Н. Зуҳурӣ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Азиз Несин-танзнависи шинохтаи турк бо дарназардошти ин нукта, ки ҳаҷв вобаста аз вазъи ҷомеа, синфҳо ва мардум тағйир хоҳад ёфт, ба ин натиҷа мерасад, ки ҳанӯз донишмандону файласуфон дар мавриди он таърифи воҳидеро ироа надодаанд. Ба ин хотир гуна-гуна таърифҳоеро дар ихтиёр дорем ва ҳар кадоме аз онҳо ба навбаи худ қобили пазириш мебошад. Дар ин маврид як нукта бебаҳс боқӣ мемонад, ки ба натиҷаи ниҳоии ҳаҷв бастагӣ дорад, яъне эҷоди ҳатмии фазои ханда ё истеҳзо. Фақат сатҳу дараҷаи ин ханда аз ҳам тафовут карда метавонад: қоҳқоҳзанӣ, аз ханда рӯдаканшавӣ, то ҳадди халазании шикам хандидан, лабхандзанӣ ва ғайра.
Чунин ба назар мерасад, ки офаридани осори ҳаҷвӣ аз душвортарин корҳо ба ҳисоб меравад. Зеро шумораи қаламкашоне, ки умри гаронмояи хешро сирфан вақфи ин навъи фаъолият карда бошанд, ангуштшуморанд. Чун аксари кулли ҳаҷвнигорони даврони шуравӣ ва замони истиқлол ғолибан парвардагони матбуотанд, бо тақозои пешаи рӯзноманигорӣ онон ба сурати беш ё кам ба офариниши осори публитсистӣ ҳам даст бурдаанд, ё дар паҳнои адабиёт аз чаҳорчӯбаи ҳаҷв берунтар пой ниҳодаанд ва ё ин ки ҳаҷвнигорӣ пешаи аслиашон нест. Нақди адабии мо ҳам дар баррасии осори ҳаҷвӣ чандон ибтикору пуштикори қобили мулоҳизае аз худ буруз надодааст. Таври мисол, муҳаққиқи даврони шуравии рус Ю.Н. Борисов то ҳадде мӯшикофӣ дорад, ки таҳавуллоти Чатскийро аз як образи раддаи дуюму мусбии андак ғалатинамо (асари мазҳакавии «Дод аз дасти ақл»-и А.С. Грибоедов) то марзи дурахшиши он ба унвони образи раддаи аввалу комилан ҳаҷвӣ (дар осоре чун «Ҷанобони Молчалинҳо», «Ҷанобони тошкандӣ», «Мактубҳо ба холаҷон»-и М.Е. Салтиков- Шедрин) дунбол мекунад [23:75-88]. Ё ин ки М.Л. Семанова таъсиргузор будани нақши қалами М.Е. Салтыков Щедринро рӯйи осори ҳамоварди ҷавону муосираш В.А.Слепсов (ин ҳам дар заминаи ҳаҷв) ба мушоҳида мегирад[23:99-120]. Яъне дар нақди адабии рус давраю даҳсолаҳои муҷовир ба доираи баҳсу ғавр кашида мешаванд. Мутаассифона, ҳаҷви муосири мо аз чунин тарзи тааммулу дақиқнигарӣ ҳанӯз бенасиб аст. Мақолаи «Ҳаҷв»-и Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик (ҷилдиIII) аз баршумурдани номҳои ошное чун С.Айнӣ, А. Деҳотӣ, С. Ҷавҳаризода, Б. Раҳимзода, Р. Ҷалил, Ф. Муҳамадӣ, С.Ғанӣ, Ҳ. Содиқ фаротар намеравад [33:459]. Бо ин ки ҳар кадоме аз адибони номбурда нақши беш ё каме дар арсаи ҳаҷв гузоштаанд, вале сирфан ба ин бахши адабиёт напардохтаанд. Аз сӯи дигар, чунин ба назар мерасад, ки тақдири минбаъдаи ҳаҷв гӯё ба ҳеҷ кас зарур нест…
Адабиёти муосири тоҷик дар паҳнои ҳаҷв ба ҷуз адибони баруманди ёдшуда номҳои П. Сулаймонӣ, С.Ализода, А.Ҳамдӣ, А. Мунзим, Б. Азизӣ, Ҳ. Аҳрорӣ, Б. Ҳоҷӣ, М.Ҳайдаршо, Б. Файзуллоев, А.Қаҳҳорӣ, М.Маҳмуд, Д. Эгамов, А. Маҳмадшоҳ, М. Файзалӣ, И.Холназар, Н. Шоҳинбод, Б. Ҷумъа, Г. Сафар, С.Мусо, Ҳ. Назаралӣ, С.Зардон, М. Азизӣ, С. Ҳалимӣ, С. Ҳасан ва дигаронро сабт кардааст. Дар ин миён Бурҳон Ғанӣ аз зумраи маҳдуду маъдуд адибонест, ки шамъи зиндагии худро саропо вақфи ҳаҷв намуда, дар қаламраси матбуоту адабиёт танҳо бо ин андеша нафас задааст.
