ҲАШАР

Аз автобусе, ки донишҷӯёни ҳашаракиро ба райони канори шаҳр, ба майдони пахта мебурд, ҳануз дарак набуд. Дар зери дарахти сояафкани сари роҳ донишҷӯеро хешу таборонаш иҳота карда буданд. Ҷавон дар сар кепкаи чармин ва дар тан курткаи нави балони дошт. Ӯ сари худро чун тифли ширхор ба бағали модари меҳрубонаш гузошта, аз себи сурхи дасти падараш як газ-ним газ гирифта, бо нозу карашма мехоид. Модар ба чеҳраи фарзандаш нигариста, насиҳат медод:

— Шарифчики оча, ҳангоми пахтачини аз хораш эҳтиёт кун! Мабодо дар зери дарахти пахта хоб накунӣ,— мегуфт ӯ.— Мегӯянд, ки даруни пахта ҳар гуна ҳашарот дорад, курбоққаю мушаш беҳисоб.

Падари Шариф ҳам аз пешонаи писараш бусидан гирифт.

—   Шарифҷон, мабодо ба болои дарахти пахта набарои-а,— таъкид намуд ӯ,—Худо накарда аз шохаш афтӣ, миёнат гард-гард мешавад.

—Э, аз даҳонатон бод барад, мардак,— ба воҳима афтод модари Шариф,— Дарахти пахтааш ин қадар баланд?

—  Ҳа, дар байнашон якта-нимта баланд мешудааст, гуфт тағоии калони Шариф сигорро бо завқ дуд дода,— надиди, пахтаро ҳар рӯз дар телевизор нишон медиҳанд-ку.

Модар ашки рухсораашро пок карда, ба оҳу нола даромад:

—   Э, Шарифчики модар, мана, ин самоворчаро хамроҳат гиру зинҳор оби ноҷӯшида нахӯр,—гуфт ӯ сари фарзандашро ба сандуқи синааш пахш карда  гирья модарро гулӯгир карду амаки хурдии Шариф гитараи наппа-навро ба дасти бародарзодааш дода

—          Шарифҷон, инро ҳамроҳ бару худатро зиқ накун.

— Вай, чуҷаяки очае, —модарро гирья боз гулӯгир кард

—   Шарифчик, мана дар ин портфель ду кило гӯшти обҷушу ду мурғи бирьён ҳаст,—гап гирифт амаки калони бо оҳанги дилсӯзӣ,— ҳаминҳоро имрӯзу пагоҳ хур, боз насиб бошад, худам расида меоям.

Фурсате нагузашта, боз ду тағою амаки Шариф омаданд.

—   Мана, ин радиои дастиро ҳам ҳамроҳат гир, додар,—гуфт амаки нав омадааш,—ҷиян, ҳангоми пахтачинӣ чашматро эҳтиёт кун, ки мабодо ба дарунаш гард наафтад, ки пахтаҳо дору задагӣ, гардаш ганда.

—  Оҳ, бачаякам-е,— ба оҳу нола даромад модар,— ман туро ба ҳазор нозу неъмат парварида…

—  Келин, ҳеҷ гап не,— гуфт амаки аз ҳама калонии Шариф,— шукр, Шарифчики мо бачаи далер. Леин ба ҳар ҳол ҳангоми чидани пахта эҳтиёт кунад, ки хори ғӯза ба ангуштонаш нахалад.

—         Ҳа, воқеан, мо ваяшро ҳам овардаги,—гуфт падари Шариф ва дастпӯшакҳои чарминро аз кисааш_ бароварда, ба дасти писар пушонд,— Мана, ҳамин пушидагӣ дигар накаш, хори ғӯза аз сузан ҳам тез…

—  Истед, ки вазелин ҳам гирифтед?— савол кард холаи Шариф ба кисааш даст бурда,— ана ин қуттии вазелинро гирифта, ҳар шабу ҳар саҳар ба сару гарданат молидан гир. Дасту поиҳоятро ҳам вазелин мол, ки накафанд.

Шариф паси ҳам себу нок газида, гапу маслиҳатҳои хешовандонро сарам-дилам гӯш карда, сар меҷунбонд. Ду автобус наистода гузашта рафтанд.

—  Бинед, ҳама чизҳои заруриро гирифтаед ё не?— гуфт тағои хурдии Шариф ва илова кард,— ягонта шими ҷинсу ана вай куртаи «мистер Д»-ро ҳам ба ҷомадонаш андозед. Пальтою телпакашро ҳам гирад, лозим мешавад.

—   Вой дод, як чизи муҳим фаромуш шудааст,— бо талвоса гап гирифт холаи Шариф сарашро ҷунбода,— медонед, чилта тухмро обҷӯш карда гирифтему намакашро фаромӯш кардем. Агар ҳозир автобус омада монад…

—  Ваҳ!—гуфт модар аз ҷояш нимхез шуда.

—          Ҳеҷ гап не, ҳеҷ гап не,—гуфт амаки хурдии Шариф,— агар автобус наояд, ҷиянамро худам бо «Запорожец»-ам бурда партофта меоям.

Модари Шарифҷон аз ҷояш бархоста, ба анбӯҳи хешу таборон рӯ оварда, навмедона гуфт:

—  Ман бачаро, бо ҳазор машаққат калон кунаму имрӯз тухми бе намак хӯраду бо мошини «Запорожец» ба ҳашар равад!

Модар инро гуфта, сари Шарифҷонро сахт ба канор гирифт. Дигарон саргарми тасалли додани Шарифҷону модараш шуда, аз гузашта рафтани автобус бехабар монданд.