ДАРМОН

Мошини ёрии таъчилӣ маро нимишабӣ ба беморхона овард. Аҳволам хеле вазнин буд. Вуҷудам аз таби баланд месӯхт. Фурсате нагузашта, духтури навбатдор ба сари бистарам омад.

—  Меъдаатон аз кадом вақт боз дард мекунад?— савол дод ӯ.

—Аз бист сол бештар,— гӯфтам ман навмедона.

—Аз байни хешовандонатон одамони меъдадард ҳастанд?— савол дод духтур ва боз илова кард,— ман мехоҳам, фаҳмам, ки касалии шумо ирсист ё не? Ҳеҷ намедонед, ки бобоҳоятон мабодо аз бемории саратон ё раки меъда намурдаанд?

Ман чизе гуфта натавониста лол шудам.

Духтури хоболуд ба чеҳраи ман нигоҳ карда, оҳи сард кашид. Ман худамро маломат мекардам. Охир, чӣ хел набера ҳастам, ки аз кадом касал вафот кардани бобокалонамро намедонам? Мутаассифона, на танҳо ман, балки набераҳои бисьёре сабаби марги бобокалонашонро намедонанд.

—  Тахмин мекунам, ки бобоятон аз бемории захми меъда фавтида бошанд, пас шумо ҳам ин дардро ба мерос гирифтаед,— гуфт духтур баъди хомӯшии зиёд,— Ҳоло диагнози шумо маълум не, пагоҳ анализ дода рентген мекунанд, маълум мешавад.

—  Кошкӣ маълум шавад, духтурҷон. Кошкӣ…

Шаби аввалро ба фикру хаёл рӯз кардам. Навакак

сарамро ба болин монда, пинак рафта будам, ки овозе маро бедор кард.

— Аз тиреза як нигоҳ кунед,— гуфт ҳамшираи тибби бо хотири ранҷида.

Аз тиреза поён нигоҳ карда, гурӯҳи хешу таборон ва рафиқонамро дида, шод шудам. Ҳар кадоми онҳо бо овози баланд пурсупос мекард.

—  О, ба духтурхона омада як даҳон нагуфтӣ-а?— гилагузори кард яке.

—Як ба хона телефон намекунӣ, ки рафтам. Ҳозир аҳволат читу?—савол кард дигарӣ.

—  Касалиам ирсӣ, аҷдодӣ,— гуфтам навмедона,— бобоям ҳам аз ҳамин дард мурдагӣ.

—  Ваҳ, ин чӣ дард будааст?—ба воҳима афтоданд беморбинҳо.

Ҳанӯз соат даҳ нашуда, чанде аз хешу таборону рафиқони бонуфузам ба назди сардухтуру духтури муолиҷакунанда даромада, ҳолу аҳволи маро пурсон карданд. Қарибиҳои нисфирӯзӣ маро аз палатаи шашнафарӣ, ба палатаи дунафарӣ гузарониданд.

—  Рафиқ, рафиқи бемор,— гуфтани касе маро ба худ овард.

— Ҳа, худаш чӣ гап?— гуфтам ва ба паҳлӯям нигариста, бемори ҳампалатаамро дидам.

—  Дардатон чӣ ном дорад?— савол кард ӯ.

—  Дардам, дарди ирсӣ, дарди бобоӣ,— гуфтам бо қатъият…

Рӯзи чоруми бистарӣ шуданам дар беморхона маро аз ошьёнаи сеюм ба ошьёнаи дуюм ба як палатаи дигар фуроварданд.

—   Ин ҷо барои шумо хубтар,— гуфт мудири шӯъбаи бемориҳои меъда.— Хӯш, табобатҳо чӣ тавр?

—  Ҳамааш нағз,— гуфтам изҳори миинатдорӣ намуда.

—   Ҳозир чанд рафиқи наздикатон ба назди ман омада буданд. Шумо коркуни база, ҳа?— савол кард духтур.

—  Ҳа, духтурҷон,—гуфтам аз кати хобам нимхез шуда,— зинда бошему сиҳату саломат бароем, хизмат тани мо.

—  Не, рафиқонатон одамони хуб,— гуфт мудир ва танҳо набзи маро санҷида, хайрухуш намуд.

Охири ҳафта маро ба як палатаи якнафара гузарониданд.

—   Оромӣ барои бемор давои беҳтарин аст,— гуфт духтури муолиҷакунанда,— мо шунидем, ки дар он палатаи дунафара бемори паҳлӯятон хуррок мекашидааст…

—  Саломат бошед, духтурҷон,— гуфтам боилтиҷо,— насиб бошад, хизмат тани мо.

—Аз, ҳама муҳиммаш саломатӣ,— гуфт ӯ.

—   Рост, рост духтурҷон,— гуфтам бо табассум ва чашмам аз тиреза ба берун афтод, ки ҳамсарам омада истодааст. Аҳволи саломатиям дар беморхона хеле хуб шуд. Акнун ман ягон дардро эҳсос накарда, дар интизори иҷозати духтурон будам. Лекин ҷавобам надоданд.

Аъроз ё симптоми бемориатон ҳанӯз қатъ нагардидааст,— гуфт духтур ботаассуф,— кори хона ба ҷое намеравад, ҳама гап дар тани сиҳат.

—   Рост, рост, духтурҷон,—гӯфтам бо маҳоли гирья ва осори бемориро дар вуҷудам ҳис накарда, боз худамро даст гирифтам,—ҷон духтурҷон, беморхона ба дилам заду маро ҷавоб диҳед.

Духтури муолиҷакунандаи ман як табассуми сохта карда, дигар дам назад.

—Илоҷаш бошад, ҳамин охири ҳафта, иҷозат диҳеду равам, духтурҷон,— боз илтиҷо йамудам ман.

Пагоҳии ҳафтаи панҷуми бемориам профессор ба аёдати беморон омад. Омаду маро дар бистари беморӣ дида ҳайрон шуд.

—  Ҳм, шумо ҳоло ҳам дар ин ҷо?— пурсид у.

Ман ҳанӯз даҳон накушода, духтури муолиҷакунандаам ба гап даромад.

—  Аз нигоҳи клиники ҳануз комилан сиҳат нашудаанд,— гуфт ӯ ба чеҳраи ман нигариста,— боз як бори дигар муоина кардан лозим.

Ҳайрати профессор бештар шуду гуфт:

—   Ба назарам, сиҳатиашон хуб аст. Ман ханӯз ду ҳафта пеш гуфта будам…

—  Албатта, албатта, профессор,— гуфт духтури муолиҷакунандаам дасту по гум карда.

***

Баъди аз беморхона гурехтанам ҳамаашро фаҳмидам. Маълумам гардид, ки аз беморхона халос шудани ман барин бемори сертӯҳфа кори чандон осон набудааст