СИТОРАИ ДУРНАМО

Абдумаҷиду Саидбек пагоҳӣ ба кор омада, ба паси миз нишастанд ва коғазу қаламашонро руи даст гирифта буданд, ки амаки Мавлон ҳам пайдо шуд.
— Баҳ, баҳ, ин автобус аз одам қариб кафида буд- е,— ба воҳимакунӣ даромад амаки Мавлон,— одам ин қадар зиёд шудааст, ки… наузанлиллоҳ…
— Амак, мебахшед, ҳамин пагоҳӣ рангатон кандагӣ барин,— гуфт Саидбек.
— Ҳа, ба хаёлам, чеҳратон коҳидагию чашмонатон фурӯ рафтагӣ.
— Э, не,— оинаро аз бағалкиса баровард амаки Мавлон,— ҳа, вокеан, сарам ким-чӣ хел…
— Боракалло,— гапи амаки Мавлонро об додани шуд Саидбек,— зери чашмонатон халта шудагӣ.
— Истед, амак, гӯрдаатон, санг надорад-ку? — савол кард Абдумаҷид,—миёнатон дард намекунад-ку?
— Гоҳ-гоҳ дард мекунад, лекин фақат шабона,— гуфт амаки Мавлон.— Як тарафи гӯши ростам ҳам…
Он рӯз амаки Мавлон аз кор дасту дил шустагӣ барин шуда нони чошт ҳам нахӯрд. Иштиҳояш баста шуду дар ботинаш як ташвише ба вуҷуд омад. Ӯ акнун ҳар дам хилват карда, ба оина менигарист ва оҳи сарде аз дили пурдард мекашид.
Рӯзи дуюм Абдулмаҷид аз дари кабинет даромада, ба тарафи амаки Мавлон оғӯш кушод.
— Шабона дар бораи шумо амак хеле фикр кардам,— гуфт Абдумаҷид,— дирӯз аҳволатонро дида тарсидем. Воқеан, имрӯз ранги рӯятон зард шудагӣ. Хун аз лабонатон ҳам паридагӣ.
Амаки Мавлон ба ташвиш афтода, оинаи хурдакакро аз киса бароварда, навмедона ба гап даромад.
— Пеши чашмонам сиёҳӣ мезанад, гӯед,— гуфт ӯ,— вақти роҳгардӣ гӯё ҳар ду поям ба даруни гил меғӯтида бошанд, пеш намераванд.
Гашти рӯз Саидбек ҳам пайдо шуда, ба амаки Мавлон изҳори таассуф намуд.
— Амак, шумо худатонро ба духтур як нишон диҳед,— гуфт ӯ баъди вохӯрӣ намудан,— одаму дам, гуфтаанд. Ҳазрати Бедил гуфтаанд:
Як қадам роҳ аст, Бедил, аз ту то домони марг.
Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ ҳушьёр бош!
Гуфтагӣ барин, имрӯз ҳам ҳолатон хуб не. Ин, албатта, ба худатон чандон маълум намешавад. Атрофи чашмонатон ҳам каме кабуд шудагӣ. Ҳар балое, ки ҳаст, дар даруни саратон ҳаст.
— Ҳа, акнун бори аввал,— бо оҳанги нолиш гап гирифт амаки Мавлон,— ба худам ҳам маълум, ки мазаам нест. Аз дишаб боз хоб аз чашмонам парида.
— Ана, амак, гап гапи худатон,— гуфт Саидбек,— беморӣ ки аз ҳад авҷ гирифт, хоб ҳам парида меравад ва хешу табори мурдагӣ бештар ба хоб медароянд.
— Ҳа, ҳамин хел,— боз нолишкунон гап гирифт амаки Мавлон,— ҳамин шаби гузашта, худораҳматии бобоямро дар хоб дидам, ки он кас ба ман нигоҳе накарда, рафта истодаанд.
— Изначит, дар ҳаққашон дуо фотеҳа накардаед,— кафид як корафтода, ки ду соат пеш ба кабинет даромада, дар интизори саволи амаки Мавлон буд.
Амаки Мавлон пагоҳӣ ба кор наомада, телефон кард, ки ба духтури асаб меравад. Сонӣ аз он чо баромада бо як профеоссори шинос ҳам мулоқот мекунад. Саидбек гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошта, сарашро дудаста дошта монд. Абдулмаҷид чизе гум кардагӣ барин ғалладонҳои мизи корияшро берун бароварда, кофтуков мекард.
— Ҳамин амаки Мавлон нараванд намешавад,— гуфт ӯ, ба тарафи Саидбек нигариста,— баъзе гонҷигарҳо як чиз ним чиз мебиёранд, аз тарс гирифта намешавад.
— Мавлон барин одамҳои кӯҳна аҷоиб,— гап гирифт Саидбек,— аз гуруснагӣ мемуранду аз касе чизе намегиранд: дирӯз Шавкат ким-чи хел савғотӣ оварда, аз Мавлон тарсида гашта рафт.
Абдулмаҷид коғазхояшро парешон намуда, ғур-ғур мекард.
