06.04.2018

Зиндагинома

Нависандаи зарифтабъ, шодравон Бурҳон Ғанӣ зиндагиномаи худро ба таври фишӯрда ва он ҳам тибки истеъдоди хаҷву танзсароияш бо шӯхиву истеҳзо дар охирин маҷмӯаи хикояҳояш «Хеши падарӣ» (нашриёти «Адиб», 1988) ин тавр баён доштааст: «Рӯзи таваллуди ман ҳанӯз маълум нест. Баъзе одамони солхӯрда ва хеле табарруки деҳа рӯзи таваллуди маро ба рӯзи марги гови як ҳамдеҳаамон нисбат дода, сари занашро зада кафондани марди ҷохилеро ба он санаи таърихй илова мекунавд» (китоби зикршу-да, саҳ. 249).
Оре, дар замири хар ҷумлае аз осори ин нависандаи кутаҳумр рамзу киноя ва таъбиру ибораҳои мармуз ва талху тунд ва дардолудро метавон дарк кард. Роҳи зиндагии Бурҳон Ғанӣ чун аксари намояндагони илму адаб моломол аз пастиву баландиҳо будаасх
Ба кавли эшон ӯ дар фасли гули зардолуи кӯҳистони Мастчоҳ, яъне 1 -мохи майи соли 1938 дар деҳаи Рогифи Кӯхистони Масчох, дар хонаводаи дехкон ба дунё омад. Дере нагузашта аз падар ва баъдан аз мухаббату ғамхории модар низ бенасиб моцд. Аммо зехни тез ва ишқу алоқа ба илму адаб Бурхони ҷавонро водор намуд, ки дар хамон айёми басо сахти зиндагӣ таҳсилро идома диҳад. Вай мактаби миёнаро дар маркази хамонвактайи нохия-дехаи Мадрушкат ба поён бурд ва дар соли 1957 ба факултети таъриху филологияи Донишгохи давлатии миллии Тоҷикистон дохил гардид. Лозим ба ёдоварист, ки он айём чунин иқболи баланд аз миёни даҳҳо ҳамдехагонаш танхо ба ӯ муяссар гардид. То мухоҷирати кӯхистониён ба дашти Дилварзин таҳсил дар мактабҳои олӣ барои ҷавонони он айём кори сахлу осоне набуд.
Мо саргузашти солхои донишҷӯии Бурхон Ғаниро аз забони ҳамсолону ҳамсабақони соҳибноми ӯ, устодон Мехмон Бахтӣ, Сорбон, Усмон Назир, Нурмуҳаммади Табарӣ, Шоҳму-заффар Ёдгорй, Ғуломҳакдар Муродалиев ва дигарон ҳанӯз мешунавем ва ҳамагон наҷобат, фурӯтанӣ ва истеъдоди баланди ӯро дар офари-ниши асархои баландмазмуни ҳаҷвӣ ситоиш мекунадд. Воқеан, Бурҳон Ғанӣ аз он зумра соҳибкаламоне буд, ки ба падидаҳои номахпуби ҷомиьа, амсоли бюрократӣ, ришвахорӣ, тороҷи молу амволи давлатӣ ва амсоли ин муборизаи оштинопазир мебурд. Дар сах^фаҳои маҷаллаи бо нуфузи ҷумхурӣ — «Хорпуштак», ки чандин сол корманди он буд, ҳикояву фелетонҳои тезу тундаш ба нашр мерасиданд. Аз устодоне чун Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯхзод, Самад Ғанӣ, Ҳоҷй Содиқ, Басир Расо сабаки нависан-дагй меомӯхт ва махорати ҳаҷвнигорияш зина ба зина боло мерафт.

Дар соли 1973 аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои Бурхон Ғанӣ тахти унвони «Хушомадгуёнро азиз доред» аз сӯи нашриёти «Ирфон» бо теъдоди ҳафт ҳазор нусха ба нашр расид, ки онро мухли-сони осораш бо муҳаббат пазируфтанд. Ба ин маҷмӯа нависандаи соҳибноми тоҷик, устод Фазлиддин Муҳаммадиев сарсухани муфассале навишта, зухури як истеъдоди тобнокро дар адабиёти муос^фи мо табрику таҳният гуфтанд. Устод ба мухлисони қалами Бурҳон Ғанӣ бо сатрҳои зер муроҷиат намуданд: «Ҳангоми сайри сахифоти китоб Шумо хохед дид, ки Бурхон Ғанӣ дар таълифи хикоёти ҳаҷвӣ сабки хосе пайдо карда, доираи мавзӯъхои худро муайян намуда-аст; ҳатто метавон гуфт, як қатор симоҳое офаридааст, ки силсилаи образхои хаҷвии жанри хджоёти хачвиамонро идома медихднд».
Бо дуои устодони калом ӯ дар роҳи пурпечуто-би адабиёт устувортар қадам ниҳод. Мачмӯахои дигари Бурҳон Ғанй «Аз хдр кала як садо» («Ирфон», 1982) ва «Хеши падарй» («Адиб», 1988), ки намунаи беҳтарин ҳикоя, эссе ва фелетону панфлетҳои адибро дарбар доштақд, бо истикболи гарми хонандагону дӯстдорони осораш мувочех гардиданд.
Дар дебочаи маҷмӯаи ӯ «Аз ҳар кала як садо» комилан дуруст зикр ёфтааст, ки хачв инъикоси хулку одоб, шуғлу пеша ва оинадори рафтору кирдори бани одамист. Ҳаҷвнигорон амсоли Бурхон Ғанӣ бо нияте хома меронанд, ки дар беҳбуди ҷомиъа ва ҷихати рушду камоли он саҳм гузоранд. Бурҳон Ғанй дар осори хеш ин масъу-лиятро бо тамоми хастӣ эхеос кард. Ӯ душмани оштинопазири хдма гуна падидаҳои манфй буд ва дар ин набард қалами тавонояш чун шамшери бурро хидмати босазое ба чо овард.

Порае аз умри ҷавони ӯ дар сафар сипарӣ гардид. Дар солхои 1973-1976 дар кишвари дӯст ва бародари Афгонистон бар ҳайси тарчумон ифои вазифа намуд. Бурхои Ғанӣ дар он айём низ қалами нависандагиро канор нагузошт: хикоя-ҳои хаҷвӣ ва фелетону панфлетҳояш дар саҳифа-ҳои матбуоти тоҷик пайваста ба нашр мерасид, дар барномаҳои телевизион ва радио ширкати фаъол дошт, барои ширинкорону хунарпешагони мумтозе чун Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (равонашон шод бод) саҳначахои дилпазири танзй менавишт.
Лозим ба ёдоварист, ки намунахои ҷолибе аз хикояҳои Бурҳон Ғанй дар маҷаллаҳои Руссия, Украина ва Ӯзбекистон ба нашр расидаадд ва силсилае аз осораш ба забонҳои чехй, лаҳистонӣ, моддовй, олмонй ва гайра тарчума шудаанд Дар бойгонии адиб роман, қисса ва хикояхое маҳфу-занд, ки ханӯз ба нашр нарасидаанд. Мо умед бар он дорем, ки дар хдмдастӣ бо ахли қалам ва дӯстону дӯстдорони осори Бурҳон Ғанй навиш-таҳои бикру дастнахурдааш умри дубора хохднд дид.
Бурҳон Ғанӣ дар айни камолоти эчодӣ, 30-декабри соли 1992 ҷаҳонро падруд гуфт, ёду хотираи ӯ дар дили аҳли сухан ва хамаи алока-мандони осораш зиндаву пойдор хоҳад монд.