РИЗОЯТИ ХЕШОВАНДОН

Ба ҳавлии Аъзам-тағо хостгорҳои зиёде меомаданд: аз дуру аз наздик. Бале, ҳар кадом фарзанддор орзу дошт, ки духтари ин хонадонро ба худ келин кунад. Мана, барои ҳамин ҳам хостгорҳои зиёде меоянду боз умедашонро наканда мераванд.

Ҳар кадом дастаи хостгорҳое, ки меомаданд, хостгорҳои фиристодаи оилаҳои дигарро наҳ мезаданд. Қалини духтарро ҳар кадом торафт баланд карда, дороии домодшавандаро намоиш доданӣ мешуданд. Баъзе хостгорҳо ҳаққи шири духтарро аз ду ҳазор сӯм ба шаш мебардоштанд. Ҳаминро ҳам ишора мекарданд, ки хешу таборони домодшаванда ҳама коркунони БХСС ва идораҳои савдоанд. Рафту хостгорҳо мошин доштани ладари духтар Аъзам-тағоро мефаҳмиданд, дар омади гап даррав коркуни ГАИ будани яке аз хешовандони домодро хотирнишон мекарданд. Ҳамчунон барои гузаронидани тӯи арӯсӣ номи чанд ҳофиз ва раккосаҳои номию номи раиси тӯйро, ки як одами калоншаванда бошад, ба забон мебурданд.

Чӣ мегӯед, офтоби толеи хостгорҳои Самандар якбора тофта монд. Аъзам-тағою ҳамсараш барои ба шавҳар додани духтарашон ба писари Самандар розигӣ доданду вале боз ҳам гап дар розигии хешу табор. Одату расму русуми мардум ҳамин. Нашавад, ки бе розигии ақрабо тӯй шаваду падари духтар як умр дар хиҷолат мокад. Бо ҳамин мақсад Аъзам-тағо қарор дод, ки ҳарчи ҳам бошад як аз пеши хешовандони худашу ҳамсараш гузарад. Ба ҳамин ният амаки калонии духтар Назарро даъват карда, маслиҳат пурсиданд.

-Ман худам писари Самандарро санҷида бинам,— гуфт ӯ,— бачаҳои ин замона ба падарашон ҳеҷ монанд не.

Тарафи домодшаванда, ҷавоби амаки калонии духтар — Назарро қариб ним сол интизор шуданд ва хушбахтона, натиҷаи мусбат гирифтанд. Назар-амак дар ин муддат қариб ба тамоми коркунони управленияи хоҷагии қишлоқи вилояту районҳо саволу ҷавоб намуда, таку бисоти писари Самандар Ҷамолро битамом фаҳмида гирифт. Ӯ ҳатто ба ин ҳам қаноат накарда, ба шаҳр рафта, ба делову ҳуҷҷатҳо дар институти хондагиаш аз наздик шинос шуд. Бо раиси совети занҳои институт ҳам вохӯрда, ҷавони хушахлоқ будани уро низ пурсида гирнфт. Баъд аз ин, навбат ба тағои калонии духтап расид. Бале, як тағо ба ҷои ҳафт падар аст. Аз ин рӯ, масъулияти тағоҳо дар мавриди тақдири ояндаи ҷиянҳо бештар. Ҳатто аз падару модари фарзанд зиёдтар гӯянд ҳам, бозар кунед.

Тағои калонии духтар ба саволу ҷавоби ҳамкорони Ҷамол ҳам қаноат накарда, ба суроғи ҳамкурсони давраи студентиаш баромад. Ҳамкурсони Ҷамол дар тамоми вилоятҳои республика ва хориҷ аз он кор ва меҳнат мекарданд: баъзеҳояшон дар колхозу совхозҳо, баъзеи дигарашон дар управленияҳои району вилоят. Ҳатто се-чор нафарашон чун мутахассиси ҳанӯз ҷавон дар ресторанҳо мудири буфету ошпаз шуда кор мекарданд. Тағои духтар муваффақ гардид, ки аз нӯҳ нафар ҳамкурсони Ҷамол бо панҷ нафарашон мулоқот намуда, аз хулқу атвори домоди ояндаашон дурустакак пурсида гирад. Дар яке аз мулоқотҳо як ҳамкурсии Ҷамол аз дил бой додани духтаре ба ҷавон ҳамту як қисса кард. Ана хамин қисса тӯи арӯсии ин ду дилдодаро боз ду соли дигар кашол дод.

