ОШИ ГАШТАК

Ҳамшаҳриҳо маро ба оши гаштак таблиғот намуданд. Яке гуфт, ки танҳо лаҳзаи ҷудо кардани сангрезаи курмаку биринҷ, майда кардани дунбаи карт, реза намудани пиёзу сабзӣ ва гушт ба кас як олами ҳаловат мебахшидааст. Ба қавли дигарӣ, садои билиқ-билиқ ҷӯшидани зирбак чун мусиқии форам асабҳои касро ором мекунад. Хусусан, маҳин реза кардани пиёзи барраро намегӯед,— оби даҳонашро фурӯ бурд як нафари дигар.
— Ҳа, рост,— гуфт ҳамсарам,— дар хона нишаста, мағорбастанамон хуб не. Аз ғайбати ҳамсояҳо халос шуда равем, давлати калон. Аз ҳама хубтараш ин ки ҳамшаҳриҳои худамон, одамҳои зиндаву мурдаи моро соҳиб мекардагӣ.
Инак, он лаҳзаи фараҳбахш, ки қариб якуним ҳафта дар интизораш будем, даррасид. Ҳамаи оши гаштакхӯрҳо қарибиҳои соати яки рӯз дар ҳавлии Зоҳир ака ҷамъ омаданд. Нозу неъмати рӯи мизҳои сояи дарахтони рӯи ҳавлӣ чашми касро мебурд: нимкосаҳои пур аз асали хушбӯю муаттар, нишолло, лаганчаҳои пур аз тухми моҳӣ, лаълиҳои моломоли мавизи соягию чормағз, зардолуи хушку мағзи писта, хулоса, ҳама чиз. Лаганҳои пур аз мурғкабоб, кабку гунҷишк, бедонаи бирьён, гӯшти оҳуи хушкардаи бирьён, гӯшти харгӯшу мурғи ҳилол ва самбӯсаю фатирмаска.
Ҳамсарам аз болои дастархон чашм наканда, дар гӯшам чанд дафъа пичиррос зад, вале ман аз воҳимаю хаяҷон чизе нафаҳмида, дар банди хаёлу андешаҳои дигар афтодам.
— Ҳамшаҳр,— ҳамсари маро ба худ овард соҳибхоназан.— мана, ба ин гӯшти кабк нигоҳ кунед. Мегӯянд, ки ҳар зан ки гӯшти кабк хурад, фарзандаш кабк барин каламқош мешудааст.
Ҳамсарам даставвал гӯшти кабкро нашинохта, пои мурғи бройлериро бо ҳавсала пеш кашид.— Келин. ма- на пои кабк инаш. Пои кабк аз пои мурғ дида, борик мешавад.
Дар ҳамин лаҳзаи хӯрдану нӯшидан, гап аз фоидаи гӯшти гунҷишк сар шуд. Ду-се зани солхурда лабашонро бурма карда, аҳамияти гунҷишкро ба мардхо катъиян инкор намуданд.
Баъди ба ифтихори ҳамшаҳриҳои бомартабаи ҳозиру ғоиб холӣ кардани қадаҳи паёпай соҳибхона як гӯсфанди яклухти дар тандур пухтагиро ба байни миз гузошта, ба дасти ҳар кадом меҳмон шоха ва корди қайроқкарда дод. Акнун ҳар кас аз ҷои хостагияш гӯшту равған бурида, ба болои лаганчааш мегузошт. Соқии хушовоз ва хушсимо қадаҳҳоро аз арақи сафеду коньяки арманӣ ва роми голандӣ лабрез намуда, аз чой бархост.
— Мо дар хонаи дӯсти беғараз гирд омадаем,— гап гирифт ӯ.— Зоҳир ака одами андак мундак не. Директори базаи чӯбу тахта. Одами поквиҷдон, дилсӯз ва принципалӣ. Одаме, ки он касро дар ҳафт иқлими дуньё мешиносанд.
