ОРИЯТ

 

-Барои орияти дуньё шуда ҳамин Остонаро ба университет даровардан лозим!—хитоб кард амаки Остона, ба хешу табор, рӯ оварда.— Агар ҳамин сол ҳам Остонақул аз имтиҳон афтад, тамом! Медонед, пас мардум чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки мо, авлоди Нодириҳо, фақат даҳонкалонӣ мекардему бас!

Ин гап ҳисси авлодпарастии мо ҳозиронро якбора бедор намуду ҳама дар ҷои нишаст ба печутобхурӣ даромадем. Ростӣ, мо аз кӣ кам? Баъзеҳо барои баланд бардоштани мартабаю номи авлод чӣ корҳое намекунаад. Ин буд, ки тағои калонии Остонақул лаҷоми гапро ба даст гирифт.

-Ҳа, ман мехоҳам ҷиянам хонда, прокурор шаваду аламамро аз ҳамон кари Набӣ гирад,— оҳи сард кашид ӯ ва ҳисси бадбинию кинаву адоваташ ҳамоно шиддат гирифт:— Ё ана, Қодири биникалонро намегӯед. Раҳматии падари маро бадном кардагӣ бобои ҳамон. Монед, ҷиянам одам шуда, қасоси маро ба қиёмат намонад.

Хун дар раги дигарон ба ҷӯш омад. Азизмерган аз шиддати қаҳру ғазаб лаб мехоид.

-Остонақул коркуни БХСС шавад чӣ?— маслиҳати самимӣ дод вай,— мехоҳам, Остонақули мо ревизори зур шаваду ҳамин магазини амаки Ашӯрро як

чаппагардон кунад.

-Ман мехоҳам, ҷияни мо хонда коркуни савдо шавад,— гуфт тағоии хурдии Остонақул,— агар калиди магазини деҳаи худамонро гирад, корҳомон ванг мешавад…

-Кори савдо ҳоло мушкил шудагӣ,— гуфт амаки Остонақул,— мудир яктаву тафтишгар ҳазорта: БХСС меояд, як; милицияи участкавӣ чашм ало мекунад, ду;

ревизори худи район ҳуҷҷатҳоро бод медиҳад, се; худи раис меояд, чор; завторг меояд, панҷ; молшинос дӯғ мезанад, шаш; мудири база тамаъ мекунад, ҳафт…

Аз ин гап падари Остонакул, магар тарсид, ки ҳеҷ тоб наоварда, бо баҳонаи овардани чой берун баромад.

-Ростӣ, ҳама гап дар сари ихтисос,— сухан кард писари аммаи Остонақул Сайфиддин,— ин кор барои мо дӯстон имтиҳони бузург аст. Яъне, имтиҳони Остонақул имтиҳони ҳамаи мост. Ба назари ман, Остонакул оянда ҳуқуқшинос шавад, беҳтар. Агар хукукшинос шавад, чӣ навъе ки гуфтед, алами мову шуморо аз якта-нимта нотавонбинҳо мегирад.

Хеши дигари наздики Остонақул ҳамаи он нотавонбинҳоро пеши назар оварда, ду дандони боқимондаи пеши худро аз шиддати ғазаб ба ҳам соиш медод ва сарашро дам ба дам мечунбонд.

-Ҳо, қасоси моро аз ҳамон Ибодулло мегирифт, сарам ба осмом мерасиду беҳасрат мемурдам,— гуфт Саидбек,— вай касофат, медонед, дар ҳаққи ман чиҳо кард? Вақтҳои раиси комиссияи тафтишотии колхоз буданаш бист сотихи замини зиёдатиамро буридакӣ шуд. Ман ҳарчанд гуфтам, ки ин замин аз раҳматии бобоям мондагӣ ҳуҷчат надод.

-Оббо, лаънати-е,— тоб наовард падари Остонақул,— агар ман мебудам, дандонашро зада мешикастам.

-Ҳама гуфтаҳоятон дуруст, дӯстон,— боз гап гирифт амаки Остонақул.— Дӯст бошаду баорият бошад. Дӯсти беорият мисли алафи бебӯй аст. Имрӯз ин ҷияни мо мехоҳад ба мактаби олӣ дохил шавад. Бояд мо ёрии худро дареғ надорем.

-Гап дар сари ихтисос,— гуфт яке,— масъалаи ихтисосаш, ки ҳал шуд, баъд муаллимҳоро ёфта давутоз мекунем.

-Гапзанон кардани муаллимони таърих тани ман,— Даст ба сина зад як тағоии Остонақул,— як тағо ба чои ҳафт падар, гуфтаанд. Як моҳи истироҳатамро ба ҳамин кор мебахшам. Насиб бошад, хамаи корҳо панҷ мешавад.

-Ёфтани муаллимони дигар тани ман,— ваъда дод як амаки Остонақул.

* * *

Мо дӯстон барои орияти дуньё шуда, тамоми рухсатиамонро ба кофтукови муаллимон дар шаҳр сарф кардем. Вале Остонақул меҳнати моро тамоман барбод дод: «Маро хонадор кунед», гуфта аз баҳри хондан тамоман гузашт.