ҒОРАТ

Хонаамонро дузд зад. Мо ба милиция телефон кардем. Кадоме аз навбатчиҳо пурсид:
— Гражданин, дузд соати чанд даромадааст? Аз дар даромадааст ё аз тиреза? Худаш танҳо будааст ё шарик ҳам доштааст?
Ҷавоби ин саволхо ҳам мушкил буду ҳам хандаовар. Бинобар он, ба ҳамааш «намедонем», гӯён ҷавоб гардонда, интизори омадани милиция шудам. Фурсате нагузашта, чанд нафар бо сагашон аз мошин фуромада, ба тарафи мо омаданд. Саг аз дур бӯйгирон омада, ниҳоят аз домани як аъзои оилаи мо дошта сар надод. Коркуни милиция ба тарафи он мард зеҳн монд. Ин кас ҳам яке аз соҳибони хона, гуён мо шубҳаи милиционерро бартараф кардем.
Мо хонаро боз карда, ба дарун даромадем. Ҳама ҷой такурӯ кардагӣ.
— Дуздҳои бафурсат будаанд,— гуфт як коркуни милиция хандида,— пластинка монда, концертро ҳам гӯш кардаанд.
Ҳа, радиола ҳанӯз хам чарх мезад. Кадом як садои ногаҳонӣ онҳоро тарсондаасту аз дари балкон баромада гурехтаанд. Лаънатиҳо!… Саг бӯй гирифта, бӯй гирифта, дигар аз домани касе нагирифт.
Усули кушодани дари хонаи мо барои коркунони милиция хеле аҷиб буд. Кушодани дари мо ихтирооти нави дуздон будааст. Баъди бардоштани накши дасти дуздҳо аз болои асбобу анҷоми хона саг боз аз домани ду-се каси дигар дошта, ҳамсояҳоро низ таҳти иштибоҳ андохт.
Ба музеи шӯъбаи корҳои дохилии вилоят бурдани дари мо низ боиси ифтихор буд. Акнун наслҳои ояндаи дури қавми мо ҳам метавонанд, дари хонаи бобояшонро дида, гузаштаҳои худро бо некӣ ёд кунанд. Тахмин кунанд, ки то замони мо ҳам якта-нимта дузду киса- бурҳо боқи монда, баъд ба гузашти вақт аз таънаву маломати мардум ва конунҳои боадолат ба танг омада, ба нестӣ расида буданд. Шояд ҳамон вақт касе «Аз таърихи нобакориҳои дуздон» ном асари илмӣ навишта, дар қатори факту ракамҳои ҷамъкардааш дар хусуси дари нодири мо як боби алоҳидае бахшад. Бале, дузд имрӯз қадр надораду тарзи дуздияшро ҳама медонанд. Гумон меравад, ки корҳои вай дар ояндаҳои хеле дур афсона мешаванд. Ва одамҳои таърихи дуздиҳои қарни бисту аз ин пештар медонистагиҳоро чун одамони азизу мӯътабар посдорӣ ва сипосгузорӣ мекунанд.
Рӯзи аввал бе дар мондани хонаамон ба чашмамон натофт. Аз лаззати ифтихори он ки дари моро ба му- зей мегузаропапду ҳазорон ҳазор тамошобинони им;рӯзу фардо ва боз фардоҳои дигар онро тамошо хоҳанд кард, хеле кайфият бурдем.
Рӯзи дуюм мебоист, ба хонаи мо дари нав меши- нонданд, аммо ҳеҷ дарак нашуд. Ду нафари мо қариб шаш соат аз паҳлӯи дар наҷунбида, то ба навбати ди- гархо интизор шудем…
Рӯзи сеюм ба хонаамон як муфаттиш омад. Вай барои пухта кардани кораш паи дари кандагиро хуб муоина карда, ба мо сохибони хона рӯ овард.
— Магар аз дузд ягон нишона намондааст? Рӯймолча, анбур ва ғайра…
Ҳа, ин муфаттиши омадагӣ таҷрибаомӯз будааст. Вай азоби мо соҳибони хонаро аз бедарӣ ҳис накарда, гуфт:
— Қулф барои одамони поквиҷдон аст. Барои дузду муттаҳам ягон монеа вуҷуд надорад. Ин гапро шунида, каме тасалло ёфтем. Лекин гови латтахӯри ҳамсоя ҳамон рӯз ба хонаи бедари мо даромада, кӯрпачаро хоида, гулҳои ҷо-ҷо сабз кардагиро хӯрда, боз баромада рафтаасту мо саргарми нақл кардани қиссаи дуздҳо шуда, дар рӯи ҳавлӣ бехабар мондем.
Шабона ҳангоме ки як аъзои оилаи мо аз хусуси дошта лат кардани дуздҳо қисса мекард, ду одами масту аласт дохили хонаи бедари мо шуда, ба сурудхонӣ даромаданд, риштаи қиссаи ҷасорат ва ҷавонмардии аъзои оилаи мо дар ҳамин ҷо бурида шуд.
— Гурехтан лозим!— гуфт ҳамон марди боҷасорати оилаи мо,— инҳо масту аласт. Ба маст ҳазлу шӯхӣ намекунанд. У гурехту мо аз хуну пӯстамон гузашта, ба тарафи дар омадем. Дидем, ки дар долон ду маст фук ба фук монда, аз даруни ҳавзи оби сард баромадагӣ барин дир-дир меларзиданд.
— Ҳм, рафико!— овоз баровардем яки мо.
— Хӣ, ҳӣ… шумо ҳам сарпаноҳ наёфта ба ин хонаи бесоҳиб омадед-а?— хандид яке ба ҳоли мо.