Ҳама кафкӯбӣ карданд. Ҳамин дам соҳибхона Зоҳир ака ба сари ману ҳамсарам омад.
— О, шумоҳо зану шавҳар ҳеч намехӯред, наменӯшед,— гуфт бо мехрубонӣ,— магар гӯшти гӯсфанди дар танӯр пухтагӣ маъқул нашуд? Ё ана хӯрдани гӯшти хушккардаи оҳуро дӯст намедоред? Мана, гиретон ҳамин ҳозир барракабоб меояд…
Мо ба ин гилагузории соҳибхона ягон ҷавоби муносиб наёфта, ба даҳон об гирифтем. Танҳо ҳамсарам даҳонашро ба гӯши ман бурда, «о, вай се кило гӯшти яхкардаи ба болои мизи ошазхона мондагиатон чӣ шуд?», гӯён, чанд бор савол кард ва баробари овардани лаганҳои пур аз баррабирьён ҳангу манг шуда, ҳамаро аз хотираш баровард.
— Рафиқо, ана инро барракабоб мегӯянд,— гуфт раиси маҷлис бо овози баланд,— гӯшти барраи ширмаст, ба тани одам такаорд барин фоида дорад.
Мо боз қадаҳ бардоштем. Акнун лаҳзае расида буд, ки занҳо қадаҳҳои пурро аз дасти шавҳарҳояшон кашида гирифта, ба нӯшиданашон монеъ мешуданд.
— Бас кунед, гуфтам бас кунед!— мегуфт зани дар шафати рости ман нишастагӣ ба шавҳараш,— духтур гуфт, ки қандатон баланд мешавад. Боз одами як бор инфаркт шудагӣ. Худи духтури беморихои рӯҳӣ хам хӯрдани арақро манъ карданд.
— Шуд, шуд, азизам,— гуфт ҳамшаҳриям ба занаш,— мана, ҳамин қадаҳи охирин. Агар ба саломатии ҳамшаҳриҳои калоншаванда нанушем, кори хуб намешавад.
Овози зани дигар ба гӯш мерасид, ки шавхарашро ба хоболудӣ сарзаниш мекард. «Ҳаминро менӯшеду хирс барин хуррок кашида хоб меравед», таънаву маломат мекард ӯ. Ҳамсари ман танҳо оҳи сард каши- да, ба рӯи ман менигарист. Гӯё ӯ «ин мардум чунин дову давлатро аз пули маош ёфтанд?» гӯён аз ман савол кардан мехосту вале расми одоб гиребонгираш мешуду ҳамоно дам намезад.
Бӯи муаттари кабоби гӯшти гӯсфанд фазои ҳавлиро муаттар сохт. Чунон кабобе, ки баробари ба ғори даҳон партофтан мисли ҳалвои тарак об шуда, худаш аз гӯлу метаровид. Даҳони баъзеҳо ҳанӯз аз гӯшти кабоб холӣ нашуда, Абутолиби мудири магазин сухан гирифт:
— Ин хонаи дӯст аст, дӯсти беғарази мову шумо Зоҳир ако,— гуфт ӯ,— Зоҳир ако барин одамҳо кам.
Ин кас ба бегона сару хуш надоранд. Ҷону ҷигарашон хамшаҳриҳо ҳастанду халос. Э, қанд зананд. Мана, ин дастархони пур аз нозу неъматашон гувоҳи одамдӯст будани Зоҳир ако аст.
Табақҳои моломоли мантуро оварда, гӯсфанди нимхӯрдаи дар танӯр пухтагиро бардоштанд. Акнун дигар касе маҷоли хӯрдану нӯшидан надошт. Ду марди фарбеҳи дар рӯ ба рӯям нишастагӣ бо рағбати том оруғ медоданд, оруғи аз силос ҳам туруштар. Сардори управленияи идораи гӯшту шир сари калони худро ба болои китфаш такья дода, нутқ кардан мехост. Ҳамсараш ба ӯ бо овози паст луқма медод: «Рафиқо, хамшаҳриҳо, Зоҳир акои ааиз, ба ин меҳмоннавозиатон сад ҳасанот», мегуфт зан.
