ГАП ДАР САРИ СУРАТ НАБУДААСТ

Фельетонро хонда, ба қахрамононаш нафратам омад. Қаҳру ғазабам ҳанӯз паст нашуда, занги дар баланд шуд. Дарро кушода бинам, ҳамсояи ботадбир ва бомар- табаамон Саид Баёнов.

Ассалому алейкум, офтоб аз куҷо баромад. Саид Баёнов? Хуш омаданд, биёянд, биёянд,— он касро хуш- боши намуда, ба курсй шинондам.

— Ҳа, аҳвол читу?—савол кард ӯ,— о ҳеҷ даракатон не-ку… Аз зиқӣ қариб торс кафида будам-е. Чӣ хабарҳои нав?

—  Ҳеҷ гап не, як фельетонро хонда, зиқ шуда шишта будам.

—   Канӣ, канӣ, чӣ хел фельетон будааст? Дар бораи кадом қаҳрамон будааст?— савол кард Саид Баёнов.

—  Вай гуфтагии шумо очерк,— гуфтам ман.— Дар бораи пешқадамон очерк менависанду дар бораи дуздону ҳаромкорон фельетон.

—   Ҳамту гӯед,— сар ҷунбонд Саид Баёнов,— фельетонаш дар бораи пешқадамон гуфтед?

—   Не, очеркаш,— таъкид кардам ман.

—  Хӯш, набошад, вай фельетонро қисса кунед,— хоҳиш намуд Саид Баёнов.— Канӣ бинем, дар фелье- тон оиди дузд чӣ навиштаанд?

—   Навиштаанд, ки як аҳмақ ба боварии одамони масъул даромада, пулу моли давлатро тороҷ кардааст,— гап сар кардам ман.

—  Оббо, бадбахте,— овоз баровард Саид Баёнов,— баъд чӣ?

—   Баъд, аз ҳисоби даромади муфт ба домоду ба чор писараш хонаҳои дакадангу мошинаҳои сабукрав харидааст.

—   Бай-бай, чиҳо кардааст-а,— ба шӯр омад Саид Баёнов.

—   Ин ҳоло кам,— гуфтам ман нафасамро рост карда.

—  Лаббай? Кам гуфтед?— ба воҳима афтод Саид Баёнов.

—   Боз аз ҳисоби пули давлат гӯри худро пешакӣ кофта, атрофашро панҷара гирифта боғу гулу гулзор кардааст. Ҳамчунон барои болои гӯраш як санги калони чоркунҷаи мармарин фармудааст.

—  Ҳай-ҳай,—дар ҳайрат монд Саид Баёнов,—рӯзи маргашро пешакӣ медонистааст-дия. Лаббай?

—   Шояд,— гуфтам ман ва илова кардам,—Ғайр аз ин аз хонааш сад ҳазор заёми сефоиза ва дусад тӯп либосвориҳои қимат ёфтаанд.

—  Э, не-е!— аз ҷояш нимхез шуд Саид Баёнов.

—  Ҳа, ҳамин тавр,— гуфтам ман.— Ғайр аз ин боз панҷ мошини сабукрави дигар ҳам доштаасту ба номи хешу ошноҳояш мӯҳру васиқа карда будааст.

—   Вой, вой…— ба сарҷунбонӣ фаромад Саид Баёнов.

—   Ангуштарину ҳалқаҳои тиллоии занаш аз ду ки- ло ҳам зиёд будаанд,— гуфтам ман.— Аз як худи пальто бист навъ, плаш сӣ навъ, туфли сию ду навъ, куртаву гарданбанд ва телпакаш беҳисоб.

—   Оббо, шайтоне,— гуфт Саид Баёнов.— Бутун балоча будааст.

—   Баъд балоча ба даст афтод,— гуфтам ман.— Ба даст афтода, боз шарт мондааст, ки агар вайро аз об хушк бароранд, сад ҳазор сӯми шараккосӣ медиҳад.

—  Ҳамту-я… баъд чанд сол доданд?— савол кард Саид Баёнов.

—  Даҳ сол,— гуфтам ман бо тантана.

—   Хайр, чӣ? Агар ҳамон сад ҳазорро ба ман медод, рафта ба ҷояш даҳ сол неву понздаҳ сол хоб мекардам,— намуди чиддӣ гирифт Саид Баёнов.— Баъди понздаҳ сол омада кайф карда мегаштам.

Ман қабл аз ин ба ҳамаи одамони хушсурату хушлибос боварӣ доштам. Акнун ҳамааш барбод рафт.