Ӯ тақрибан якуми майи соли 1938 дар деҳаи Рогифи Кӯҳистони Мастчоҳ дар хонаводаи деҳқон по ба арсаи вуҷуд ниҳодааст. Замони 5- сола буданаш аз сояи меҳру навозиши падар маҳрум мегардад. Модар ӯро ҳамроҳи хоҳару бародари калониаш ба зодбуми хеш – деҳаи Ревомутк назди падару модараш, яъне Боқимаҳмад ва Саодатбону мебарад, то ин ки пас аз муддати кӯтоҳе ин мояи раҳму шафқат худ низ ба ҷавори раҳмати ҳақ мепайвандад. Аз ин пас тарбияи се кӯдаки ятиммонда ба дӯши тағоҳояшон Усмонбек, Аминбеку Мирзосафар Боқиевҳо ва тағойии модариашон Муллоумар Ғаниев меафтад. Бурҳон Ғанӣ байни солҳои 1957 – 1962 дар донишгоҳ ба таҳсил мепардозад. Ва пас аз таҳсил тақрибан тамоми умр ба идораи маҷаллаи «Хорпуштак» содиқ мемонад. Рӯзи вафоташ низ дақиқ сабт наёфтааст: дар китоби «Адибони Тоҷикистон» 30 –юми декабр [2:155], вале ба қавли шоҳидони Айнӣ 29- уми декабри соли 1992 ин ҳодисаи андӯҳбор иттифоқ меафтад.
Тӯли фаъолияти эҷодияш мавсуф ба таълифи фелйетон, эпиграмма, шарж, рубоӣ, пародия, нақиза, ҳикоя, латифа ва ғайра даст зада, 4 маҷмӯаеро ба зевари табъ оростааст, ки табъи китоби чорумӣ ба сурати гулчин марҳуни ҳиммату лутфи ноширони Булғориё мебошад. Аз ҷумла, «Хушомадгӯёнро азиз доред!» (1973), «Аз ҳар калла як садо» (1977) ва «Хеши падарӣ» (1988) ба забони тоҷикӣ зери чоп рафтаанд, ки унвони ду китоби аввал дар ҷилди якуми «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» бо иштибоҳ дарҷ ёфтааст [32:305]: «Ҳар калларо як хаёл» (?), «Хеши падар»(?), 1987(?). Зимни бахши иловаҳо аз ҷилди 8-уми Энсиклопедияи советии тоҷик низ мақолае перомуни зиндагиномаю фаъолияти адабии ӯ ихтисос ёфтааст[34:527], ки дар мавриди ановину соли нашри осораш навоқиси нобахшуданиеро ба дунбол дорад: «Хушомадгӯёнро азиз доред!» (1977(?)), «Ҳар хел касро як хаёл (?) (1977(?)), «Аз ҳар калла як садо» (1982), «Хеши падар» (?) (1987 (?)). Аз ин миён унвону соли нашри маҷмӯаи дуюм боиси тааҷҷуб аст. Агар ин унвон ба ҳамон гулчине, ки бо забони булғорӣ зери чоп рафтааст, тааллуқ дошта бошад, маҷоле барои нуктагирӣ боқӣ намегузорад. Вале агар ин унвон ба иштибоҳ дарҷ ёфта бошад, кори нохубе пеш омадааст. Ҳанӯз замони барҳаёт будани мавсуф румоне ба сурати ҳикоя андар ҳикоя зери номи «Деҳаи бобом» ба нашриёт супурда шуда буд, ки то имрӯз дар интизори навбат аст. Сарнавишти қиссае аз таърихи зодгоҳаш ҳам то кунун норӯшан боқӣ мемонад. Пас аз даргузашти Бурҳон Ғанӣ навиштаи муштараке зери номи «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост» дар ҳамқаламӣ бо ҳамоварди ӯ Мирзо Файзалӣ рӯйи чопро дид.
