банда низ даъватнома дода буданд. Дар минбар профессор Ҳусейнзода, Лоиқ Шералӣ, В. Асрорй, Меҳмон Бахтӣ, Соҳиб Табаров ва чанд нафари дигар устодони донишгоҳ менишастанд.
Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Лулрухсор, Меҳмон Бахтӣ шеърхонӣ карданд. Ба Бурҳон Ғанй сухан доданд. Сари минбар омада чуноне, ки одат доштанд бо сари ба яктараф андаке хам ва бо чашмони нимбоз ба донишҷуён нигоҳ карданд. Нигоҳашон ҷиддӣ буд. Вале ҳамагон хандиданд ва кафкуби карданд. Донишҷӯёни филолог, ки дар паҳлӯи ман нишаста буданд «ба поям маҳсӣ мепӯшам» гуён қарсақ мезаданд. Ин ишора ба як назираи акои Саидбурҳон бо суруди машҳурест, ки фақат якчанд мисраъашро ба ёд оварда метавонам.
Ба мисли дег дар ҷӯшам,
Ба мисли ҳавз хомӯшам.
Ба поям маҳсӣ мепӯшам,
Ту кай парвои ман дорӣ.
Саги ҳамсоя бедор аст,
Ба по маҳсӣ чӣ даркор аст,
Сари роҳат пур аз хор аст.
Ту кай парвои ман дорӣ.
Саидбурҳон тарафи ҳайати маҷлис, ки аксар устодони доншгоҳ буданд нигоҳе карда гуфтанд, ки ҳоло ҳам ҷасорати тарафи Шумо нигоҳ кардан надорам. Хаёл мекунам, ки имрӯз ҳам аз имтиҳони Шумо қарздор бошам. Ҳусейнзода бо табассум ҷавоб доданд, ки не ту ҳамон вақт ҳам қарздор набудӣ.
Акои Саидбурҳон дар ин воҳӯрӣ як латифа ва як шеъри тақлидӣ ба адибони ҷавон хонданд. Латифа чунин буд: Ҷавони ошиқ барои дидани дидори маҳбубааш сари дарахти назди ҳавлии ҳамсоя мебарояд, Падари духтар ногоҳ аз кучое пайдо шуда, аз ҷавон мепурсад, ки дар сари дарахт чӣ гум кардӣ? Ҷавон саросема «тут мехурам» мегуяд. Падари духтар «дар дарахти сафедор тут аз куҷо? гуён савол медиҳад. Ҷавон ҳам паст наомада «чӣ бахилӣ мекунед, якта-нимта ёфта хурда истодаам», мегуяд. Матлаи тақлид бо шоирони ҷавон ин тавр буд:
Эй сабзаҳо, эй сабзаҳо!
Эй сабзаҳои сурху сабз,
Нилобию фаранг
Булбул ба шохатон нишаста нолаҳо кунад.
Боди сабо кунад.
Моро пиҳил кунед, моро пиҳил кунед.
Ҳамин тавр як нақизаи дуру дарози пур аз калимаҳои бодабдаба ба ҳамдигар беогешро хонданд. Устод Лоиқ ҳамон вақт ба ҳампаҳлӯяшон «рост мегуд, рост мегуд» гуфта таъкид мекарданд. Бо ин маънй, ки солҳои 60-70-ум рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳури аз шеъри «сафед» ё худ шеъри «ни- мой» пуропур буданду на ҳамаи онҳоро шеър гуфтан мумкин буд.
Ҳаҷвӣ Бурҳон Ғанӣ ҳадаф дошт ва аксари вақт ба ҳадаф мерасид. Латифаҳои намакин мегуфтанд. Воқеаву ҳодисаҳои дар бачагӣ дидаву шунидаашонро бо тамоми ҷузъиёташон дар ёд доштанд. Вақте, ки ба деҳа меомаданд қариб ҳама ба дидорбиниашон меомад. Ва то нисфи шаб ҳамдиёронро механдонданд. Ҳар чиро, ки менавиштанд аввал ба дӯстон ҳикоя мекарданд. Вақте медиданд, ки бо одамон таъсир дорад он гоҳ онро рӯи қогаз меоварданд.
Дар ибтидои сухан аз баҳори соли 1969 ёдовар шудем. Мехоҳам баҳори соли 1993-ро низ ба ёд биёрам. Дар сари гӯри нависанда ба ҷои лавҳаи ёдгорӣ ду чӯби олучагии бо ресмон ба ҳам басташудае мехобиданд. Гуё ҳар каф хоки ин гӯри харобу ҳасратбор бо забон меомад:
Ғуборе хайма бар олам гирифта
Замину осмон мотам гирифта
Чӣ фасл аст ин, ки яхбандии дилҳост
Чӣ шаҳр аст ин, ки хоки ғам гирифта.