САЛОМИ ДӮСТӢ

Мирзоаҳмад кундаи ҳезумро майда карда, бисьёр мондаву лакот шуд ва арақи сару рӯяшро бо миёнбандаш пок карда, навакак ба гӯшаи кати чӯбини рӯи ҳавлӣ нашаста буд, ки касе дарвозаи дутабақаашро аз берун кӯфта, овоз баровард.
— Ҳой, акои Мирзоаҳмад, ҳой, акои Мирзоаҳмад!
Писари хурдии Мирзоаҳмад дарвозаро боз карду марди ношиносе дохили ҳавлӣ шуда, Мирзоаҳмадро дидан баробар мисли амакбачаи меҳрубон оғӯш кушода пеш омад. Оғӯшкуниву пурсупос қариб бист дақиқа давом кард. Он мард остонаи меҳмонхонаро пахш накарда, ба сари максад омад.
— Амаки Носир либосу афту андоматонро чунон дақиқ гуфтанд, ки ман шуморо дидан ҳамоно шинохтам,— гуфт меҳмон ва илова кард.— Амаки Носир бисьёр салом гуфтанд. Худашон ҳам омадамӣ буданду лекин тобашон якбора гурехта монд. Ҳамааш иллати пирӣ.
— Саломат бошед,— гуфт соҳибхона ва меҳмонро таклифи чой намуд.
— Ман чои шуморо хӯрдагӣ ҳисоб,— гуфт меҳмон бо оҳанги узрхоҳӣ,— ин хонаи нохӯрда нест. Саломат бошед.
Меҳмон рафту Мирзоаҳмад ба фикру андеша афтод. Ӯ рӯ-рӯи ҳавлияш оромона қадам зада, баъд аз дарвоза берун омад ва хост, ки як ба чойхонаи гузар рафта, ду-се пиёла чой нӯшида, мондагияшро барорад,
Ӯ як чойник чой гирифта, ба лаб бурда буд, ки як марди шинос ба тарафаш омада, салом дода, ба пурсупос даромад.
— Ҳа, гуфтагӣ барин ман аз як кас ба шумо саломҳои ниҳоят гарм овардам,— гуфт он марди шинос бо табассум,— ман дирӯз ба деҳаи Боло рафта будаму амаки Носир дуову салом гуфтанд.
— Бисьёр раҳмат,— изҳори миннатдорӣ намуд Мирзоаҳмад, худро даст гирифта,— саломатии мӯйсафед хуб аст? Хеле вақт шуд, ки он касро надидаам.
— Ҳа, аҳволашон хеле хуб,— гуфт он марди шинос,— агар саломатияшон каме хуб шавад, охири ҳамин ҳафта омада, аз аҳволи шумо хабар мегиранд. Ҳа, воқеан, дирӯз як кас хабари касалии шуморо бурду он жас қариб заҳракаф шуданд. Аз афташ, он кас ба шумо бисьёр эътиқоди зиёд доранд.
— Саломат бошанд,— гуфт Мирзоаҳмад бо як табассуми сохта,— ҳа, охир дуи мо мисли гӯшту нохун, гӯштро аз нохун ҷудо карда намашавад.
Он марди шинос ҳам баъди як ҳурт кардани пиёлаи чои сардшуда, хайру маъзур намуда рафт. Рафту Мирзоаҳмад боз ба хаёл афтод. Аз ким-кадом ҳиссиёти нохуши ботинӣ бадани лоғараш якбора тасфиду баъд ҷои онро арақи хунук фаро гирифт. Ӯ соатҳои дароз ғарқи фикру хаёл буд. Мехост, ҳамон лаҳза корро партофта ба деҳаи Носир амак равад, вале ҳоло наметавонист.
Ҳамин дам ду нафар марди ношиноси махсумҷон риштаи хаёлоти Мирзоаҳмадро буриданд Онҳо даставвал оғӯш кушода, аз рӯи фармудаи пирашон ҷисми лоғари Мирзоаҳмадро хуб ғиҷим карда, тоб дода, сиққонда, баъд дастони ӯро сахт-сахт афшонда, ба ҳолпурсӣ даромаданд.
— Хуби хуб сиҳатанд, аҳли аёл, ҳама тинҷӣ?—гуфт яке бо самимият,— мо ду рӯз боз нияти дидани шуморо доштем.