Тавре ки қаблан ёдрас шудем, дар мавриди баррасии маҳсули қалами ҳаҷвнигорони мо, аз ҷумла Бурҳон Ғанӣ,- ба ҷуз ишораҳои кӯтоҳу[17:40] чанд тақриз [10:139-142; 27:129-131] ё зикри хайри ҳампешагону дӯстонаш [3;9;11;12;!3;14;15;16;18;19;20;26] чизи ҷолиби дигаре дар ихтиёр нест. Ба ин нукта худи ӯ борҳо ишора мефармуд. Чунончи, пас аз анҷоми кори яке аз анҷуманҳои адибон дӯсте бо шиква аз ӯ суол мекунад: «Чаро дар гузориши асосӣ номатро ба забон наоварданд?». ӯ, бе ин ки дар гуфтани посух диранге кунад, филфавр мегӯяд: «Ҳар ҷо ки таъбири «ва дигарон»-ро дидӣ, аз ҳамон ҷо номи маро ҷӯё шав!».
Аз миёни донишмандони мо танҳо М. Шукуров [28:82] дар мавриди нигоранда ҳусни ният нишон дода, чунин ибрози андеша мекунад: «Бурҳон Ғанӣ фаъолияти эҷодии худро асосан ба ҳаҷв бахшидааст ва ҷустуҷӯҳои ӯ дар ҳикояҳои хурди ҳаҷвӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ҷолиби диққат аст.
Такмили маҳорати Ӯ. Кӯҳзод, Б. Ғанӣ, Ф. Баҳодур барин нависандагон барои инкишофи минбаъдаи ҳикояи ҳаҷвӣ аҳамияти калон хоҳад дошт. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки нозуктар шудани назари онҳо, бурротар шудани қаламашон, қатъитар муайян гардидани мавқеи ғоявии ҳар кадомашон ҳаҷву мутоибаи тоҷикро ба як пояи нав боло хоҳад бурд».
Баъзе баррасию довариҳое, ки перомуни осори ӯ сурат гирифтаанд,, аз иғроқу ғаразҳо орӣ нестанд. Албатта, осори ҳеҷ адибе аз каму кост ва кӯтоҳиҳо мубарро буда наметавонад, зеро ба иштибоҳ роҳ додан хоси банӣ башар мебошад. Вале бо дарёфтани чанд нуктаи заъфу нақсбор ҳунару завқи адабиро нодида гирифтан аз рӯи инсоф нахоҳад буд. Ба гунаи мисол аз тақризи Шукури Ҷумъа [27:131], ки ба китоби «Хеши падарӣ» нигоштаааст, пораеро нақли қавл мекунем: «Дар ҳикояҳои Бурҳон Ғанӣ дар баробари ҷиҳатҳои хубу писандида тасвирҳои бепоя ва суханҳои сунъӣ низ ба чашм мехуранд(?).
Бо ин ҳама ҳаҷви Бурҳон Ғанӣ мисли тамоми ҳаҷви тоҷик, чунонки(?) боястӣ(?) буррою ҳадафгир ва тезутунд нест. Ҳикояҳои ӯ хеле камбағал(?) буда, дар онҳо фикрҳои тоза, ишораҳои нозук, кинояҳои обдор ва ғайра, ки ободии ҳаҷв аз онҳост(?) ба нудрат дучор меоянд. Муаллиф гоҳо дар таҳрири забони ҳикояҳояш чандон заҳмате накашидааст. Илова бар ин ӯ бештар ба нуқсонҳои шахсии одамон ва ҳадафҳои камарзиш эътибор дода, ба тасвири масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҷуръат накардааст».
