САРДОР БУДАН МУШКИЛ

Хушбахтона, ман сардори идора таъин шудам… Шумо нағзакак медонед, ки ҳар сардор усули, яъне методи кори худашро дорад. Аз он ҷумла ман ҳам. Ростӣ, таъриф нашавад, ман дар кори роҳбарӣ ба ҳеҷ сардор тақлид намекунам. Тақлид марги истеъдод аст, мегӯянд. Мана, сардори нав Калон Салимович ба сардори пештара Ибрат Иамозович тақлид карда, чӣ шуд? Оқубат кор ба ҷое расид, ки мошини сабукрави идораро ҳар коргар савор шуда, ба хонааш мерафтагӣ шуд. Е ана, Азизро гирем. Э, ин хел мисолҳо аз мӯи сар ҳам зиёд. Раҳматӣ бобокалонам насиҳат дода мегуфтанд, ки «зинҳор дар идора ба тобеонат табассум накун!».

Гӯё бобокалон дирӯз насиҳат карда бошанд, ки ҳанӯз ҳам овозашон дар гӯшам садо медиҳад: «Зинҳор табассум накун» Ана, ман ҳам мехоҳам, ба усули худам роҳбарӣ кунам. Аввал вазифаҳои худаму ду ҷонишин ва мудирони шуъбаҳоро муайян намудам. Инак, қабули гражданҳо ба ихтиёри ҷонишини якумам. Масъалаи сарфи пул ва имзои хуҷҷатҳо, иштирок ба баъзе маҷлисҳо, баромадҳо ва ғайра ҳам тани ҳамон. Назорат аз болои кори коргарон вазифаи ҳарду чонишин. Ҷонишини дуюм ба кори ҳар шӯъба назорат карда, ахборот медиҳад. Меҳмонҳои меомадаро қабул ва гусел менамояд. Ба кори иттифоқи касаба назорат мекунад ва ғайраву ғайрахо.

Кори мудирони шӯъбаҳо мяълум. Шӯъбаи кадрҳо бояд таҳти назорати ман бошад. Боз ин масъаларо дида мебароем. Масъалан мукофот ҳам мясъалаи осон не, бисьёор мураккаб. Мана, боз ташвиши дигар. Ҳамон якта путёвкаи барои курорт омадагиро тақсим кардан лозим: хоҳишмандон бисьёр. Ҳатто фаррош ҳам мехоҳад, ки ба курорт равад. Тавба! Ростӣ, аз ин кору ташвиш сарам бутун ба дард омад. Сардор будан кори осон не… бисьёр монда шудам, уфф… Ҳа, вокеан, ҳамин путёвкаро гирифта дамгирӣ рафтан даркор… Чӣ гуфтед? Хоҳиши коллектив ҳам ҳамин.

Бале, бз як путёвка тамоми коллектив метавонад дам гирад.