ТАЪБИР

Наим дар арафаи иди ҳаштуми март аз истироҳат баргашт. Зану фарзандонаш ӯро хуш истиқбол карданд.

—       Бачаҳоро хеле пазмон шудам,— рӯ овард Наим ба ҳамсараш,— рӯзҳои аввал ҳеҷ аз хобам набаромаданд. Ҳамон шаби аввали ба хонаи истироҳат омаданам писараки хурдиамон Зафарҷонро хоб дидам. Хоб дидам, ки бачаи ҳамсоя ӯро кӯфта истодааст.

—       Бачаи ҳамсояро назадед?—тоб наовард ҳамсари Наим,— ман ба ҷои шумо мебудам, гӯшашро ба қадам мекашидам.

—       Ҳа, ман кашидаву кушода, ба баногӯшаш чунон задам, ки аз чашмонаш оташ парид.

—       Бобаш кардед, бар падари фарзанддор лаънат!—чӯшид ҳамсари Наим.

—       Ба баногӯши бачаи ҳамсоя задаму касе маро бо талвоса бедор кард.— Шумо девона шудаед, маро ба худ овард марди ҳамхонаам. Ман аз у узр хостам ва боз  сарамро  ба  болин  монда,  ба  хоб  рафтам.

—       Ҳамааш ҳамин?—савол кард ҳамсарам.

—       Не,— гуфт Наим,— суханашро давом дода,— шаби дуюм духтарчаамон Нодира ба хобам даромад. Хоб дидам, ки сагчаи ҳамсоя аз  бари доманаш  мекашид.

—       Охир  пои  сагро  зада  нашикастед?—гуфт  зан.

—       Ҳа, ба лагад кашидаву кушода ба ишкамаш задам,— гуфт Наим,— ба ишкамаш задаму ҳамсоя ба сарам дод зад.

—       Чаро  дод зад?— бетоқат шуда  пурсид ҳамсари Наим.

—       Як дод заду ким-чиҳо ғур-ғур карда рафт. Чӣ гуфтанаш дар хотирам намондааст, хоб-дия…

—       Ҳа, маълум, ки шумо аз ҳамсоя тарсидед,— ба ҳасрат гуфт ҳамсараш.— Не, ман ин корро ҳамту намемонам…

—       Як шаби дигар хоб  дидам, ки ҳамроҳи  бачаҳо ба як тӯи арӯсй рафта, ба ҳушьёрхона афтодаам… Ба ҳушьёрхонаи зери бинои худамон.

—       Ман набудам?— савол кард ҳамсараш.

—       Не,  ману бачаҳо  будем,— гуфт Наим,—’бачаҳо ба  хона  омаданду  ман  ба  ҳушьёрхона  рафтам.

—       Шармандагӣ! Хуб шуд, рӯзатон аз ин ҳам бадтар  шавад,— ба дуову дабара даромад ҳамсари  Наим.— Одам гуфтагӣ дар тӯй бисьёр наменӯшад ва бе

ҳамсараш намеравад.

Наим тӯҳфаро аз чомадон бароварда, ба ҳамсараш тақдим карданӣ буд, ки ӯ аз ҷояш бо ғазаб бархост.

—       Бас, дигар наметавонам!—дод зад ҳамсараш.

—       Ҳа, азизам, ба ту чӣ шуд?— сари роҳи ҳамсарашро гирифта пурсид Наим.

—       Э, моне-ед-е! Ягон бор маро дар хобатон надидеду боз гап мезанед!— гуфту дигар ба сухани Наим гӯш накарда рафтан гирифт.