ИШТИБОҲ

(Нақл)

Духтур беморро бо меҳрубонӣ қабул карда гуфт:
— Шумо ин кадар камнамо, ба хона намебиёед. Мо шуморо ҳамеша ёд мекунем.
— Раҳмат, раҳмат духтурҷон,— гуфт бемор пешонаашро чин карда,— ҳамин хел як булутень лозим шуд.
— Ҳа, тобатон не-а?— гуфт духтур даҳони беморро боз карда,— гӯлуятон нағз. Хӯш, акнун шушҳоятонро гӯш кунам.
— Барака ёбед, духтур,— илтиҷо намуд бемор.
— Мана, дилу шушатон ҳам хуб,— гуфт духтур ва каме ба андеша афтода, баъд илова намуд:— шумо коргари фабрика-а?
— Не, коркунн автобаза,— гуфт бемор.
— Набошад, илоҷаш осон,— гуфт духтур ва пои чапи беморро даст-даст намуда, ба ҳамшираи тиббӣ фармуд, ки онро докапеч кунад.
Бемор аз духтур изҳори хушнудӣ намуда, аз дар берун рафт.
— Дароед,— гуфт духтур одами навбатиро даъват намуда ва ҳамин дам гапе ба ёдаш расиду ба ҳамшираи тиббӣ рӯ овард:— бемори пойдардро зуд баргардон, ки кораш расво мешавад.
Ҳамшираи тиббӣ беморро дар истгоҳ дарьёфт карда, ӯро ба назди духтур овард.
— Медонед, чӣ шудааст?— гуфт духтур,— ман дар
бюллютен пои ростатонро навиштаму дар асл пои ча- патонро бастаам.
Бемор пои росташро ба замин монда, пои чапашро каме баланд кард.