ПРИНЦИП

Маро ба вазифае пешииҳод карданд, барои сӯҳбат назди хӯҷаин омадам. Сардор марди ҳалим ва меҳрубон будаанд. Аммо исту бисташон принцип.

—Мо шуморо ба кор қабул мекунем, вале бо як шарт,— гап кушоданд хӯчаин,— шарт ҳамин ки дар кор принтсипнок будан лозим.

—  Ха, албатта,— гуфтам ман.

—  Ба камбудиҳо оштинопазирӣ бояд қарзи виҷдонамон бошад.

—   Бале!— гуфтам бо катъият.

—   Камбудиро ёфта дар маҷлису ҷамъомадҳо сахт задан даркор,— гуфтанд хӯчаин.

—   Сахт мезанем!—гуфтам ман.

—  Ҷояш ояд, ба идораҳои боло навиштан лозим,— гуфтанд хуҷаин мушташонро ба рӯи миз кӯфта.

—  Менависам!—гуфтам ман ҳам муштамро ба миз фуроварда.

—   Гап ҳамин,— гуфтанд Сангин Кабирович.

—   Бале, гап хамин!— гуфтам далерона.

—    Дар кори мо ҳоло норасоиҳо кам нестанд,— гуфтанд хӯҷаин.

—   Бале, кам нестанд,— гуфтам ман.

—   Камбудиҳоро решакан бояд кард,— гуфтанд хӯҷаин.

—   Решакан мекунем!—гуфтам ман.

—   Ҳатто дар матбуот навиштан лозим,— гуфтанд хӯҷаин.

—   Оре, навиштан лозим, менависем!—гуфтам бо қатъият.

—  Боракалло, ука,— гуфтанд хӯҷаин ба тахтапуштам тап-тап зада.

Камтаҷрибагӣ боз ба поям теша зад. Ҷавоби хамаи ин саволҳо хомӯшӣ будаасту ман нафаҳмидам.