— Ҳасанот не, тасанно! — занашро ислоҳ кард сардор.
Директори магазини гӯшти шаҳр ва коркуни идораи «Госснаб» низ дар интизори гап задан буданд. Мудири магазини молҳои арзоншуда аз ҷой бархоста, гуфт:
— Мебахшед, як беадабӣ мекунам…
Ҳамсараш ӯро ба зӯрӣ ба болои курсии нарми франсавӣ шинонда, ором кард.
Дар он миён коркуни станцияҳои таъмири автомобилҳои «Жигули» талоши гап задан накарда, дастаи қошуқро бо дандонҳои пешаш пай мекард.
— О, додош, тиллои рӯкашаш вайрон мешавад,— ӯро сарзаниш намуд занаш.
Бӯи оши палови биринҷаш девзира, ки бо равғани зағеру гӯшти кабк пухта шуда буд, ба тан рӯҳи тоза мебахшид. Ҳозирон барои поси хотири соҳибхона лунҷҳояшонро аз оши палов пур карда, гӯшти намакхӯрдаро аз болояш ҳаво медоданд.
Маросими оши гаштак то нимишабӣ давом кард. Ҳанӯз садои сурудхонии ҳофиз аз магнитофони японии соҳибхона паст нашуда, раис навбати ояндаи оши гаштақро дар хонаи мо эълон кард. Ҳозирон, ки ҳама зану шавҳар буданд, гапи раисро бо як овоз маъқул дониста, ба ифтихори ману ҳамсарам кафкӯбӣ карданд.
Мо сарҳомонро мисли артистони саҳна ҷунбонида, таъзим карда, изҳори сипосгузорӣ ва қадрдонӣ намудем. Дар ҳамин лаҳза раис ману ҳамсарамро ба як тараф бурда гуфт:
— Агар шумо оҳуро зинда оварда, дар пеши чашми мардум сар занед, олиҷаноб мешавад… Аз оши гаштакхӯрҳо ҳеҷ кас ин корро накардааст.
Ман сар ҷунбонидам. Ҳамсарам пешонияшро ҷин карда, маро нихта намуд. Раис маслиҳатҳои дӯстонаи худро давом дод.
— Рафту мурғи ҳилолро ҳам зинда биёред, бисьёр хуб мешавад,— гуфт ӯ.
— Ҳа, албатта, албатта,— гуфтам ман бо маҳоли гирья.
— Барраи ширмастро аз кӯҳ аз худи чупонҳо мехаред,— гуфт раиси маъракаамон,— лекин эҳтиёт кунед, ки ба шумо барраи касалии лоғар надиҳанд. Ҳа, гуфтагӣ барин бисту панҷ кабки намакхӯрдагӣ бошад, кифоя. Ё ана, сию панҷта… шашликпазро бо дастгоҳаш аз худи ресторан биёред, биноӣ мешавад… Ошпазро ҳам аз ҳамон ҷо биёреду монед. А, ёфтам! Ду нафар пешхизматро ҳам аз ресторан даъват кунед, коратон панҷ мешавад. Ҳа, шумо одами дасти танҳо…
— Рост, рост,— гуфтам ман арақи сару рӯямро пок карда.
Дили ҳамсарам танг шуду ранг аз рӯяш парид.
— Худатро даст гир, дигар ҷои гурез нест,— гуфтам дар гӯши ӯ.
Ҳоло чор моҳ боз аст, ки ман аз шифохона набаромадаам. Ҳамааш аз касофатии шикори оҳу. Аз паси оҳу давида, аз баландӣ ҷар шуда, сутунмӯҳраам сахт осеб дид.