Мо ҳеҷ гоҳ иддаои онро надорем, ки нигоштаҳои Бурҳон Ғанӣ саропо аз намунаи бориз ва бе каму костанд. Бадеҳист, ки онҳо аз лиҳози сабки нигориш, масъалагузорӣ, гиреҳгушоӣ, ҳаллу фасли мавзӯъ ва монанди инҳо бо мушкилоте рӯ ба рӯ мебошанд. Вале бо ин ҳол чунин қазовати хеле сатҳӣ ва бепояву бемояи муқарриз аслан қобили қабул нест. Поёнтар хоҳем дид, ки нависанда бо камоли завқу салиқа масъалаҳои доғу иҷтимоии рӯзгорашро ба доираи тасвир кашида, бо нештари ҳаҷв фасодро аз маддахонаи пилиштбор моҳирона берун меронад. Аз ҷониби дигар, пешрафту таҳаввули ҳаҷв ба сурати умум ва ҷанбаи иҷтимоии он хосатан мусталзими замина ва шароити вежае мебошад. Азиз Несин пас аз тааммули амиқ рӯйи мавзӯи шукуфоӣ ва рукуди ҳаҷви туркӣ ба ин натиҷа мерасад, ки эҳё ва гуволиши он маъмулан ба даврони тираву тори таърихи кишвараш тавъам будааст. Ва баръакс, мутаносибан бо оромиши нисбӣ ё ҷараёни муборизаи мусаллаҳонаю фаъоли мардум дар кишвараш, ҳаҷв ҷониби таназзул гироиш доштааст [22:14]. Агар аз ин зовия ба осори Бурҳон Ғанӣ дида дӯзем, ин нукта равшан хоҳад шуд, ки оғози фаъолияти эҷодии ӯ ба даврони нармишу гармоиши нисбие дар фазои сиёсӣ-иҷтимоии низоми вақти шуравӣ мусодиф афтодааст. Аз ин ба баъд фазои иҷтимоии кишвари Шуроҳо ором-ором ташаннуҷ ва шиддату ҳиддати пешинаи худро аз даст медиҳад. Табиист, ки дар чунин мавридҳо ҷанбаҳои дигари ҳаҷв, аз қабили маишӣ, мазҳабӣ, оккализионӣ бештар тавону нерӯ мегиранд. Ба ин далел, муқарриз пеш аз он ки ба чунин натиҷагирии ботил бирасад, чанд ҳикояеро ба унвони намунаи заиф бармешуморад ва рӯиҳамрафта ду ҳикояро батафсилтар зикр мекунад[27:131]. Чунончи, дар ҳикояи «Аҳамияти дандон» аз профессоре ёдоварӣ мешавад, ки перомуни арзиши дандон лексия мехонад, вале дандонҳои худи ӯ маснӯиянд. Шукури Ҷумъа бо овардани мӯҳтавои он муаллифро маҳкум карда мегӯяд, ки шахси дорои дандони маснӯӣ ҳам ҳуқуқи лексия хондан дорад ва гӯё дар ин ҳикоя ягон нуктаи хандаовару таассуфангез вуҷуд надорад. Зимнан муқарриз ин фармудаи Ҳаким Фирдавсиро [29:181] нодида гирифтаааст, ки мегӯяд:
Пизишке, ки бошад ба тан дардманд,
Зи бемор чун боздорад газанд.
Яъне ин ҷо рӯи сухан ҷониби ибрати шахсии як пешавар меравад. Ё ин ки муқарриз аз мӯҳтавои ҳикояи «Ҷонам фидои ҳамсояҳо» сухан дар миён оварда, зикр мекунад, ки радиои навро ба кор андохта натавонистани соҳибаш ба иттифоқи ҳамсояҳо ва дар ниҳоят хароб сохтани он ҳеҷ ҷои ханда надорад. Ба пиндошти мо, дар ин маврид ҳам муқарриз ҳақбаҷониб буда наметавонад, зеро муаллиф аз хусуси ноком мондани муосиронаш дар ҳалли одитарин масъалаҳои фаннии рӯзгор ба сутӯҳ омада, кундзеҳнии ононро маломат кардааст. Ҳамчунин, аз ҳаҷв танҳо хандаи сабуку аблаҳонаро интизор доштан айни савоб нахоҳад буд, зеро дар баъзе мавридҳо инсон ба талх гирйидан рӯи каму костҳои зиндагӣ водор мешавад[23:76].
Адабиётшинос Абдушукури Абдусаттор ҳам як дафъа чунин доварии ғайримунсифонаеро дар мавриди осори Бурҳон Ғанӣ ба худ иҷоза додааст, ки ба сабаби маҳрамона будани мавқеи сӯҳбати эшон бар он намепардозем[18:116].