— Зиндагӣ дигар шудагӣ,— мегуфт ӯ зери лаб.— Падари ман ҳам росткорӣ карда, охири охирон бе гӯру кафан мурда рафтанд. Худо раҳматашон кунад.
— Амаки маро намегӯӣ,— гуфт Саидбек,—бисту ду сол раиси ҷамъияти матлуботи район шуда, соҳиби якта гилем ҳам нашуданд. Ана имрӯз, шукр, дар панҷ соли ҳисобчигиям як таҳмон қолин дорам. Боз мошинам сарзиёдатӣ.
— Хайр, мо аз одамҳо чиз талаб намекунем-ку,— гуфт Абдулмаҷид,— корафтода мешаванду як сӯму ним сӯм партофта мераванд. Масалан, ба яке биринҷи хуб лозим мешаваду ба дигаре чою конфет Шукр ҳоло тӯю сур бисьёр.
Рӯзи душанбе амаки Мавлон сулфида-сулфида дари кабинетро кушода, ба Саидбеку Абдулмаҷид салому паёми зиёд гуфтанд.
— Шукр имрӯз аҳволам хуб-а?—ба хамкорон рӯ овард амаки Мавлон.— Шукр хамин шаб бароҳат хоб карда, ягон фикру хаёли дигарро дар сарамҷой надодам.
— Канӣ, канӣ, ҳа, саломатиатон каме мешавад,— гуфт Саидбек рӯяшро каме турш карда.— Лекин чашмонатон ҳанӯз ҳам дар чояш не. Нафаскашиатон хам тағьир ёфтагӣ барин. Мабодо бемории зики нафас ё астма надоредку?
— Не, не,— саросема шуд амаки Мавлон,— ман ба духтур ҳам нишои додам. Вай гуфт, ки каме хаст: шудааму истироҳат кунам.
— Ҳа, хаста буданатон маълум,— гуфт Абдулмаҷид,— мӯятои ҳам рост рост хестагӣ! Ин фоли нек не, тағо, шумо аз ким-чи тарсидагӣ барин.
— Не, ҳама гап дар асаб,— гуфт амаки Мавлон,— ман хамин одамхои назди шумоён меомадагиро дида, ҳар рӯз асабӣ мешавам. Эҳ, виҷдон, виҷдон…
Саидбек ба Абдулмаҷид чашмакй зад ва ҳамон «одами кӯҳна» гуфтани ӯро тасдиқ намуд.
177
— Тағоҷон, вақти роҳгардӣ поятон меларзад,— боз
12-1330
ба ҳучум гузашт Абдулмаҷид,— ларзидани пой, аломати пирӣ бошад?
— Ҳа, дуньё ҳамин, пир шудем,— гуфт амаки Мавлон,— пир шудему касеро озор надодаем, пир шудему назди касе сар хам накардаем.
Аз ин гапҳо бадани Саидбек тасфиду қаҳру ғазабашро бештар сохт.
— Одамҳои инзамона, бемор шуда, бисьёр хоб намекунанд,— гуфт Саидбек,— дар кӯча қадам зада, афтода мемуранд.
— Марги муфоҷоташ ҳамин,— гуфт амаки Мавлон,— лекин марг парвои пиру ҷавон надорад. Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад, гуфтаанд…
Амаки Мавлон инро гуфту каме ба андеша афтод. Дар ин чанд рӯз торҳои асабаш хеле таранг шудаанд. Ба андак гапи ноҷо вуҷудаш дар мегирад. Дабонаш аз қаҳр пир-пир парида, гапҳои кабеҳро ба забон мебарад. Духтури асаб ба ӯ чанд даво тавсия кард, ки ягонтаашон фоида нарасондаанд.
— Фишори хунам баланд шудагӣ барин,— гуфт амаки Мавлон худро ба болои диван партофта,— ӯкаҳо мошини ёрии таъчилиро даъват мекардед.
— Хуб шудааст,— гуфт Абдулмаҷид дар дилаш таблак навохта,— амак вайрон шудани вазъи сиҳатиатон чанд рӯз пештар маълум буд.
— Мана, окибаташ,—воҳима кард Саидбек,- фишор ин яъне модари аҷал-дия. То накушад, халосӣ нест.
Духтури ёрии таъҷилӣ набз ва фишори хуни амаки Мавлонро санҷида, ӯро фавран ба шифохона бурданд.
— Дуньё ҳамин, ҷӯра,— гуфт Абдулмаҷид ба Саидбек бо киноя,— амаки Мавлон ҳамин замон буданду хамин замон нестанд.
— Одамони кӯҳна хеле матину лекин каме хӯрдагир,—гуфт Саидбек курсии паси мизи кории амаки Мавлонро бо курсии худаш иваз карда,— дареғо, рафтанд, ки рафтанд…
Дертар амаки Мавлон ба сабаби бемори ба нафақа баромаданд. Саидбеку Абдулмаҷид корафтодаҳоро минбаъд озодона ва беибо қабул карда, дар мақоми вазорат чун кадрҳои боэътимоду болаёқат шинохта мешуданд.