-Зиндагии оилавӣ бозича не,—фалсафа хонд тағои калонии духтар Мирҳайдар ду пояшро дар як мӯза тиққонда,—ҷияни ҳар кас барои тағояш ширин аст. Хусусан, ҷияни ман…

Амаку тағоҳон хурдии арӯсшаванда ҳам масъулияги бузургеро ба гардан гирифтанд. Ҳар кадомашон омӯхтани тарафхои гуногуни ҳаёти домодро ба уҳда гирифта, иҷрои онро чун вазифаи мукаддас дар назди авлоду қавмҳои худ ҳисобиданд. Баъзе тағою амакҳо дар рафти тадқиқоти ҳаёти домоди оянда, баъзе лаҳзахои муҳимро, ки дар зиндагии ояндаи ҳар кас роли калон мебозамд, ба дафтарчаи хотираашон қайд менамуданд. Дар он миён як амаки хурдӣ ва назарногири духтар баъзе тарафҳои ҳаёти домодро равшаи ва возеҳ намуд: ӯ аввалин маротиба, исбот намуд, ки Ҷамол духтареро дӯст медоштаасту вале бо ким-кадом сабаби номаълум баъдтар аз вай дил канда рафтааст. Аз ин мебарояд, ки домодшаванда аз як духтар дил канда, шояд ба духтари дигаре изҳори муҳаббат намуда бошад. Азбаски баъзе факту ракамҳо ҳанӯз хам возех ва равшан нашуда буданд, маросими тӯйро боз чанд соли дигар ба қафо партофтанд.

-Мо наметавоием, хоҳари худамонро ба як чавони булхавас дода, ӯро бадбахт созем,— гуфтанд амаку тағоҳои арӯсшаванда.

Хушбахтона, маслиҳат, ба аммаю холаҳои бешумори духтар расид. Холаи калони духтар Нозирамоҳ, ки ҳар хонадонро то ба мурғу сагу пишакашон мешинохт, ба кофтуков даромад. Ӯ даставвал ба кампирҳои гапчину ҳамадони гузари домод хуб сӯҳбат карда, дар ин кор аз ҷосусони шахсии худаш ҳам истифода намуд. Чосусон, қабл аз хама соати чанд ба хона баргаштани домодро ба тафсил хабар дода, соати чанд хобидани домодро низ хотирнишон намуданд. Ин ҳам як тарафи масъала буд. Аммаҳои дӯстдоштаи духтар дар ин роҳ хеле чонбозӣ намуданд.

-Мехоҳем, духтари яккаву ягонаи бародарамон дар зиндагӣ хушбахт шавад,— изҳор намуданд онхо бо катъият.

Дар ин муддате, ки хешу таборони духтардор тадқиқотҳои илмӣ ва тарҷимаиҳолиро пеш мебурданд, домодшаванда — Ҷамол бо арусшаванда Назирахон чанд бор мулоқот намуд. Дили ҳар ду ҷавон аз ишқу муҳаббат лабрез гардида буду вале чӣ илоҷ? Хешу таборони ҳар ду оила намехостанд, дар хусуси тақдири ояндаи онҳо саҳлангорӣ намоянд, мисли баъзе оилаҳои дигар даррав тӯю сур барпо намуда, баъд боиси бадбахтии ду гули навшукуфта гарданд.

Холаю аммаҳо ва баъзе хешу таборони дигари арӯсшаванда ба зудӣ розигӣ намедоданд. Онҳо ҳафт пушти аҷдоду авлоди ҷавонро омӯхта, аз нонрезаи хӯҷаҳо будани онро низ исбот намуда, баъд розӣ шуданд, ки он боз се соли дигарро дарбар гирифт.

