Нурмуҳаммад Зуҳурӣ (“Чархи гардун” №18(1471) 7 августи соли 2008)
Ташаккули шахсияти ҳар фард ба муҳите вобаста мебошад, ки айёми бачагию наврасиашро он ҷо пушти сар мекунад. Барои шахсиятҳои эҷодкор ин нуқта боз аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки баду неки ин дунёи пуртазодро маҳз зимни ин марҳала барои (нахустин бор ба мушоҳида мегиранд. Тавре ки аз зиндагиномаи шодравон Бурҳон Ғанӣ маълум аст, ӯ аввали моҳи маи соли 1938 (расман) дар деҳаи Рогиф ба дунё омада, аз синни 5-солагӣ бино бар фавти бармаҳали волидайн муҳими деҳкадаи Ревомутк (ноҳияи Мастчоҳ) мегардад. Аз ин баъд то синни 18-солагӣ ӯ дар сояи навозиши бобову бибии модарӣ Боқимаҳмаду Саодатбону, писарбачои модараш Муллоумар Ғаниев ва бештар таҳти тарбияи тағоиҳояш Аминбеку Мирзосафар Боқиевҳо ба воя мерасад.
Ёд дорам, дар он рӯзҳо, ки мо, наздикони марҳум Бурҳон Ғанӣ, дар сӯги ӯ нишаста будем, дар Дилварзин пиразане мегуфт: «Номаш як дунё буд».Оре, барои хешу табор ва ҳамдиёрони марҳум ин ном тӯли беш аз сӣ сол аз дунё ҳам фарохтар ба назар меомад. Зеро солҳои аввали муҳоҷиршавӣ дар байни мастчоҳиён шахсони таҳсилдида ангуштшумор буданд. Ва бадеҳист, ки ҳар як қадами нахустин истеъдодҳои аз ин диёр бархоста аз мадди назари ҳамдеҳагону наздикон дур намемонд. Аҳли ду деҳкада Ревомутку Рогиф бо ин ном нафас мегирифтанд ва дар муҳобил ин ҳамнафасй дуҷониба буд. Нависандаи хушзавқ низ барои пайрези намудани шолудаи офаридаҳои худ на як бору ду бор ба хулқу атвор, хушгӯӣ, зарофат, рафтору кирдори ҳамдеҳагон муроҷиат намудааст. Аз Ревомутк Усмонбек (рӯҳашон шод бод), Аминбек ва Мирзосафар Боқиевҳо, шодравонҳо ҳоҷӣ Муллоқурбон Кучаков, Мирзоаҳмад Раҷабов ва чанд тани дигар бо табъи саршору ҷибилии худ барои нависанда маводи нахустинро додаанд.
Перомуни хислатҳои неку мумтози шахсе чизе нигоштан хеле душвор аст, ба хусус агар дар миёна пайванди хешӣ побарҷо бошад. Он чӣ ман аз файзу баракати сӯҳбату дидорҳои бо марҳум Бурҳон Ғанӣ доштаам ҳосил намудаам, чунин натиҷагириро ба субот мерасонад: он кас як инсони бетакаллуф, вора ста дар дӯстӣ хеле содиқ, намакшинос, нисбат ба сару либос бетафовут, боҷасорат ва хеле ҳозирҷавоб буданд. Чунончи, мисли аксарияти истеъдодҳои ҷибилӣ ҳеҷ гоҳ дар қайди тартиби рӯзи корӣ набуданд, чанд дафъа шоҳиди он будам, ки дар дафтари кор бо як стержен варақҳоро сиёҳ мекарданд. Дуруст дар ёд дорам, зимни яке аз дидорҳое, ки он ҳам дар идораи маҷаллаи “Хорпуштак» сурат гирифта буд, марҳум дар тан пироҳани сапсафеди остинкӯтоҳ доштанд, тугмаи сеюм. аз боло ба ранги зард буд. Барои ёру дӯст аз ҳеҷ навъ ёрӣ дареғ намеварзиданд.
Охири солҳои ҳафтодум фарҳангҳои дузабонаи форсӣ ба русӣ ва русӣ ба форсӣ чандон дастрас набуданд. Ниёзи ба фарҳангҳо доштаи маро дида, фарҳанги русӣ ба форсии худашонро бидуни ҳеҷ дирангу дудилагӣ ба ман бахшиданд. Ин китоби бароям ниҳоят азиз 18-19 сол мешавад, ки ҳамвора бо ман аст ва ҳар дафъа вақте ки биллузум онро рӯи даст мегирам, бевосита рузгорони хушу биҳиштосое, ки аз суҳбатҳои намакин, шӯхию зарофатҳои ба худи эшон зебанда, кӯшишҳои ба дарди ёру диёр марҳам шудани он кас бунёд ёфта буданд, пеши назар меоянд. Дар яке аз сафҳаҳои аввали ин китоб бо дасти худи эшон байти зерин хеле хоно ба форсӣ сабт ёфтааст:
Ҳар кӣ хонад дуо тамаъ дорам,
3-он ки ман бандаи гунаҳгорам.