Тавре ки аз баррасии се маҷмӯаи бевоситаи адиб маълум гашт, зимнан муаллиф дар онҳо 123 ҳикоя, 4 назира, 1 пародия, муште эпиграмма ва чанд хушгӯии бозарофати нависандаи саршинос Фазлидддин Муҳаммадиевро гунҷонидааст. Маҷмӯаи «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост, ё қиссаҳои аҷоиби амаки Абдурасул», ки дар ҳамқаламӣ бо Мирзо Файзалӣ рӯйи коғаз омадааст, дарбаргирандаи 18 ҳикоя, 74 латифа мебошад. Ончунон ки дар пешгуфтори маҷмӯа омада, 9 қиссаро аз ин миён Мирзо Файзалӣ баъдан иншо намуда будааст [8:5] Аз ҳамин нигоҳи иҷмолӣ маълум аст, ки меҳвари аслии осори адабии ӯро ҳикоя ташкил медиҳад. Мутаассифона, ҳаҷвияҳои публитсистии ӯ ҳанӯз зери маҷмӯаи алоҳидае гирдоварӣ нашудаанд, ки дар ин бахш фелйетон, ба гумони ин ҷониб, нақши муҳим дорад. Он чӣ ба ҳикояҳои ӯ бармегардад, ин аст, ки намоёнтарин шохиси ҳунарии офаридаҳои мазкур кӯтоҳу мухтасарии баёнашон мебошад. Ба шаходати наздиконаш ӯ аз миёни нависандагони рус бештар ба маҳсули қалами Ф.М. Достоевский ва А.П. Чехов иродат доштааст. Аз ин рӯ, гумон меравад, ки мавсуф дар амри ривоҷ додани кӯтоҳбаёнӣ бештар вомдори сеҳри калому халлоқияти табъи А.П Чехов бошад. Муаллиф, аз сӯи дигар, тавре шигарду шеваи композитсиониро баргузидааст, ки ғолибан «қаҳрамонони ҳикояҳо аз номи шахси якум сухан меронанд, худ масъаларо ба миён мегузоранду дар ҳалли он иштирок мекунанд»[10:139]. Яъне ровӣ, бар хилофи он чи дар баъзе осори каммояи солҳои охир ба назар мерасад, дар пасманзари ҳодисаю воқеаҳои тасвиршуда қарор мегирад, зоҳиран ба рафти рӯйдодҳо таъсиргузор нест, вале бо ин ҳол ҳусни нияти ӯ ҷониби ақли солим, ҳушёриву зирангӣ ва созандагӣ нигаронида шудааст. Чунончи, маҷмӯаи дуюми нависанда («Аз ҳар калла як садо») бо ҳикояи «Нияти нек»[5:3-7] оғоз мешавад, ки дар он масъалаҳои доғи иҷтимоъ дар даврони шуравӣ инъикос ёфтаанд ва баъзе аз онҳо чун «мерос» даврони истиқлолро ҳам «зинат медиҳанд». Ҳамин тавр, муаллиф ба тасвири ҳамҳамаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ мепардозад ва каси ноогоҳ аз мундариҷаи китоб гумон хоҳад бурд, ки зимнан нависанда хотироти хуши якрӯзаи худро варақгардон кардаасту бас. Гӯё дар дарознои тасвир ягон тазод ба назар намерасад, қаҳрамони марказӣ ба ҳар ҷо по мениҳад, ҳама ҷо ӯро бо хушӣ мепазиранд, дар ҳеҷ ҷой нишоне аз тазвир, риё, ҳиллаву найранг, ба чашми муштариён хок пошидани фурӯшандаҳо, дуруштию дағалии баъзе коргарони бахши маишӣ дида намешавад, мисли ин ки хонанда бо як биҳишти рӯизаминӣ сару кор гирифтааст. Дар як рӯзи пеш аз Соли нав қаҳрамони марказиро ронандаи таксӣ бо хушӣ пазируфта, то бозор мерасонад ва аз фаромӯшхотирии муштарӣ сӯиистифода накарда, давон-давон бақияро ба соҳибаш бурда мерасонад; аз қассоб гӯшти дилхоҳашро мехарад; ба хонааш аз фабрика чор адад тортро бурда медиҳанд; соҳиби мотороллер меваю сабзавоти харидаашро ба манзилаш мебарад; мошини боркашонии дукони сайёри сари чорроҳа мушкилоти ҳамлу нақли арчаро ба гардан мегирад; масъалаи дарёфти абзорҳои ороиши арча ҳам зуд ҳалли худро меёбад; автобусҳо гӯё чандон серодам нестанд; намояндаи управленияи хонаҳо сокинонро ҷамъ карда, ҳамаашонро ба муносибати Соли нав табрик гуфтааст; конфету шоколади тоза ба даст овардан заҳмате талаб намекунад; бо баробари ба корхонаи хушкашӯӣ расидани қаҳрамони марказӣ ходимони адофаҳм костюми ӯро фавран пазируфта, пас аз чанд лаҳза онро тозаю озода ба соҳибаш бармегардонад. Нависанда дар поёни ҳикоя чунин овардааст: «Аз ҳисси шодию фараҳмандӣ нафас дар гулӯям печида монд.
