ДӮСТОН

Бемор шудани Сироҷиддин ҳамаро ба ташвиш мононд. Аҳлиддину Камол ин хабарро шунида нимишабӣ ба аёдаташ омаданд. Сироҷиддин оҳуи тир хӯрдагӣ барин нолиш мекард. Аҳлиддин худашро ба паҳлӯи бистари бемор партофта, ба гирья даромад.

—  Ман гуфта будам, ки сари шумо ҳеҷ гоҳ дард намекунад,— гуфт оби дидагонашро пок карда.

Камол лаби поёнашро зери дандонҳояш бурда мехоид. Ба назари ӯ, баробари аз олам гузаштани Сироҷиддин ҳамаи буду набудаш низ меравад. Аҳлиддин пои беморро молиш дода, аз гарм буданашон умедвории калон дошт. Дар чашмони Сироҷиддин нури зиндагӣ қариб намонда буд. Лабҳои хушку парсинбастааш низ чандон фоли нек надошт. Ҳамсари бемор Бибиробиа гӯё умеди худро аз зиндагии шавҳараш канда буд, ки хеле маҳзун ва ошуфтахотир менамуд.

Субҳи содиқ надамида аккоси саги соҳибхона баланд шуд. Ду савора ба паси дарвоза расида, овоз бароварданд. Ҳамсари Сироҷиддин дарвозаро боз кардан баробар ба маҳоли гирья гап задани якеро шунида, ба сари кӯча баромад. Ин ду савора аз деҳаи дурдаст — Зайниддин ва Шодмонхӯҷа буданд.

—Ҳоли бемор читу?— бо талвоса савол кард Шодмонхуҷа.— Хабари бемории бародарамонро шунида, тамоми шаб роҳ гаштем.

—    Ҳамту ҳастанд-дия,— дилтангӣ намуд Бибиробиа,— рузи чорум аст, ки об аз гулӯяшон намегузарад.

—   Воҳ, рӯям сиёҳ шуд?,— ғурунгид Шодмонхӯҷа ва сарнухтаи аспро ба сутун нимгиреҳ карда, ба тарафи ҷои хоби бемор тохт.

Зайниддин аз шиддати ҳаяҷон карахт шуда, ашки ҳалқазадаи чашмонаш кайҳо хушк шуда буд. Аз чӣ бошад, ки ӯ худро маломат мекард. «Ҷазои ту барин одами соддалавҳ ҳамин!» мегуфт зери лаб.

Шодмонхӯҷа сари Сироҷиддинро каме баланд карда, ба ҳолу аҳволпурсӣ даромад. Сироҷиддин ҳарфе назада, сарашро меҷунбонд. Чунин вазъияти бемор ҳозиронро боз ҷигархун мекард. Дили Аҳлиддин бухс кард ва кариб буд, ки бо овози баланд «ҳой марги бемаҳал» гӯён, фиғону нола кунад. Шодмонхӯҷа гурдакафшудаги барин дигар ёроӣ гап задан надошт. Ин ҳолат дили ҳамсари Сироҷиддинро боз ҳам гандатар кард: Зайниддин худро даст гириифта, мотамзадаҳо барин дам ба дам сукут мекард. Ӯ ҳамаро аз тақдири пешона медонист. «Бе қудрати Вай барг нарезад зи дарахт», мегуфт худ ба худ.

Чашми рӯз накафида, боз чанд беморбинӣ дигар омаданд. Яке аз онҳо, ки Мавлон ном дошт, оби дидаашро нигоҳ дошта натавонист. Вай «мурдани ман ҳам яқин», гӯён, моргазида барин печутоб мехӯрд. Беморбини дигар Юсуфбек мӯйлабашро зери дандонҳои пешаш бурда, бошавқ мехоид.

—   Худатонро суст напартоед, мо ҳам мурдем-ку,— гуфт Шодмонхӯҷа фукашро ба фуки бемор расонда,— одам гуфтагӣ, ин қадар бетоқат иамешавад.