Хушгуӣ ва зарофатҳамеша бо Бурҳон Ғанӣ тавъам буд. Ин буд, ки ҳар ҷо қадами Бурҳон Ғанӣ мерасид, худ ба худ давра ё ҳалқаи одамон ба вуҷуд меомад ва ғолибан дар чунин мавридҳо қаҳ-қаҳаи ханда ба фалак дакка мехурд. Бисёр ёру дӯстон ба нияти гармтар намудани маҳфилҳои хатнаю арӯсӣ уро садри маҳфил таъйин менамуданд, ё ин ки ширкати бевоситаи ӯро дар ин гуна рузҳо ҳатмӣ мешумурданд. Ба пиндошти ман, ин ҳунари Бурҳон Ғанӣ камтар аз ҳунари нависандагии ӯ набуд. Ба манзури исботи ин даъво чанд пора хотираро, ки дар зеҳни ману дустони дигар нақш бастааст, нақл мекунам.
Тирамоҳи соли 1991 сербориш омада буд. Дар яке аз рӯзҳои боронии моҳи октябр пас аз харидани мевагй аз бозори «Шоҳмансур» ба ҷониби истгоҳи «Вахш» равон шудам. Пеш аз миёнабур намуда гузаштани чорроҳаи назди меҳмонхонаи «Вахш» аз он тарафи чорроҳа Бурҳон Ғаниро дидам, аз дасти писарашон Хусрав дошта меомаданд. Бо нияти дурусттар аҳволпурсӣ намудан мунтазири омаданашон шудам. Пас аз салому алейк аз ман суол карданд, ки аз куҷо омада истодаӣ? ҷавоби маро шунида гуфтанд, ки агар охирҳои тобистон ба ман муроҷиат мекардӣ, аз Файзобод бо нархи арзон себи бисёр меовардем, ки барои якчанд моҳ кифоят мекард. Ман дарҳол арз кардам: Агар Худованд моро то тобистони соли оянда расонад, ҳатман гуфтаи шуморо мекунам. ҷавоби он кас чун ҳамеша омода буд: «Мо, гандаҳо, мурдан надорем!»
Яке аз дустони даризабони нависанда доктар Қосим, ки баъдан ба симмати муини Вазорати сиҳати оммаи ҶДА расида буд, аз ӯ чунин суол мекунад: Оқои Бурҳон Ғанӣ, шумо, минҳайси танзнавис, кудом чизро дар зиндагиву рузгори Афғонистониҳо музҳик дарёфтед? Нависанда чунин посух мегуяд: ватандорони Шумо пас аз шунидани ягон амру фармон содиқона арз мекунанд: «Бале, соҳиб!» Чун натиҷаи амалашонро кунтрул мекунӣ, маълум мешавад, ки ягон амру фармонро иҷро накардаанд.
Ҳангоми дар Афғонистон будани Бурҳон Ғанӣ устод Лоиқ чандруза ба Кобул сафар мекунад. Пас аз дар балкон намудор шудани Бурҳон Ғанӣ устод Лоиқ аз поён садо мекунад: «Бурҳонҷон, ман аз Тоҷикистон омадам!» Бурҳон Ғанӣ дар ҷавоб мегуяд: «Вақти нағз омадӣ. Янгаат пеш аз шуравӣ рафтанаш барои чил рӯз дар як кострюли калон хурок пухта монда буд, имруз рузи сиву нуҳум аст».
Чанд тан аз нависандагон мисли парвонаҳои гирди шамъ устоди шодравон Мирзо Турсунзодаро ҳалқавор печонда гарқи сӯҳбат будаанд. Дар ин асно русдухтаре бо лабугунаҳои анорӣ аз пеши қаламкашон мегузарад. Устод Турсунзода тоқат накарда, мегӯянд: «Касе ин нозукниҳолро сахт бусидааст” Бурҳон Ғанӣ ҳозирҷавобӣ мекунад: «Одамро ин қадар шарм надоронед, устод”
Ҳини яке аз маҳфилҳои гарм бо алоқамандону шефтагони адаб навбати суханро ба Бурҳон Ғанӣ медиҳанд. Ӯ бо зарофати ҳамешагии худ ҳозиронро ба ханда вомедорад. Шоираи боистеъдод Гулрухсор аз минбар луқма мепартояд: «Бурҳонҷон, чаро ту ҳамаро механдонию лекин дар сарат ягон тор мӯи сиёҳ намондааст? Бурҳон Ғанӣ филфавр посух мегӯяд: «Аз ғами хушдоман».
Марди нозебое аз назди бинои идораи «Хорпуштак» гузар мекардааст. Нависанда бо дидани ӯ давида, ба куча мебарояд ва пас аз расида гирифтан бидуни ҳеҷ муқаддима аз он мард суол мекунад: «Аз барои Худо, бигӯ, ту безебтар асти ё ман?»