ФАЙЛАСУФНАМО

Дуи мо дар меҳмонхонаи барҳавое шинос шудем. Ӯ марди корозмуда ва боҳавсалае буд: аз дар даромадан замон ҷомадонашро кушода, пойафзоли хонапӯшӣ ва собуну оачоқашро баровард ва бо як порча латтаи махмалин гарду хоки туфлиҳояшро пок карда, онро боз ба чомадон андохт. Ҳамроҳи худ дарзмолу риштаву сӯзан ҳам дошт. Ҷӯробҳояшро низ дарзмол кард. Ҳамхонаам баъди чунин корҳоро иҷро кардан, як ба тарафи ман, ки дар рӯи кат бо гарданбанду туфлиҳо дароз кашида будам, нигоҳ карда гуфт:

—  Хм, уко, шумо читу?

—  Хеле хуб, муаллим,— гуфтам сарамро аз болишт каме баланд карда.

Ҳамхонаи ман либосашро иваз карда, ба хамьёза-кашй даромад.

—  Хаста шудагистед, як каме дам гирифта кӯфти роҳро бароред,— маслиҳат додам ман.

—  Албатта, албатта,— гуфт хамхонаам,— хастагӣ чизи ганда, истироҳат кардан гарави саломатист. Ман дар хусуси аҳамияти истироҳат ба саломатии инсон як асар навиштанӣ, хусусан, дар мавриди аҳамияти хоб ва хоббинӣ.

Баъди ин сӯҳбати мо ба сари муаммоҳои зиндагӣ омад. Ростӣ, ман худамро ба нисбати ин шахс хеле нодону оҷиз ҳисобидам.

Акнун соат аз дувоздаҳ гузашта буд. Хурроки мусофире, ки тамоми рӯз магазиндавиву бозоргардӣ кардааст, аз утоқи дигар шунида мешуд. Ман сарамро аз болин ночор баланд карда, суханҳои фалсафии ҳамхонаамро гӯш мекардам.

—  Зиндагӣ маҷмӯи муаммост,— гап сар кард ӯ,—масалан, шумо ба ман гӯед, ки чаро буз риш дораду пишак не? Чаро пишак мехарошаду лагад намезанад? Хамаи ин таззодхои зиндагианд, ки мо аз паҳлӯяшон хамту гузашта меравем. Як муаммои дигар: чаро бахар ҷаз медиҳанду ба саг устухон, чаро гов алаф мехураду сагу пишаку гург не? Чаро пишак ҳайвони хонагӣ шуду ана вай мушу рӯбоҳ не?

—  Агар рӯбоҳ ҳайвоии хонагӣмебуд, занҳо пӯсташро канда пальто медухтанд,— гуфтам хобамро парронданӣ шуда.

—  Не-не,— гуфт файласуфнамо,— дар ин ҷо ҳам як гипотезаи илмӣ ҳаст. Ин тахмивҳо асоси илмӣ ҳам надоранд. Дар бораи хулқу атвори ҳайвон ҳам чанд сухам гуфтал мумкин. Масалан, чаро гов бо шохаш мезанаду аспу хар бо лагадаш? Бинед, як мавзӯи вомзадии таппа тайёр. Таъин кардани одатҳои лагад задан ва газидани ҳайвонот «ори таърихшиносон аст, на файласуфҳо. Мебахшед, каме пургӯӣ кардам. Дар мавзӯи хӯроки ҳайвон ҳам гап задан аз аҳамият холӣ нест. Масалан, муш қаламфурро медуздаду вале намехӯрад, медонад, қаламфур канду шакалод нест. Ё ана гуртро гирем…

Ман ба хоб рафтаам. Як ғоят овози файласуфнамо маро аз хоб бедор намуд, ки мегуфт:

—  Ё мана, фароштурукро гирем. Фароштурук дӯсти одамизод гуфта гап мезананду вале шахсан ман дӯстии вайро ҳеҷ падидаам. Ин мавзӯъ ҳам тахти таҳқиқот аст ва бояд мову шумо мимбаъд дӯсту душмани худро бишносем. Хислату характери инсон ҳам як муаммои сарбастааст. Масалан… истед, ки шуморо хоб бурд, ӯка?

