Пирамарди Ибодулло дар болои тагсинҷи ҳавлии куҳнасохти бобоияш нишаста, ба гӯшае чашм дӯхта, ғарқи дарьёи фикру андешаҳои худ буд. Ба назари бинанда чунин мерасид, ки ин мард аз умри барабасрафтаи худ изҳори пушаймонй мекунад.
Воқеан, ҳамсари пирамард—Бибисанам ин манзараро аз паси тирезаи ошхона мушоҳида намуда, худ ба худ мегуфт: «Дареғо, ба ин пирамард чӣ шуда бошад? Чаро ӯ ғамгину парешонҳол? Магар ба вай мусибате рӯй додаасту аз ман пинҳон медорад? ё пирӣ ба ӯ асар кардаасту ҷавонияшро ба хотир оварда, ғусса мехӯрад? Не, ман бояд ба ғаму ғуссаи ӯ шарик бошам?»
Пиразан ба паси шишаи тиреза наздиктар омада, ба ожангҳои ҷабини пирамард дурустакак зеҳн монд: Ӯ чашмони хираи худро аз гӯшаи номаълум намеканд.
Аз ин ру, пиразане ки ҳамеша розгӯю роздони шавҳараш дар зиндагӣ буд, худ ба худ ба гап даромад: «Зиндаги-дия. Шояд кораш барор нагирифтааст. Кори ҷаллоби ҳамии. Ҷонат ҳамеша дар кафи даст. Сад бор гуфтам, ки «ҳой мардак, акнун пир шудӣ, ҷаллобиро бас кун, ҳеҷ ба гапам надаромад. Тарки одат амри махол, гуфтаанд, рост. Мана, оқибати фиребгарӣ. Шиносҳояш Ҳам дасташ нагирифтанд, магар. Як рӯз не, як рӯз ба даст меафтӣ. Баъд пушаймонӣ суд надорад».
Дили пиразан реш-реш шуд. Ашк дар чашмони фурурафтааш ҳалқа зад, вуҷудаш мисли ҳезуми тар сӯхтан гирифт. «Не, ман ин мардро ба ин ҳол намегузорам,— гуфт пиразан тобу тавонашро аз даст дода.—Аз ҳама беҳтараш, уро ба худ оварда, аҳволпурсиаш мекунам. Кадом ғам дар дилаш хона кардагӣ барин». Кани он даҳонкалонҳое, ки аз субҳ то бегоҳ шаробу кабоб хӯрда, мо ҳастем, мегуфтанд?»
Аз чашмони камнури пиразан чанд дона ашк шорида ожангҳои рухсораашро тар кард. Пирамард бошад ҳануз ҳам дар ҷои нишасташ наҷунбида, ба нуқтаи номаълуме чашм медӯхт. Ба назар чунин мерасад ки ӯ азоби афсонаи дӯзахро ба лавҳи хотир оварда, аз зиндаги дасту дил шустааст.
Косаи сабри пиразан лабрез шуд. Ӯ ҳамон дам хост ки ба руи ҳавли барояду ба шавҳари музтару ғамнокаш рӯ оварда, фарьёд занад: «Эй мардак, ба ту чӣ шуда аст? Гирифтори кадом мусибатӣ? Акнун аз ин дастаҳои пулу аз ин мошинат чӣ фоида? Дар зиндагӣ на ба хеш унс гирифтиву на ба бегона. Сад бор нагуфтам, ки рӯзи фотеҳаи амаки вай калон яктаяк гӯсфанд бар»
Гирья пиразанро сахт гулӯгир карду ба рӯи ҳавлӣ баромадан ҷуръат накард ва андешаи дигаре ба сараш омад: «Ёфтам, гуфт кампир худ ба худ, духтарамонро ба қарибӣ ба як ҷавон фотеҳа кардему пирамард, аз ду сар ғами тӯяшро мехӯрад? Ҳо, маърака кардан кори осон не. Ба мардум ҳазор кунӣ ҳам, боз кам мегӯянд.
Агар Худо маро ба ҳамин рӯз расонад, ба зани ҳамаашон пальтои белгиягӣ мехарам».
Пирамард каме хамьёза кашида, боз ба нуқтаи номаълум чашм дӯхт. Нигоҳи ӯ пур аз андешаҳои зиндагӣ буд. Ғаму андӯҳи ниҳонӣ гӯё пайкари лоғари пирамардро месӯзонд. Чунин аҳволи пирамард ҳамсарашро боз бештар ғамгин сохт. Аз ин рӯ, ба сараш фикри дигаре омаду худ ба худ ба гап даромад: «Магар таънаҳои дирузаи ҳамсоя аламашро тоза карданд? Бачамурда кори ту фақат хушомадгӯй»—гуфт. Вай ба ин гапҳо одат кардагӣ. Ҳазор бор косалесу муфтхӯр гӯӣ ҳам, як пул. Пас ин мард андӯҳи дигаре дорад. Мардак, ҳеҷ рӯҳафтода нашав! Як бор чашм кушода ба дӯсту душманат нигоҳ кун. Ту одами аноӣ не. Шукр пулу молат беҳисоб. Ҳама дар талоши онанд, ки давлату савлатат аз даст раваду як бор рӯзат ба маош монад. Илоҳо, хонаи бадхоҳон сузад. Не, мардак, ман туро танҳо намегузорам. Илоҳо рӯзи худашон ба маош мемонд… Туро намегузорам, ки…
Кампир инро гуфту аз ошпазхона бо шаст ба сари муйсафед омад ва бо гирьяи талх ба шавҳараш дарафтод.
— Ҳой мардак, чаро ғаму андӯҳатонро аз ман пинҳон медоред?! Охир, чашматонро боз карда…
Дафъ шав, лаънатӣ мушро гурезондӣ! дод зад пирамарди Ибодулло ва аз ҷояш бархоста, ба назди мушгираки назди сурохи кунҷи ҳавлӣ омад.