— Ин хона бесоҳиб не, ин хонаи мо,— гуфтем ба мастҳо.
— Чӣ? Хонаи соҳибдор бедар намешавад,— гуфт дуюмӣ,— мо як шаби дигарро ҳам дар ҳамин хонаи бедар рӯз карда будем. Ҳӣ-ҳӣ… хонаи инҳо…
Воқеан, кор ба моҷаро меанҷомидагӣ барин. Худашро аз тиреза ҳаво дода, гурехтани марди ҷасури хонаи мо бесабаб набудааст. Аммо хонаро партофта гурехтани мо айб аст. Айби бузург. Хайр, боз ҳамсояҳо ҳастанд. Бо ҳамин ақида, аз дасти як маст гирифта ӯро аз ҷой хезонданӣ шудем.
— Мо дар кат хоб намекунем,— гуфт он масти хомхаёл.
— Ин хонаи мо, баромада дафъ шавед!—гуфтем мо бо овози баланд.
Масти дуюм мушташро гиреҳ карда, аз ҷояш бархост.
— Шабона дар кӯча, дар ҳавои кушод мурданамон яқин,— гуфт ӯ,— хубтараш дар ҳамин хона мемурему…
Мо бо мастҳо дастбагиребон шудем, ҳамсояҳо чун тамошобин ҷамъ шуданд. Диламон барои халосгарҳо гум заду аммо касе пеш намеомад. Масте оринҷи маро ба зери дандонҳояш бурда, чунон газид, ки… Фарьёд задан барои ман айб буд. Масти дигар сарашро байни пои як бародари мо дароварда, ӯро озод бардошта, чаппа кард. Аз ин лаҳза ҳамсояҳо магар лаззат бурданд, ки чанд касашон қарсак зад.
Ниҳоят майдони ҷанг ба рӯи ҳавлӣ кӯчид. Ана, дар ин ҷо гурехта, ҷон ба саломат бурдан осонтар буд. Магар дар назди ҳамсояҳо гурехтан осон аст?
Мастҳо аз чанг хаста шуда, ба роҳашон рафтанд. Ҳамин дам марди ҷасури хонаи мо аз ким-кучо пайдо шуда, дар назди ҳамсояҳо довталабона гуфт:
— Канӣ куҷо шуданд вай авбошҳо. Ҳамаашонро зада талқон мекунам.
Ин гап дигар фоидае надошт. Ба оринчи газидаю
сари варамидаи мо марҳам намешуд, ки намешуд…
* * *
Дар мурофиаи суди халқӣ ҳамаи чабрдидаҳо иштирок карданд. Ба истиснои як нафаре, ки аксарияти дуздҳо хешони наздикаш буданд. Ҳамин ки прокурор зарарҳои молии ба ҳар кадом ҳозирон овардагии дуздонро қиоса кард, мо бародарони ҷабрдида, аз хиҷолат суп-сурх шудем: дузд ва хонаи мо ҳамагӣ як туфлии нави чойдорӣ бурдаасту аз хонаи Ҳакими магазинчӣ ду ҳазор пул, шаш қолин, ду магнитофони японӣ ва боз чанд чизи дигар. Аз хонаи як чекчии бозори шаҳр 19 ҳазор сӯм пули 50-сӯма, 34 ҳазор заёми сефоиза, 19 ҷуфт туфлии мардона, 27 телпаки санҷоб ва боз чанд чизи дигар. Дар он миён ҷабрдидаи асосӣ дар қатори пеш нишаста, гирья мекард. Вай мудири анбори қабули халтаҳои холишуда будааст. Дуздҳо аз хонаи вай як ҷилди болишт пули садсӯма ва 29 баллони автомашинаи «Жугулӣ», 17 аккумулятори «ГАЗ-24» бурдаанд. Аз хонаи чанд коркуни вазоратхонаю идораҳои мӯътабари дигар ҳам бисьёр зару зеварҳои қиматбаҳо бурдаанд, аммо онҳо дам назадаанд. Дар баёноташон на- виштаанд, ки дузд ба хавлиашон даромада, чизе нагирифт. Ин, албатта, як навъ зиракӣ ва ҳушьёрии онҳо будааст.
Як аъзои хонаи мо ин гапҳоро шунида, сарашро дудаста дошта монд. Вай ду дафъа аз худ бехуд шуда, худ ба худ «як ҷилди болишт пул» гӯён, хеле ғусса хӯрд. Мо бародарони дигар аз шарму ҳаёи бепулӣ ва нигоҳҳои ало-алои мардум замин накафид, ки дароем.
Хушбахтона, дузди ба хонаи мо даромадагӣ ҳам худашро шиносонд. Зарари ба чанд оила овардагии вай 124 ҳазор сӯмро ташкил мекардааст. У мувофиқи қонун бояд дар давраи хизмати дорулахлоқ ва баъди хизмати он зарари овардагиро бо чанд маошаш пӯшонад…
Ба карибӣ, ҳамон дузди дирӯзаро дар гузари худамон дар сари куча дида, чун одами нодору бебизоат дар хиҷолат мондам.
— Ҳоло дар управленияи хонаҳо ҷунбида истодаам,— гуфт вай бо кибру ғурур,— маошам аз сад сӯм зиёдтар. Хайр, боз алимент ҳам медиҳам.
Вақте ки маоши дузди хонаи моро дар байни қарздорону алиментгирҳо тақсим кардем, ҳамаашро фаҳмидам. Барои ба даст овардани пули як туфли 27 сол интизор буданам лозим будааст. Дигар ҷабрдидаҳо аз ин ҳам бештар. Аммо фалокати ба музей бурдани дар аз зарари моддӣ овардагии дузд ба маротиб бештар буд.