АҲАМИЯТИ ДАНДОН

Бегоҳирӯзӣ. Мардум дар клуби колхоз ҷамъ омада, ба нутқи профессор дар мавзӯи «Аҳамияти дандон дар саломатии инсон» бодиққат гӯш медоданд.

— Рафиқон,— гуфт профессор,— рӯли дандон дар саломатӣ хеле калон аст. Сиҳатмандии тамоми аъзои хозима, ба хусус рӯда ва меъдаву кӯррӯда ба дандон зич алоқаманд мебошад. Уҳун-ӯҳун… Лекин мо, рафиқон, агар соддатар карда гӯем, ба дандонҳои худ хеле беэътиноӣ мекунем онҳоро сари вақт намешӯем — як, чормағз мешиканем — ду, латта медаронем — се донак мешиканем — чор,— ҳангоми ҷанҷол дасти  каси дигарро мегазем ва ғайраҳу…

Мардуме ки дар қатори пеш нишаста буданд, бештар ба дандонҳои худи профессор зеҳн монданд.

—   Чи хел дандонҳои зебо!— бо ҳавас гуфт яке — худи биринҷи девзира барин. Тавба, ягонтаашро кирм нахурдааст-е…

—Охир, усул ба дасти нақорачӣ-дия,— гуфт дигари,— Бояд дандони худи профессор намуна бошад

—Ман дар чаҳордасолагӣ аз дандон бенасиб шудам, гуфт як нафар ва даҳони ковокашро кушода решаи сиеҳшудаи дандонҳоро нишон дод,- Вақташ зӯрӣ нишондода мо бо дандон мехро кашида рост мекардем

—Ана ба падарат раҳмат,- тасдиқ кард марди ҳамшафати вай —имрӯз ҳам байни ҷавонҳои говзӯр расм шудааст, ки даҳони шишаи лимонадро бо корд ё чизи дигар неву бо дандон кушоянд. Гӯё ин як нишонаи ҷавонмарди ва паҳлавонӣ бошад

Дар он миён профессор суханашро давом медод-

—   Содда карда гӯем, дандони сиҳату зебо ба ҳусни кас ҳусн зам мекунад,—дар чеҳраи вай табассуми қалбаки давид — Ҳол он ки мову шумо маслиҳати духтурро ба инобат намегирем, аз хамири дандон истифода намекунем. Ҷавфи даҳонро пок нигоҳ намедорем Охир дар як милиграмм оби даҳони мо се миллиард микроб мавҷуд аст. Се миллиард-а!

— Дандонҳои профессор барф барин сафед,— пичиррос зад яке ба гӯши дигарӣ,—охир, мардуми оддй чиро мефаҳмад? Ҷояш ояд, мехи мӯзаашро ҳам бо дандон кашида мепартояд.Қанди зиёд хӯрдан ҳам аҷали дандон аст,— абрӯ дарҳам кашид щрофессор.— Мо ба бачаҳоямон меҳрубонӣ карда, кисаҳояшонро пур аз ширинӣ мекунем. Шоколадҳои қиматбаҳо медиҳем, то ки дигарон бачаи раису бригадир ва профессор буданашро шиносанд. Таҷриба нишон дод, ки мо калонсолон ҳам чойро бе қанд намехӯрем. Шиша барин конфетро мехоему аз сабзӣ ҳазар мекунем. Дам ба дам сигор дуд карда, боз аз болояш нос мекашем.

—  Профессор шудан кори осон не,— воҳима андохт, яке,— ин мардум ману ту барин аз паси гову гӯсола намегардаду ҳамеша китоб мехонад ё дандонашро бо меху сӯзан намекобад.

—   Аз гапҳои профессур бисёр чизҳоро фаҳмидем, — сар ҷунбонд марде,— ҳарчанд дигар даадони эҳтиёт мекардагӣ намондааст, бачаҳоро насиҳат мекунам, ки ҳар хел чизро бо дандон нашикананд.

— …Умедворам,— гуфт профессор,— минбаъд ба дандони сӯрохшудаатон носу намаку автолу солидол намонда, ба духтур муроҷиат менамоед. Дандони касалро сиҳат кардан хеле осон. Мо инро дар таҷрибаи шастсолаамон дида, санҷидаем ва умедворем, ки минбаъд ресмони даҳони халтаро ба дандон намекушоед, зеро дандон боигарии шумост…

Нутқи профессор дар ҳамин ҷо ба охир расид ва раиси маҷлис аз ҷояш бархоста, ба ҳозирон рӯ овард.

—  Саволҳо бошанд, марҳамат.

Як марди солхӯрда аз чояш бархоста, ба тарафи минбар омад.

— Як савол дорам,— гуфт муйсафед,— чаро дандонҳои худи шумо, акаи профессор, ин қадар солим мондаанд?

—  Саволи баҷо, яъне, маи дандонҳоямро ҳар бегоҳ аз сари шаб то ба саҳар, дар маҳлули спирти борний тар карда мемонам,-гуфт профессор ва коми резиниву дандонҳои сунъияшро аз даҳон бароварда намоиш дод.— Дидед, инҳо чӣ хел тоза?