Сироҷиддин лабашро ба табассум моил карда, боз чашм пӯшид.

—   Ваҳ, умеди мо ин набуд-ку,— гуфт Аҳлиддин бо овози ларзон ба бистар наздик омада.— Аз барои Худо чашматонро кушоед, ки мемурам.

—   Ҳой, бародарҳо, дилтангӣ накунед,— овоз баровард хеши бемор Мирзобадал,— Худо бандаашро ришта барин борик мекунаду канда не. Аз нафаси набаромада, умед ҳаст. Сироҷиддини хеши мо хамин хел як одами нозуки ба дард тоб намеовардагӣ. Ин кас даҳ сол пештар хешу таборро ҳамин хел тарсонда гурдакаф карда буданд. Кӣ медонад, шояд…

Шодмонхуҷа ҳеҷ тасалло наёфта, аз рӯи бемор чашм намеканд. У хаёл мекард, ки бемори аз олам рафтаистода, рӯи чанде аз беморбинҳоро дар он дуньё ҳам ди дан намехоҳад. Ҳамчунон тасаввур мекунад, ки гӯё Сироҷиддин ҷони чандин касони наздикашро аз тан ҷудо намуда, бо худ мебарад, ки имрӯз ҳама дар интизори аз марг наҷот ёфтани ӯянд. Аҳлиддину Зайниддин сукут карда, оби даҳонашонро фурӯ бурда менишастанд. Гумон мерафт, ки дуи онҳо ба Сироҷиддин аллакай хайру маъзур намуда, худро ба камақлию камтаҷрибагӣ сарзаниш мекунанд.

—  Афсӯс, ҳар чи ки доштам, аз даст рафт,— мегуфт Аҳлиддин бинӣ кашида.

Ҳамин дам доду фарьёди Бибиробиа баланд шуд.

—   Оҳ, чаро ба мурдан тан додед, мардаке,— овоз баровард ӯ.

—  Ҳой, лаънатӣ! Мон, ки ҷони мардак бо осонӣ барояд,— гуфтани Мирзобадали аммабачаи Сироҷиддин ба гӯш расиду дасту пои беморбинҳо сусту суст шуд.

Чанд кас Бибиробиаро ба як тараф кашида бурданду бемор як чашм кушода «оби хунук» гӯён, боз чашм пушид.

—  Об, об!— фарьёд зад Шодмонхӯҷа дар ҷояш рақс карда — об биёред, об! об!

Ин гап мисли он ки ба равзани хонаи торик равшанӣ даромада бошад, дили чанд касро боғ-боғ кушод.

—Об биёред, об!—гуфт Аҳлиддин сарашро якбора бардошта.

Сироҷиддин як пиёла обро дам кашида, чашмонашро кушод.

—   Э, маро бутун заҳракаф кардед, бародар,— гуфт Шодмонхӯҷа,— чашматонро кушоед. Ҳама мурда халос шудем-ку.

Вазъияти бемор беҳтар шуд. Вай як пиёла ширро ҳам дам кашида, ба лӯлаболиштҳо такья намуд.

Ин ҳолат занги дили даҳҳо беморбинони аз деҳаҳои дуру наздик омадаро ба якбора шуста партофт. Чашмони фурӯрафтаи Зайниддину Шодмонхӯҷа гӯё аз нав нур гирифтанд. Самади беморбин, ки ду шабу ду рӯз боз беқарорӣ мекард, ақнун каме осуда шуд.

Акнун беморбинҳо ба тарафи деҳаҳои худ роҳ гирифтанд. Боди саҳроӣ ба машомашон буи зиндагӣ, буи фараҳ ва шодмонӣ меовард.

—   Обло, сагпадар, қариб мемурду се ҳазор сумам сӯхта мерафт,— гуфт Аҳлиддин ба Шодмонхӯҷа дар роҳи бозгашт.

—   Аз ман ҳам,— гуфт Шодмонхӯҷа,— аз тарс қариб буд, ки гурдакаф шавам.

Беморбинҳои дигар низ дар ҳамин гуфтугузор буданд.