НАСИҲАТИ ПАДАРОНА

Чашмони Мазар аз насиҳати сардор лиққӣ об шу- данду гуфт:

—   Рост, гуфтед. Ман аҳмақ, ман хар!

—   Оббо, Назарчик, боз ҳушьёрхонаро зиёрат карда омадам, гӯед,— гуфт сардор аз коғази болои мизаш чашм наканда,— арвоҳ занад, шумоя. Маро пиру дардманд кардагӣ шумо. Агар ба сад даромада мурам ҳам, аз аламхои шумо додагӣ мемурам. Шумо мабодо боз хафа нашавед… Шумо хар, шумо саг…

Назар лола барин суп-сурх шуда, дар рӯ ба рӯи сардор мисли бачаи мактабхон лоубол шуда меистод.

—   Шукр, шароит нағз, хӯҷаин, чор тараф тӯю тамошо,— гуфт Назар гуноҳашро сабук карданӣ шуда,— агар нанушП рафиқо хафа мешаванд. Ҳамин дишаб ҳамаи мастию девонагиамон ба айби як меҳмони ҳан- гоматалаб шуд. Вай ҳар кас «як ш;иша коньяқро аз лабаш нахӯрад, занаш се талоқ», гӯён савганд дод хӯ- ҷаин, кори оиладорй ба худатон маълум. Дар вақташ ман…

—   Мефаҳмам, мефаҳмам, укаҷон,— боз гап гирифт сардор,— о, ман ба ту ҳазор бор гуфтам, ки нӯшидан кори одамҳои мард. Як нишонаи мардӣ ҳамин. Лекин ман ҳӯ гуфтам ку нӯшида тавонистан ловим. Аммо одати ту бист сол боз аст, ки ҳамин. Нӯшида худатро идора карда наметавонӣ. Мана, қандаша занад, Саттор пиён. Ду шиша мӯйсафедро худаш ба танҳой зада, боз ба кори идора меояд.

—   Дуруст гуфтед, хӯҷаин,— гуфт Назар,—Ман хар.

Арақро ҳар кас намебардоштааст. Агар набардорӣ, минбаъд мебардоранд.

Сардор гӯё маънии бикре шунида бошад, бо ҳаячон ба гап даромад.

—   Офарин, ӯка ана худат таги гапро фаҳмидӣ. Арақҷонро зада, ба хона рафта хаппакак хоб кун. Ана вай калли Салим ана ҳамин хел мекунад. Бинобар он дар як сол фақат 4-5 бор ба ҳушьёрхона афтодаасту халос. Масъулияти ману ту калон, ука. Ту ё каси дигар маст шавад ҳам бояд ҷавобашро ман гӯям. Қонун ҳамин. Ту ба келин моҷаро мекунию танқидаш барои ман.

—   Ҳа, масъулиятатон калон, хӯҷаин, мефаҳмам!— гуфт Назар бо сару гардани суп-сурх,— О, пахани мо-дия. Тарбиятгари мо.

—   Ана, ҳамин масъулиятро, ки донӣ, ба ҳар кас дастбагиребон нашав ин як,—гуфт сардор.— Дуюм ин ки аз хати кашидаи мо барин сардорҳо набаро. Агар баромадӣ, расво мешавӣ. Сеюмаш,— сабил монад, парешонхотирӣ…

Сардор инро гуфта, каме сукут намуд. Ба назараш гӯё боз як ҷавони худсарро ба роҳи рост дароварда, тарбия намудааст, ки сарашро баланд кард.

—  Хайр, хӯҷаин, акнун иҷозат диҳед, равам,— гуфт Назар,— ҳар чӣ гӯед ҳастам.

—   Ҳа, воқеан, Назарчик, раву лекин арақатро хӯр да ором гаштан гир,— боз таъкид намуд сардор.—И насиҳатҳои падаронаи маро фаромуш накун, ӯка. «Агар илоҷаш бошад, ягон масти бемаъниро дошта, бурда ба ҷояш супор».

—   Албатта, албатта хӯҷаин,— гуфт Назар ва оби даҳонашро ба зӯр ғундошта, аз кабинет баромад.

Бояд ҳар роҳбар ана хамин хел раҳмдилу меҳрубон бошад, аз дил гузаронд сардор ва он рӯзро бо хаёлҳои ширин бегоҳ кард.

Пагоҳи сардор ба кабинет даромада, ҳануз нафасашро рост накарда буд, ки Назар бо сари кафида аз дар даромада ҳамлаи аҳдшиканона намуд.

—   Ман онаи ту барин сардорро дод зад у,— ту гуфтӣ, ки ман арақ хӯрда боз ягон мастро назанам. Мана, оқибаташ… Маро заданд.

Сари маст зеби сила кардан надорад. Масте, ки сари дигаронро кафондааст, метавонад, шишаро ба сари насиҳатгари худ ҳам фурорад.