Маро дар ҳолати беҳушӣ ба шифохона оварданд. Дардамро наёфтанд. Марг ба ман таҳдид мекард. Ҳамсарам оби чашм карда мегуфт: «Вой дод, вой навбати мошингирӣ чӣ мешавад?» Амакаш ӯро тасалло дода мегуфт: «Ҳеҷ гап не, навбатат намесӯзад, охир фарзандонаш ҳастанд-ку». Чанде аз дӯстонам ҳам ашки ҳасрат рехта, сарашонро ба деворхо ҷанг меандохтанд: Аз яке ман пул қарздор будаму ба дигаре барои гирифтани хона ёри расондани будам. Хушдомани меҳрубонам қариб буд, ки гурдакаф шавад: Мошинаи аз идора гирифтагиашро дар бозор фурӯхта аз сари пулаш барои ӯ ангуштарину гӯшвори тиллоӣ мехаридам. Як хеши дигарам, ки имсол писараш ба институт даромаданӣ буду ман ба ӯ тағо мешудам, бо овози баланд «ҳой-ҳой» гӯён, нақва мекашид. Аммаю холаҳои ҳамсарам либосҳои махсуси мотамӣ дӯзонданд. То ин ки рӯзи дафни ман занҳои дигар хасад бурда, «баҳ-баҳ», чи қадар либосҳои «зебо» гӯён, сӯхта хокистар шаванд. Овози зани овозандозеро низ ба лентаҳои магнитофон навиштанд.
Ҳамин қадар тайёрӣ диданду намурдам. Аммаю холаҳои ҳамсарам хеле асабонӣ шуданд. Гӯркову ғассоли гузар ҳам кина гирифтаанд… Ман «баъди як ҳафтаи аз беморхона баромадан ба идора омадам. Дар ҷои корам табъи ҳама хира буд.
Ман қоғазҳои болои мизи кориамро такурӯ карда, ҳуҷҷати муҳимеро пайдо кардан хостам. Ҳангоми кофтуков аз байни коғазҳо як варақ таъзиянома баромад, ки он таъзияи ҳамкоронам ба марги ман буд. Мана он: «Марги бемаҳал рафиқи мушфиқу меҳрубони мо — Абдуллокул Девонаевро аз сафҳои мо рабуд. Ӯ рамзи дӯстӣ ва садоқат буда, беҳтарин хислатҳои неки инсониро дар худ таҷассум месохт. Ба рафиқону ҳамкоронаш ғамхору меҳрубон буд. Ӯ ёрии худро ба ҳама дареғ намедошт. Абдуллоқул Девонаев дар корҳои ҷамъиятӣ хаста нашуда, иштирок мекард. Ба кору зиндагӣ садоқати бепоён дошт. Ӯ то нафаси охирини ҳаёташ аъзои фаъоли ҷамъиятҳои ихтиёрии харгӯшпарварон, табиатдӯстон, шикорчиён, моҳидорон буд. Ӯ дар оила ва дар ҷамъият намунаи ибрат буд. Ҷавонон аз ӯ дарси садоқату вафодорӣ омӯхта, ба роҳи ӯ қадам мезаданд. Абдуллоқул Девонаев марди комилан принтсипнок буд. Ӯ танқид ва худтанқидкуниро дӯст медошт. Соҳиби дили софу беолоиш буд. Ба коргурезону найрангбозон нафрат дошт ва ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебурд.
Хотираи Абдуллоқул Девонаев дар дили мо дӯстонаш ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Ӯ намурдааст ва зинда дар дили мост.
Алвидоъ, эй дӯст, алвидоъ!
Гурӯҳи рафиқон».
Таъзияро хондаму дилам барои мурдаи гум зад. Дареғо, ки боварии ҳамкоронро аз даст додам ва ман бояд аз ин идора равам.