Ҷавони лоғарандоми баландқад ба хузури муҳаррир даромад.
— Мебахшед, муаллимҷон, шумо вай коғази маро
хондед?— пурсид ҷавон.
— Ҳа, хондам?— гуфт муҳаррир,— олиҷанобу ле- кин…
— Охир…
— Чӣ, охир?… шумо ҷавон, вале бо вуҷуди он муваффақият доред.
— Чӣ хел муваффақият?
— Хоксорӣ накунед, додарам, хеле хуб. Аммо аз лиҳози банду баст ва қофиябандӣ…
— Кадом қофиябандӣ, муаллимҷон, о…
— Ҳой, вақте ки калонҳо гап мезананд, ба миёни гапашон лагад назанед, ука.
— Мебахшед, муаллим, о ман…
— Шумо бисьёр сабук-да. Истеъдодатон баланду аммо… эҷодатон ҳанӯз…
— Чӣ ҳанӯз?..
— Намондед-дия, гап занем…
— Мебахшед, муаллим, корам бисьёр зарур, аз вай идора талаб карда истодаанд.
— Чӣ, талаб мекунанд? Дар он чо чоп мекунед?
— Чӣ хел чоп? Ман ариза навишта будам.
— Чи хел ариза?
— Ариза барои аз ин идора рафтан.
Ҳамин гапро барвақттар намегӯед-а?