Ман бо ҳамин хаёлу орзуҳои ширин ба хона омадам ва боз бо ҳамин хаёлу орзуҳои ширин ба соли нав қадам мондам»[5:7]. Онҳое, ки дар даврони шуравӣ зиндагӣ кардаанд, ба хубӣ медонанд, ки он рӯзгор бо ҳама афзалиятҳояш орӣ аз нақсу камбудӣ набуд: пастсифат будани маҳсулоти бахши саноати сабук, душвориҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, дар сатҳи поён қарор доштани арзаи хадамоти маишӣ ба аҳолӣ, камбуди ашёи хушсифати рӯзгор, навбатпоиҳои тӯлонӣ барои дарёфти манзил, мебел, замин ва ғайра ҳеҷ гоҳ обрӯю эътибори яке аз ду абарқудрати вақтро афзун намесохтанд. Боз дар ин замина ба шеваи таърифу тавсиф офаридани осори ҳаҷвӣ сангинтарин кор аст. Устод Айнӣ зимни дебочае ба асари машҳури Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҳамин нуктаро ба иртиботи осори манзум ёдрас шуда мефармояд: «Восифӣ ҳаҷвнависи забардаст аст, ӯ ҳаҷвҳои мадҳмонанд дорад, ки хонанда аз иқтидор ва маҳорати ӯ дар ҳайрат меафтад; ӯ аз забони шоиртарошони шеърнофаҳм чунон шеърҳо мегӯяд, ки ҳар шеършиносе бинад, ҳукм мекунад, ин аз ҳамон одам аст, на аз Восифӣ. Ин услубшиноси пуриқтидор будани ӯро нишон медиҳад ( ба ин тарз ҳаҷвнависӣ чунон душвор аст, ки намунаашро аз шоирони ҷавони тоҷик танҳо марҳум Пайрав дода тавониста буд)»[3:20].
Ба таъйиди бахши дуюми фармудаи устод гуфтанием, ки Бурҳон Ғанӣ дар эҷоди назираю пародия ҳам дасти тамом дошт. Барои исботи даъво порчаеро бо номи «Изҳори муҳаббат» мисол меорем: «Оби дарё чун дили ман ҷӯш мезанад. Туғён мекунад. Вай сард аст. Оҳ, муҳаббат, чӣ қадар ширину дилрабоӣ. Ошиқ аз шунидани номи ту асло серӣ надорад. Ба васфат сӯхани тоза намеёбад, ки гӯяд. Аз ин рӯ, маро ҳам бубахш!
Якбора ба худ омада ёрамро дар паҳлӯям дидам. Вай заррае парво накарда менишаст. Ба сӯям малулона назар мекард. Дар зери ҳар нигоҳи ӯ як ҷаҳон маънӣ ниҳон буд. Тоқатам тоқ шуд. Дар оташи ишқаш сӯхтам. Пухтам. Оҳ, ишқ! Канӣ он қувваи ниҳоние, ки аз гиребонам гирифта тела диҳад? Канӣ? Сад афсӯс! Чӣ бояд кард?
… Мо лаб ба лаб мондем»[5:129].
Ҳикояи «Маслиҳати дӯстон»[5:43-46] аз хусуси навқаламоне аҳвол медиҳад, ки бар сари муҳокимаи асари тозаи яке аз ҳамхонаҳояшон ҷамъ шудаанд. Нависанда аз истеъдоди фитрӣ ва завқи ҳунарӣ бенасиб будани онҳоро бо забони худашон фош месозад. Нуктаи баҳсноки ҳикояи мазкур он аст, ки шахсе бо тароша бар сари хушдоманаш зада, худро аз ошёнаи дуюм ба замин мепартояд. Ҳакамони «серталаб» ба ихтиёри муаллиф пешниҳодҳои гуногунро вогузор мекунанд: яке мегӯяд, ки домод бояд бо табар зарбаи худро мерасонд, дигаре образи хушдоманро пассив мешуморад. Яке эрод мегирад, ки дар ошёнаи дуввум тарошаю табар бемавқеъ ёдрас шудаанд, зеро манзил ба воситаи батарея гарм карда мешавад ва монанди инҳо… Саранҷом муҳокимаи навқаламон ба дастугиребонгирӣ меанҷомад.