Ман каме ба пинак рафта, боз аз овози ҳамсуҳбатам ба худ омада гулу равшан кардам.

—  Гӯшам ба шумо, муаллим,— гуфтам.

—  Ҳа, воқеан, гапамон дар хусуси характеру хислатҳои инсонӣ буд,—суханашро давом дод ҳамсуҳбатам.— Бинед, вақте ки як кас аз каси дигар пул карз мегирад, чи қадар хурсанд мешавад, вале ҳангоми қарзро адо ка.рдан чӣ қадар рӯҳафтода…

—  Рост, рост, гуфтам чашмонамро молида.

—  Дидед, чи қадар маввӯи ҳаётӣ,—гуфт хамхонаам,— бале, омӯхтани рӯҳияи ҳар як фард дар ин ду лаҳза,— яъне, қарз гирифтану карз адо намудан вазифаи мо файласуфҳост. Лаббай? Чй гуфтед?

Пинаки ман боз париду чунин вонамуд кардам, ки хобам тамоман паридааст.

—  Ё чаро гапи носазои як бадфеъл баъди моҷаро алами касро меорад? Суханашро давом дод ӯ.— Ҳамаи  инхо  муаммоҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо мавзӯи таҳқиқотҳои оянда хоҳанд буд. Ба ёд овардани зарбаи мушти ҳариф баъд аз моҷаро мавзӯи муҳимест, ки халосгарҳо онро дарк карда наметавонанд. Ин хел мисолҳо кам не. Ё масалан, чаро инсон шӯрборо бо кошуқ мехӯраду моҳибирьёнро бо панҷа ва  паловро бо даст? Ё оддитарин мисол ин ки…

Як ғоят пинак рафта будааму, боз бедор шудам, ки гап аз хурӯсу мокнён мерафт.

—  Медонед,  чаро  хурус  ку-қу-қу  мегӯяду  мокиён кут-кут мекунад?— шунида шуд овози ҳамсӯҳбатам,— ин  ҳам  як  муаммои  зиндагист,  мову-шумо  омро  намедонем.

Ҳамин вақт дари утоқамонро чанд кас ба мушту лагад кӯфта, моро бедор карданд. Маълум шуд, ки оби чӯш аз дастшуяки хонаи мо шорида ба хонаҳои манзили поён фуромадаасту мо бехабар. Ҳама ба сари дуи мо моҷаро бардоштанд.

—  Ин ҳам як ҳодисаи табиат,— дод мезад ҳамхонаам,— ин ҳам як муаммои зиндагӣ!

Коркунони меҳмонхона акт менавиштанду ҳамхонаи ман аз кадом-як китоби ғафси муковааш фарсуда, иқтибос кофта мегуфт:

—  Мо тамоми қонунҳои табиатро ба худ тобеъ карда  наметавонем. Оё медонед, ки чаро бедона пақ-палак гуфта мехонаду кабк ка-қа? Ё ана вай саг аккос мезанаду хар ҳангос?!

Ходимони меҳмонхона рафтанд. Ману ҳамхонаам то дамидани субҳ латтаву ҷорӯб дар даст фарши хонаву долонро хушк кардем.

Пагоҳӣ вақте ки мо аз хона мебаромадем, навбатчии меҳмонхона пайдо шуда, фармони маъмуриятро ҳичдакунон хонда дод… Мо ҷомадонҳоямонро ночор бардошта, аз зинаҳо хомӯшона поён меомадем. Ана дар ҳамин лаҳза дар сари ман ҳам як муаммои дигари фалсафи пайдо шуд: «чаро оби ҷӯшро ҳамхонаи ман сар доду маро ҳам аз меҳмонхона пеш карданд? Чаро?»