ҲИКМАТИ ФОЛБИН

Дар як кӯчаи танги деҳаи хурдакаки кӯхӣ мағалу шавқуни бачаҳо баланд шуд.

—       Фолбин омад, фолбин омад,— мегуфтанд бачаҳо ва аз дунболи як даста ҷӯгизанҳо медавиданд.

Пеш-пеши даста як ҷӯгизани лоғарандоми кадбаланд, ки асои дарозе дар даст дошт ва ду дандони пешаш аз таъсири зангор кабуд шуда буд, бошитоб ва бақувват қадам мезад. Чеҳраи кампир аз таъсири гар-мову сармо тира шуда, мисли лаълии мисини равған-олуд аз шуои офтоб ялакқос мезад.

—Ҳой, фолбинхо омаданд, фолбинҳо ом-аданд!—овози бачахо аз байни деҳа <ба гӯш мерасид.

Ҷӯгизаии пир бо ҷӯгизанхои дигар ба хавлии Анзуратмоҳ даромаданн шуданду саги сиёҳи калоне ба он-хо ҳуҷум кард. Ҷӯгизани пир ба сари саг ду-се асои обдор фуроварда, дохили ҳавлии калони сарсабз гардид. Саг баъди асои обдор хӯрдан тарсида, ба хавлии дарун гурехт.

—Ин ҳавлии мурод аст, ҳавлии шермардон, ҳавлии тӯю тамошо, хавлие, ки якеҳо ҳасад баранду дигархо дари додаш гуянд,— ба гап даромад чӯгизани пир кампири Анзуратмох.ро дар рӯ ба рӯи худ дида ва илова намуд,— ҳавлие аст, ки чашми ҳама дӯсту душман ба ҳамин.

Аз ин гапҳо офтоби меҳри Анзуратмох тофту боз пештар омад. Чӯгизани пир дасти чапи кампирро бо дасти росташ дошта, суханашро давом дод.

—Дилат гоҳе алағда меш^аваду гоҳе не гӯям,— ба фолбинӣ даромад ҷӯгизани пир,— гоҳ аз дӯст алағда мешавию гоҳ аз душман, гӯям, гоҳ «аз худгоҳ аз бегона, гоҳ аз чапу гоҳ аз рост. Гоҳ аз хешу гох аз табор, гоҳ аз писаругоҳ аз духтар, гоҳ аз шавхару гоҳ аз дигар гӯям. Имсол гӯям, порсол гӯям, як ҳафта пеш гӯям, ях моҳ пеш гӯям, аз осмон буд гӯям, аз замин буд гӯям, ҳамсоя буд гуям, мард буд ё зан буд гуям, қомапбаланд буд ё миёнақад ё қадпаст гӯям, ба ҳавлии шумо чун дӯст медарояд ё чун душман гӯям, ягон хайру садақа кун.

—Ҳой, Рисолат, ҳамон куртаи нави маро бо даҳ сӯм барор,— овоз баровард кампири Анзуратмоҳ ба духтараш.

Чӯгизани пир инъоми Анзуратмоҳро гирифту фолби-ниашро бо ҳамон шасти пештара давом дод.

—Аз дӯст расид ё аз душман гӯям, имсол гӯям порсол гӯям. Ҳамсояи дасти рост гӯям, ё дасти чап гӯям, вайро мард гӯям ё зан гӯям, номашро Валӣ буд гӯям ё Алӣ буд гӯям, ё Низом буд гӯям ё Ҳоҷӣ буд гӯям, ё Тоҳир буд гӯям, бадбахтии шуморо мехоҳад гӯям ё гзмехоҳад гӯям ё номаш.ро Назирамох, ё Ҳанифа гӯям, Рангинмох ё Хуршедмоҳ гӯям, Гулбибй ё Дурбиё- гӯям, ба ту душманӣ дорад ё дӯстӣ дорад гӯям.

Ана, боз як хайри дигар кун, чашми душманат кӯр шавад!

—Хой духтарам, ҳамон пои гӯсфандро барор,—овоз баровард кампир,— боз як даҳ сӯми дигар…

Чӯгизан гӯштро ба халтае андохта, фолбинияшро навакак давом доданӣ буд, ки хоҳари кампири Анзуратмоҳ Бибисанам ҳам пайдо шуд ва ба гуфтаҳои ҷӯгизан гушу хуш шуд.

—Имсол гӯям, порсол гӯям, аз худ гӯям, аз бегона гӯям, хамсоя гӯям, хамдеҳа гӯям, ба ту душманӣ дорад гӯям, душманӣ надорад гӯям. Ба рӯят ханда кунад гӯям, дар дил кина дорад гӯям. Гоҳе меҳмонат шавад гӯям, гохе худаш дарояд гӯям, ҳамеша намак хӯрад гӯям, вале намакдон шиканад гӯям. Ана, боз аз барои

кӯр шудани чашми тамоми ҳасудхӯронат ва душманонат хайри дигаре кун.

—Хой духтарам,— овоз баровард Анзуратмоҳ,—ҳамон рӯймоли пашмини калонамро ҳам биёр.

Ҷӯгизапи пир як дуои ғурру ғафс дода, аз дарвозан ҳавлн берун шуд Бибисанам ба апааш Анзуратмоҳ ру овард.

—Ана, маи нагуфтам, ҳамон одами миёнақади ба мо душманӣ доштагӣ ҳамин ҳамсояат Салим ё занаш Ҳабиба,— гуфт Бибисанам бо як қаҳру ғазаб,— одам,

апачон, бояд дӯсту душмани худро шиносад.

Имсол гӯям, порсол гӯям гуфтанаш ҳам ҳамин. Аз дӯст гӯям аз душман гуфтанаш ҳам беҳуда не. Вайро хондагӣ гӯям ё нохонда гуфтанаш бедарак не, апаҷон. Бибисанам рафту дугонаи наздики Анзуратмоҳ, Бибиҳалима ба ҳолпурсӣ омад.

—Ман шунидам, ки ҷӯгизан тамоми дӯсту душманатро як-як комбар кардааст, рост?—пурсид Бибиҳалима.

—Ҳа, ҳамаатро номбар кард,— гуфт Анзуратмоҳ бо қаҳру ғазаб.— Медонӣ, душманҳои маи киҳо будаанд? Боз хамон нону намакхӯрҳои даста.рхонам. Не,

ман онҳоро ин тав:р намемонам!

—Вой мурам, номашонро ҳам гуфт гӯед,— дар ҳайрат монда пурсид дугонаи Анзуратмоҳ.

—Не, номашонро нагуфту вале нишонаҳояшонро бутун гуфта дод,— гуфт Анзуратмоҳ.

—Э, дугонаҷон-е, ман ҳам мехоҳам, душманҳоямро шинохта гирам, канй ҷӯгизан аз кадом дар баромад? Ба кучо :рафт?— аз ҷой бархост кампири Бибиҳалима ва ба суроғи фолбинзан рафт.

—Тезтар ҷӯгизанро пайдо куиед, ки боз ба дасти душманҳои ману шумо наафтад,— таъкид намуд Анзуратмоҳ бо овози баланд.

* * *

Аз замони рафтани ҷӯгизан аз деҳаи мо бист сол гузашт. Аммо ҳанӯз ҳам Анзуратмоҳу Бибиҳалима оташи чангу моҷароро дар деҳа хомӯш накардаанд.