Хандаҳоям гиря дорад...

Ёддоштҳо

Аз рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳо
Перейти к Садбарг Ғанӣ: Бо ёди падарам

Садбарг Ғанӣ: Бо ёди падарам

Чеҳраи гарму самими, табассуми латифи падар дар лавҳи хотираҳоям якумри нақш бастаанд. Он кас ҳарчанд хушсухан, суҳбаторо ва хазлгуй буданд, аммо қиёфаи чидди, тамкин ва як нигоҳи басандаи аҷоиб доштанд, ки мо фарзандон хангоми хануз хурдакак будан, баробари дарки ин нигоҳи бомаънии эшон зуд ором мешудем.

Перейти к Басир Расо: Аз дида рафту ба дилхо монд

Басир Расо: Аз дида рафту ба дилхо монд

Солҳои шастуми асри гузашта мо хатмкунандагони Университети давлатӣ ҳар рӯзи истироҳат дар боғи марказии пойтахт мулоқот мекардем.

Перейти к Нурмуҳаммад Зуҳурӣ; Номаш як дунё буд

Нурмуҳаммад Зуҳурӣ; Номаш як дунё буд

Ташаккули шахсияти ҳар фард ба муҳите вобаста мебошад, ки айёми бачагию наврасиашро он ҷо пушти сар мекунад. Барои шахсиятҳои эҷодкор ин нуқта боз аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки баду неки ин дунёи пуртазодро маҳз зимни ин марҳала барои (нахустин бор ба мушоҳида мегиранд.

Перейти к Адаш Истад:Ёде аз Бурҳон Ғанӣ

Адаш Истад:Ёде аз Бурҳон Ғанӣ

Блоги Андеша ҷашни адиби ҳаҷвнигор шодравон Бурҳон Ғаниро хотиррасон намуда кори савобе кард. Камина чанд вақт бо ў ҳамкор будам. Ин он рўзҳое буд, ки Бурҳон Ғанӣ аз кор дар Афғонистон бозгашта омад ва ба сабаби банд шудани ҷои кори доимиаш дар маҷаллаи «Хорпуштак» ба мо – муҳаррирони Мудирияти радиои Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Дар ин ҷо адибон Маъруф Бобоҷон, Додоҷон Раҷабӣ ва камина кор мекардем.

Зодаи фасли гули зардолу

Зиндагинома
  • Нависандаи зарифтабъ, шодравон Бурҳон Ғанӣ зиндагиномаи худро ба таври фишӯрда ва он ҳам тибки истеъдоди хаҷву танзсароияш бо шӯхиву истеҳзо дар охирин маҷмӯаи хикояҳояш «Хеши падарӣ» (нашриёти «Адиб», 1988) ин тавр баён доштааст: «Рӯзи таваллуди ман ҳанӯз маълум нест. Баъзе одамони солхӯрда ва хеле табарруки деҳа рӯзи таваллуди маро ба рӯзи марги гови як ҳамдеҳаамон нисбат дода, сари занашро зада кафондани марди ҷохилеро ба он санаи таърихй илова мекунавд» (китоби зикршу-да, саҳ. 249). Оре, дар замири хар ҷумлае аз осори ин нависандаи кутаҳумр рамзу киноя ва таъбиру ибораҳои мармуз ва талху тунд ва дардолудро метавон дарк кард. Рохи зиндагии Бурҳон Ғанӣ чун аксари намояндагони илму адаб моломол аз пастиву баландиҳо будаасх Ба кавли эшон ӯ дар фасли гули зардолуи кӯҳистони Мастчоҳ, яъне 1 -мохи майи соли 1938 дар деҳаи Рогифи Кӯхистони Масчох, дар хонаводаи дехкон ба дунё омад. Дере нагузашта аз падар ва баъдан аз мухаббату ғамхории модар низ бенасиб моцд. Аммо зехни тез ва ишқу алоқа ба илму адаб Бурхони ҷавонро водор намуд, ки дар хамон айёми басо сахти зиндагӣ таҳсилро идома диҳад. Вай мактаби миёнаро дар маркази хамонвактайи нохия-дехаи Мадрушкат ба поён бурд ва дар соли 1957 ба факултети таъриху филологияи Донишгохи давлатии миллии Тоҷикистон дохил гардид. Лозим ба ёдоварист, ки он айём чунин иқболи баланд аз миёни даҳҳо ҳамдехагонаш танхо ба ӯ муяссар гардид. То мухоҷирати кӯхистониён ба дашти Дилварзин таҳсил дар мактабҳои олӣ барои ҷавонони он айём кори сахлу осоне набуд. Мо саргузашти солхои донишҷӯии Бурхон Ғаниро аз забони ҳамсолону ҳамсабақони соҳибноми ӯ, устодон Мехмон Бахтӣ, Сорбон, Усмон Назир, Нурмуҳаммади Табарӣ, Шоҳму-заффар Ёдгорй, Ғуломҳакдар Муродалиев ва дигарон ҳанӯз мешунавем ва ҳамагон наҷобат, фурӯтанӣ ва истеъдоди баланди ӯро дар офари-ниши асархои баландмазмуни ҳаҷвӣ ситоиш мекунадд. Воқеан, Бурҳон Ғанӣ аз он зумра соҳибкаламоне буд, ки ба падидаҳои номахпуби ҷомиьа, амсоли бюрократӣ, ришвахорӣ, тороҷи молу амволи давлатӣ ва амсоли ин муборизаи оштинопазир мебурд. Дар сах^фаҳои маҷаллаи бо нуфузи ҷумхурӣ - «Хорпуштак», ки чандин сол корманди он буд, ҳикояву фелетонҳои тезу тундаш ба нашр мерасиданд. Аз устодоне чун Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯхзод, Самад Ғанӣ, Ҳоҷй Содиқ, Басир Расо сабаки нависан-дагй меомӯхт ва махорати ҳаҷвнигорияш зина ба зина боло мерафт.

НУҚТАҲО

АЗ ҲАДИСИ ДУСТОН ВА УСТОДОН

Аз ашъор