Дохили автобус аз одам меҷӯшид. Дар чунин лаҳза баъзеҳо ба кадри танҳоиву мошинаи шахсӣ расиданӣ мешуданд. Ман аз ҷумлаи пассажироне будам, ки дар сар ба ҷуз орзуи аз автобус бе даккаву тела фуромадан хаёли дигаре надоштам. Бале, фуромадан мушкил, аммо аз дари автобус даромадан аз он ҳам мушкилтар буд. Ана, ҷавоне дасташро ба кисаи чапи шимаш дароварда «амак намефуроед?» гӯён, овози ларзишнок баровард. Ман аз ҳаяҷон чизе нагуфта, он дастро даст гирифтаму далерона фарьёд задам.
— Дузд, ёрӣ диҳед, гражданинҳо.
Диққати ҳама ба сӯи ман ҷалб гардид. Ду-се нафар, гӯё аз ин пештар аз дасти ин кисабурҳо алам дида бошанд, аз кунҷи автобус, аз байни анбӯҳи мардум ба сари ман омада, аз дасти ҷавон дошта, аз ман пурсиданд:
— Канӣ, ака, гӯед, ин сагбача чанд пулатонро дуздид?— пурсид яке дандонҳояшро ба хам соиш дода.
— О, чи фарқ дорад,— ба байн даромад дигарӣ,— барои мардум ахлоқаш зарур аст, на пулдуздияш.
Ман баҳси он ду мардро кутоҳ карданӣ шуда гуфтам:—Ин лаънатиро ба милиция бурдан даркор.
Ҳамин дам як марди солхӯрда ва хеле ботадбир ба ман савол дод:
— Шумо гӯед, ки чанд пулатонро дуздидааст?
— Ман пул надоштам,— гуфтам.
— Пас ин бетарбияи муттаҳамро ин дафъа як лагад зада сар додан лозим,— гуфт он мард.
— Не, агар пул медоштам, мегирифт — якравӣ кардам ман, рагҳои гарданамро хезонда,— душмани пулу моламро ҳеҷ гоҳ раҳо намекунам. Ман пуламро аз сари роҳ наёфтаам, ки инро сар диҳам. Ман барои ин пул, ватанам, яъне хонаи бобоиямро фурӯхтагӣ.
Боз чанд каси дигар ба байн даромада, илтичо намуданд, ки он чавони қамаклро раҳо кунам. Нихоят, гапи мардумро ба замин назада, розӣ шудам ва сиёсат карда гуфтам:
Ҳоло бахтат баландӣ карду ба дасти ман барин одами раҳмдил афтодӣ, вагарна…
Табассуми гарм аз лабони он ҷавон канда намешуд.
***
Ҳа, ба фарзанди инсон некӣ кардан шараф аст… Баъди як ҳафтаи дигар, вакте ки пуламро аз ҳамон кисаам рӯфта бурданд, хеле бадқаҳр шудам. Хеле бадкаҳр шудаму аммо гиребони кисабур ин дафъа дар дастам набуд, ки набуд.