Ба таъбири мардум, «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад». Баъзан ба сабаби як гапи бемавқеъ ё нафаси шуме ягон ҳодисаи нохуш рӯй медиҳад ва бояд ҳар инсон мавқеи сухан гуфтанашро дарёбад. Зимни ҳикояи «Ҳамсӯҳбат»[5:82-84] саҳнаи сафари се тан-ронандаи «Зил»-у ду мусофири ҳамроҳаш ба доираи тасвир омадааст. Яке аз мусофирон тӯли роҳ фақат аз бобати садамаҳои автомобилӣ сухан дар миён меорад ва дар натиҷа асаби ронанда ба сустӣ гироида, мошинро дуруст идора карда наметавонад ва мошину сарнишинонаш аз ҷарӣ сарнишеб мешаванд.
Вуҷуди Очилбой (ҳикояи «Ҳангома»[7:13-17]) аз хислатҳои манфии ваъдабозӣ, худситоӣ, дурӯғгӯӣ ва лофзанӣ мавҷ мезанад. ӯ барои дар назари мардум бузургтар ҷилва додани худ аз хурдтарин имконот истифода мебарад. Зоҳири ин шахси худситой ва худоройро нависанда чунин ба тасвир мегирад: «Шиму костюмаш олмонӣ ва дар болои бағалкисааш бо ҳарфҳои лотинӣ ким-чиҳо навишта шудаааст. Туфлии итолиёвӣ, ҷемпери японӣ, ҷӯробҳои америкоӣ ва гарданбанди франсавӣ ҷисми ҳаминҷоии ӯро оро медиҳанд»[7:13-14]. Нависанда барои тиратар сохтани чеҳраи ботинии қаҳрамони мазкур бо ин қаноат намекунад ва меафзояд, ки ӯ аз даруни қуттии сигори булғорӣ сигори арзонбаҳои маҳаллиро берун меовард.
Ба ҳамин минвол, нависанда дар ҳикояҳои «Хушомадгӯёнро азиз доред!», «Тараддуд», «Андеша», «Нутқи мухтасар» (аз маҷмӯаи «Хушомадгӯёнро азиз доред!»), «Мотам», «Афсона», «Бими бало», «Орият», «Дӯстон». «Шӯҳрат», «Докаи истамбулӣ» (аз маҷмӯаи «Хеши падарӣ»), «Сукут аломати ризо нест», «Тӯёна» (марбут ба маҷмӯаи «Аз ҳар калла як садо») ва ғайра ҷиҳатҳои манфиеро дар хислату хӯй, тарзи тафаккур ва шеваи зиндагии муосиронаш ба истеҳзо мегирад. Бе ҳеҷ шакке гуфта метавон, ки ӯ дар офариниши жанри ҳикояи ҳаҷвӣ- бо ҳама каму кост ва заъфҳое, ки ба ҳамроҳ дошта- боз ҳам яке аз мӯҳраҳои аслию меҳварӣ ба ҳисоб меояд.
Он чӣ дар ин нигоштаи фишурда омад, танҳо таҳлили иҷмолию муҷарради офаридаҳои Бурҳон Ғаниро дар бар дошта, зарур аст, ки барои таъйини воқеъбинонаи нақши ӯ дар ҳаҷви муосири тоҷик осори мавсуф бо нигоштаҳои ҳамкасбонаш ба доираи баҳс кашида шаванд. Аз сӯи дигар, тӯли 16 соле, ки ӯ ҷисман бо мо нест, ба истиснои ибтикори сутудании Мирзо Файзалӣ, хурдтарин кӯшише барои ба пуррагӣ табъу нашр сохтани намунаҳои ҳаҷви публитсистӣ ва бадеии ӯ анҷом нагирифтааст. Яъне мо на дар остонаи ҷашни 60-солагии марҳум ва на имрӯз, ки бо ҷашни 70-солагии ӯ рӯ ба рӯ ҳастем, барои гиромидошти рӯҳи покаш кори дурусту сазовореро анҷом надодаем.
Пайнавишт
1.Аверченко А. Т. Хлопотливая нация. (Юмористические произведения).-М.: Политиздат, 1991-464.
2. Адибони Тоҷикистон. (Маълумотнома). -[Мураттиб ва муаллиф Гулназар].- Душанбе: Адиб, 2002,-735с
3.Айнӣ С. Куллиёт. Иборат аз понздаҳ чилд. Ҷилди 13.// Ба Чоп тайёркунанда К.Айнӣ. Муҳаррир А.Зуҳуриддинов// Душанбе: «Ирфон», 1977- 432с.
4. Гулназар. Мо кам мешавем.//Хафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №2(786), 7 январи соли 1993феврали соли 1993.
5. Ғанӣ Б. Аз ҳар калла як садо. Душанбе: «Ирфон», 1982-144 с.