— Ҳа, насиб будаасту шуморо иттифоқо дида мондем, илова намуд дигарӣ,— ин гузари шумо бутун шаҳр шуда рафтааст.
— Саломатии амаки Носир читу?— пурсид Мирзоаҳмад аз ҳарду марди ношинос.
Аз ин пешгӯии Мирзоаҳмад он ду мард ҳайрон шуда, як ба рӯи якдигар нигоҳ карда монданд.
— Шумо дӯсти наздики Носир амак-дия,— гуфт яке,—дилатон огоҳӣ доду салом оварданамонро пешакӣ фаҳмидед.
— Ҳа,— илова намуд дигарӣ,— дили дӯстон бо як тори нозук пайвастаанд, ки аз фикру ақидаи якдигар пешакӣ огоҳ мешаванд. Воқеан, Носир амак гуфтанд, ки «Мирзоаҳмад саломат бошанд, шуд»
Баъди ин гуфтушуниду фикрҳои фалсафавӣ он ду нафар ҳам рафтанду табъи Мирзоаҳмад якбора хира
шуд. Вале вай илоҷе карда, худро даст гирифт ва кӯшиш намуд, ки то гузаштани тӯи арӯсии хоҳарзодааш табассум аз лабонаш канда нашавад ва ботинан ғуссахӯрдани ӯро касе пай набарад. Зеро меҳмон аз кори «пишакро пишт» гуфтани соҳибхона хафа мешудаасту Худо накарда, аз ғуссаи ботинии тағоии арӯс фаҳманд, тамом.
Баъди гузаштани тӯй дар деха як воқеаи нохуше руй дод. Яъне, модари 85-солаи агрономи колхоз аз ҳаёт чашм пӯшид. Дар ин рӯз тамоми духтару набераҳои кампир овоз андохта мегуфтанд:
— Оҳ, бибӣ, оҳ, бибӣ, чӣ шуд, ки аз ҳазор гулатон яктааш нашукуфта, меравед, бибӣ.
Ҳамаи занҳои деҳа ҳой, ҳой гирья мекарданд.
Пешинӣ, вақте ки ҷанозаро бардошта, ба гуристон мебурданд, як марди ношинос Мирзоаҳмадро нихта карда, «ман аз Деҳаи Боло, Носир амак ба шумо бисьёр салом гуфтанд» гӯён пичиррос зад. Мирзоаҳмад сарашро ҷунбонида, бо ишора изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳангоми ба болои гӯри кампир хок партофтан низ як кас белро аз дасти Мирзоаҳмад гирифта, бо овози паст «Носир-амак ба шумо салом гуфтанд» гуфта монд.
Дар ҳавлии Низомиддини ҳамсояи агроном чанд кас намоз истода буданду ду-се нафари дигар бо навбат чой мехӯрданд. Ҳамин вақт чашми Мирзоаҳмад ба мӯйсафеде афтод, ки ӯ «ассалому алейкум, раҳматулло» гӯён сарашро ба тарафи чал гардонид ва баробари Мирзоахмадро дидан «аз Носир амак ба шумо салом»- ро илова кард.
Мирзоаҳмад дигар тоб наоварда, ҳамон бегоҳӣ ба деҳаи ҳамсоя, ба ҳавлии Носир амак рафта, қарзашро адо намуда, боз шабона баргаигтанӣ шуд. Вале Носир амак Мирзоаҳмадро меҳмон карданй шуда, як тайлоқ кушт ва пагоҳӣ тамоми марду зани деҳаро даъват намуд.
Бегоҳӣ вақте ки савол карданд чаро шумо барои
овардани панҷоҳ сӯм пули қарзатон ин қадар хароҷот кардед?
— Гап дар сари пул не,— гуфт Нооир амак,— гап дар сари он аст, ки Мирзоаҳмад маро аз як ғаму ғуссаи бузург озод намуд. Дигар фикр намекунам, ки фалонӣ пули қарзамро медода бошад, ё не? Маро табрик кунед, ки ҳаётан осуда шудам.

* * *

Ин насиҳати Носир амак ба мардуми деҳа чунон таъсир кардааст, ки ҳоло бародар ба бародар ҳам пули қарз намедиҳад.