БОЗЬЁФТ

Ба музеи колхозамон як чакмани моҳути кӯҳна оварданд. Чакмани аз захми тир ғилборшуда. Ин бозьёфт саҳифаи нави таърихи ҷонсупориҳои мардуми деҳаи мо хоҳад шуд. Чакманро дар ҷои ба назар намоёни музей овехта, ба зераш чунин нааиштаид. «Ин ёдгор аз гузаштагон аст. Аз қаҳрамони дастаҳои зидди босмачиён». Аммо соҳиби ин чакман кӣ буд, касе намедрнист. Чанде аз мардони солхӯрда онро ба Шамсиддинбек ном марди ҷасур нисбат дода, аз таърихи ҷонсупориҳои вай қисса макарданд. Як марди солхӯрдаи дигар, ки худро таърихи зиндаи деҳа вонамуд мекард, чакмани захминро ба Абдулкамол ном кас мансуб дониста, остинашро бӯсида ба пешонааш молид.

Ин кори мо ба иззати нафси мардуми деҳаҳои дигар расиду ба шӯр омаданд. Онҳо низ даъво карданд, ки ин чакман чакмани бобокалонашон аст. Сокинони деҳаи Лолазор чакманро бӯй карда, шинохтанд. Гуфтанд, ки он чакман азони Саидқосим ном марди паҳлавонҷуссаи ҷасуре будааст. Аммо як далел гапи онҳоро ботил сохт. Андозаи ин чакман хурд ба тани Саидқосим ғунҷиданаш ғайриимкон буд. Гурӯҳе аз мардони деҳаи Сароб ба музей омада, даъво намуданд, ки чакман аз бобояшон аст. Ба ин даъво чанд каси дигар шаҳодат доданд. Хушбахтона, ин даъво ҳам асоси таърихӣ надошт. Зеро бобои ин шермардони даъвогар дар солҳои ҷанги гражданӣ бачаи дувоздаҳсола будаасту дар синни сисолагӣ аз шохи дарахти чормағз афтода аз олам гузашта будааст.

Шумораи даъвогарҳо хеле зиёд шуд. Дар ҳар деҳа намояндаҳои ҳафт-ҳашт аҷдод сар бардошта, аз қаҳра- монии бедареғи бобохои худ қисса мекарданд. Намояндаи хар кадом қавм кӯшиш дошт, ки чакманро мӯтааллиқ ба бобои худ созад. Аммо ин кори осон набуд…

Ана, хушбахтона, соҳиби ин ёдгори таърихӣ — сокини деҳаи мо худ ба худ пайдо шуд. Пирамарди Алиаҳмад чакманашро дар музеи колхоз шинохт ва ашки шодӣ дар чашмони камнураш ҳалка зад. Ба ин муносибат мухбири радиои маҳаллӣ ба мӯйсафеди Алиаҳмад сӯҳбат карда, зимни суханаш пурсид:

—  Бобочон, гӯед, ки чаро ин чакман аз захми тири душман ба ин андоза сӯрох гардиду шумо зинда мондед?

—Вакте ки босмачихо чакманамро тирборон карданд, вай дар танам набуд,—гуфт бобои Алиаҳмад.