27.04.2018

Хушгуиҳо

Абдумалик ЗУҲУРӢ, Адиб

ХӮШАЕ АЗ ЗАРОФАТҲОИ ҲАҶВНИГОРИ МАЪРУФ ШОДРАВОН БУРҲОН ҒАНӢ
(Ба истиқболи 80-солагии устод Бурҳон Ғанӣ)

Дар универмаг чашм ба кулоҳи чангзеркардаи овезон дӯхта, аз фурӯшанда пурсиданд:
— Кулоҳ бо чангаш чанд пул?
Дар лабони ҳозирин табассӯм дамид. Фурӯшанда андаке сурх шуда, кулоҳи пурчангро аз витрина гирифт.

***

Гӯштфурӯшеро хоҳиш карданд, ки гӯшти мантубоб диҳад. Баъди чандин бор баланд шудани ҷарангоси бархӯрдани табар ба устухон, ниҳоят гӯштро ба дасташон дод. Ҳангоми бадар рафтани Бурҳон Ғанӣ, овози фурӯшанда баланд шуд:
— Ако, 10 сӯм зиёд додед.
— Майлаш, додар пули шикастани табар.

***

Устоди донишгоҳ духтари вазирро,ки ба дарс дер омада буд, сарзаниш мекард:
— Шумо эркаҳо бе мошин ба дарс намеоед. Аз куҷо “Волга” ёфта барои барвақт омадани шумо фиристам?
Ҳамин лаҳза Саидбурҳон аз дар даромаданд ва гуфтанд:
— Мана, ман бе мошин умадам, муаллим. Дарс бо ханда оғоз шуд.

***

Дар имтиҳони қабул ба донишгоҳ аз фанни таърих, баъди ҷавоб додан ба саволҳои билет, ба Саидбурҳон саволи иловагӣ доданд:
— Бигӯед, ки Пётри Кабир кай ба дунё омад?
— Наузамбиллоҳ, соли таваллуди падари худама аниқ намедунам…

***

Муаллими тоссаре,ки аз шевашиносӣ дарс мегуфт баъди пурсидани якчанд нафар ба Бурҳон Ғанӣ рӯй овард:
— Бурҳонҷон ту намояндаи саргаҳи Зарафшон, дар маҳалҳои шумо кафлесро чӣ тур ном мебаранд,
кафлес ё калфес?
— Калпес.

***

Устоди донишгоҳ чунин суол матраҳ кард: — — Кӣ аз Устод Лоҳутӣ байт мехонад?
Бурҳон Ғанӣ даст бардошт ва хонд:
— Болшивекон омаданд,
Ҳалқа ба гӯшам заданд.

***

Навқаламе, ки ҳеҷ гоҳ қалам ба даст нагирифта буд, аз Бурҳон Ғанӣ хоҳиш кард:
— Ако бароям ягон тахаллус ёбед, ман шоир шуданӣ.
-Шумо ҷавони маҳину хандонрӯ, ба шумо тахаллуси “ Нозукӣ” мезебад.

***

Саидбурҳон боре ҳикоя карданд, ки бо як шиноси бо карру фарам вохӯрда, дар куҷо кор карданашро пурсидам. Ҳамин қадар зам, зам, зам гуфт,ки дамаш гашт. Маълум шуд ,ки дар кадом шуъбаи вазорати нақлиёт кор мекардааст.

***

Рашидҷон ном дӯсте доштанд. Ӯ дар чойхона ба соиле як помидор дароз карда, таъкид мекунад:
— Ҳаминро гиру то шаба, кайф карда, маишат карда, хӯрда гард. Харбузаро коса намуда, ҳамроҳи дӯстон мехӯранд. Сипас Рашидҷон ба тарошидану харошидани он шурӯъ мекунад. Саидбурҳон мегӯянд: — Бас будагист Рашидҷон, ҳамиқа харошидиш,ки капировка шуд.

***

Донишҷӯе дар чойхона ба шишаи қаймоқ нон зада мехӯрд. Саидбурҳон шитоб доштанду донишҷӯ аз шиша ҷудо шудан намехост. Хоҳишаш ин буд, ки охирин қатраҳои қаймоқро аз шиша берун кашида хӯрад. Саидбурҳон бо табассум гӯфтанд: — — —Афсӯс,ки шишаи қаймоқа монанди халтаи чака чапа кардан намешад.

***

Дар деҳа таги чормағзи бобоӣ қарор доштанд. Муллоаҳмад пурсиданд:
—Саидбурҳон, хешҳо аз ҳамин чормағз барои шумо ҳам мефиристанд?
– Не, ако.
— Барои чӣ?
— Дар даруни қуттии посилка тириқ – тириқ мекардааст.

***

Дафтари кории устод Мирзо Турсунзода. Як гурӯҳи адибон оид ба мушкилоти замони ҷанги Гирмон дар ақибгоҳ, сӯҳбат доранд. Басир Расо: — Мушкил буд. Ҳама чиз барои фронт. Хӯроквориву пӯшокворӣ, то дастпӯшаку ҷуроб бофта ба ҷабҳа роҳи мекарданд. Рӯзҳое буд, ки одамон ба як панҷа тутмавиз ва ё дигар меваи қоқ қаноат мекарданд.
Қутбӣ Киром. – Дар қаламрави мо ҳам одамон аз року торону меваҳо истифода мекарданд.
Фазлиддин Муҳаммадиев. – Дар шаҳрҳо аҳвол аз ин ҳам вазнинтар буд.
Бурҳон Ғанӣ сукут ихтиёр карда буд. Нохост Устод Турсунзода пурсиданд:
— Саидбурҳон, дар саргаҳи Зарафшон чӣ ҳолат буд?
— Напурсед муаллим. Дар Масчо солҳои ҷанги Гирмон мардума зӯр умад ширбиринҷа хӯрданд.

***

Дар зодгоҳ ба ҳамсабақи муштзӯре сӯҳбат доштанд. Ба суоли ӯ, дар пойтахт чӣ навигариҳо, ин тавр посух доданд:
— Баъди аз шаҳр рафтани шумо, дар нақлиёти шаҳрӣ дигар тугмаи кандашудагӣ намебинем.

***

Дар назди меҳмонхонаи “ Вахш “ ду нафар суҳбат мекарданд. Саидбурҳон ҳарду нафарро,ки аз музофот омада буданд, шинохтанд. Аввали марди 50-55-солаи сурхинарӯи тоқипӯш,ки мӯйлаби берабташ барои ба назари бинанда аз будаш хурд намудани бинии бузургаш хизмат мекард. Дувуми марди олуфтаи зиёинамо буд. Саидбурҳон дасти аввалиро сар надода, аз ӯ аҳволпурсӣ мекарданд. Зиёинамо ба озору гила даромад.
— Бурҳон барои чӣ ба ман салом намекунӣ?
— Мебахшӣ, дар сояи бинии ако туро надидам.