6. Ғанӣ Б. Хеши падарӣ (Ҳикояҳои ҳаҷвӣ). Душанбе: «Адиб», 1988- 256 с.
7. Ғанӣ Б. Хушомадгӯёнро азиз доред (Ҳикоаҳо). Душанбе: «Ирфон», 1973- 128 с.
8.Ғанӣ Б., Файзалӣ М. Ба шумо дурӯғу ба Худо рост. Ҳикояҳо. Душанбе: Адиб, 2005-96с.
9. Давлат К. Намехандид, механдонд.//рӯз. «Ҷумҳурият», № 65 (20.984), 11 июни соли 2005.
10. Ёров Р. Табассум ва тамасхур.//маҷ. «Садои Шарқ», №12, 1974, саҳ. 139-142
11. Зуҳурӣ А. Ёди ханда кунед//рӯз. «Ҷумҳурият», № 41 (20. 034) 22 августи соли 1998.
12. Зуҳурӣ Н. Ёде аз Бурҳон Ғанӣ//ҳафтаномаи «Фараж», №18(72), 1 майи соли 2008.
13. Зуҳурӣ Н. Номаш як дунё буд.//ҳафтаномаи «Чархи гардун», №31(103), 7 августи соли 1998.
14. Зуҳурӣ Н. Ҷонам фидои дӯстон // ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №17-18(942), августи 1998.
15. Кӯҳзод У. Намехандид, механдонд.//ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №2(786), 7 январи соли 1993.
16. Қубодиёнӣ Р.М. Устодон ва ҳамдарсон ( Ёддоштҳо). Теҳрон 1378/1999-92 с.
17. Муродов М. Ҳаҷви публитсистӣ. Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултаи журналистика. Душанбе: «Ирфон», 2003- 64 с.
18.Нӯъмонпур Ш.Ш. Дар сӯҳ бати соҳибдилон. Душанбе: 1996-128с.
19. Расо Б. Аз дидаҳо рафту ба дилҳо монд.//ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №18(1417), 1 майи соли 2008.
20. Самадов А. Боғбони хосакори наср//ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №16 (1415), 1 майи соли 2008.
21. Сатира и юмор народов Дагестана (Сборник) / [Сост. А.Ахлаков и др.
Предисловие X. Халилова, А. Ахлакова]- Махачкала: Даг.кн.изд-во, 1976- 400 с.
22. Сатира и юмор Турции (Сборник). [Пер. с тур. /составл. и послесл. Т. Меликова]-М:
»Радуга» 1991- 496 с.
23. Сатира М.Е. Салтыкова-Щедрина .[1826-1976: Межвуз. темат. сборник (Материалы научн. конф./Ред. Коллегия: проф. Г.Н. Ищук (отв. ред.) и др. ].-Калинин: Калинин ун-т, 1977-159 с
24. Сатира Х1-ХV11 веков.-[Cост., вступ. ст. и комент. В.К. Былинина]-М сов Россия, 1986-512 с
25. Сатира русских поэтов первой половины Х1Х в.: Антология./ Подгот. текста, сост., вступ. ст. и примеч. В. Афанасьева.-М.: Сов.Россия, 1984-256 с.
26.Сафар О. Боқии Мастчоҳ//»Машъал»(Нашрияи Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ), №35 (6559), 4 сентябри соли 1998.
27. Ҷумъа Ш. Ҳаҷв ҳам ҳадаф дорад. //маҷ.. «Садои Шарқ, №8, 1989, саҳ 129-131.
28.Шукуров М. Таърихи адабиёти советии тоҷик. Д.: Дониш,1980-384с
29. Шоҳбайтҳои «Шоҳнома».-(Мураттиб ва муаллифи сарсухан Ш. Асрор. Муҳаррирон М. Шукурзода, Т Бобо).- Д.: Адиб, 1990-224с
30. Юмор наших друзей. Юмористические и сатирические рассказы писателей классиков-соц-х стран Европы: Пер. с болг., венг., польск., чешск., сербхорв./ Сост. и предисл. П.Н. Антонова –М.: Правда, 1988-656 с
31. Юмор серьёзных писателей. [Сборник / Вступ. ст. с З-18, и сост. Ф. Кривинина].-М.:
Худож. лит., 1990-447 с
32. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди I. Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи илмии советии тоҷик, 1988-544
33.Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се чилд. Ҷилди Ш. Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Милли тоҷик, 2004-524с
34. Энсиклопедияи советии тоҷик. Иборат аз ҳашт ҷилд. Ҷилди 8. Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, 1988-592с.