-Хайр, то рӯзи эълон шудани тӯй ҳам боз пурсуҷӯ мекунем,— гуфтанд аммаю   холахои   Назирахон.— Лекин чашми бача бечо. Баъди хонадоршавӣ баъзе шабҳо ба хона намеомадагӣ барин. Хайр, хоҳарчаамонро мегуем, ки пои домодро дурусттакак пахш карда, танобашро даст гирад.

Ҳанӯз хама корҳо дар пеш буданд. Бобои падарии Назирахон, ки холо дар як деҳаи кӯҳии дур аст, бояд хабар ёбаду розигӣ диҳад.

-Ҳурмати бобо, мисли падар  аст,— гуфтанд хешу таборони духтар,— бобо розӣ, Худо розӣ…

Фасли зимистон расиду роҳҳои он деҳа банд шуданд. Баъд хешу таборон маросими тӯйро ба фасли баҳор монданд, ки розигии бобои Назирахонро ҳам гирифта, баъд хотирҷамъ шаванд. Аммо дар он миён ноомади кор шуд. Навакак барфҳо об шуда буданду хабаре омад, ки мӯйсафед аз олам гузаштанд. Ин мӯйсафед посутуни авлоди Муллошокириҳо буд.

-Мурдаро мону тутхӯрӣ кун, нашавад,— хотирнишон карданд соҳибони духтар тарафи домодро.

То гузаштани оши соли мӯйсафед касе аз тӯй гап накушод.

Оши солро додан баробар аз тарафи домодшаванда ҳафт-ҳашт  муйсафед  барои дилбардори  ба  ҳавлии  соҳиби духтар рафта,  маслиҳат карданӣ шуданд.

-Мӯйсафеди падари мо кӯдак набуданд,— гап кушод Аъзам-тағо,— камаш боз як соли дигар сабр кардан даркор.

-Дар кори  хайр ҳоҷати  истиҳола  нест,— гуфтанд тарафи домоди оянда,— шодӣ ҳам аз худамону ғам ҳам.

-Раҳматӣ падараш ҳеҷ ба хобам намедароанд,— гуфт Аъзам-тағо.— Аз ин мебарояд, ки ҳоло ҳам рӯҳи он кас беқарор аст. Ба ҳар ҳол сабр кардан лозим.

Ҳамаи расму русумҳо ба ҷо омаданду вале боз як кори дигар шуд. Яке аз хешони наздики Аъзам-тағо, ки сардори як идораи мӯътабар буд, Назирахонро келин кардан хост.

-Ба ҳар ҳол хеш хеш аст,— гуфтанд хешу акрабо,— девор то ба берун афтодан ба дарун афтад, беҳтар. Писари хешашон арақхӯри бекора бошад ҳам, боз хеш.

Моҷарою воситаҳои бешумор ҳеҷ кор надоданд. Ҳамсари Аъзам-тағо Хониммоҳ ба хеши шавҳараш додани духтарро ҳеҷ қабул накарда, аммаю холаҳояшро ба кор андохт.

-Назирахон ба он ҷавони хешамон — Саидбек маккондагӣ ҳаст,— ривоят дод аммаи калонии модари духтар.

-Ман хам шоҳид,— гуфтанд холаҳои ҳамсари Аъзам-тағо.— Вакте ки очаи вай бача бемор буд, хоҳарзодаи ман, яъне ҳамсари Аъзам-тағо вайро макконда буд.

Аз ин баҳсу мунозира дар байни хешони духтар Назирахон иштибоҳи бузурге афтоду ба домод кардани писари Самандар — Ҷамол охири охирон розигӣ доданд.

-Насибу тақдираш   ҳамии   будаст,—гуфтанд.

Мана, боз аз пеши чанд рафиқи наздики Аъзам-таго ҳам гузаштан лозим. Онҳо фаҳманд, хафа мешаванд. Сониян, аз раиси Совети қишлоқ акаи Умар ҳам пур-сидан даркор. Дар охир, мудири ЗАГС ҳам одами андак мундак не. Як одамро чап гирад, тамом баҳонаҷӯй карда, тӯйро як-якуним сол кашол медиҳад. Беҳуда нест, ки одамҳо ба вай ин кадар хушомад гуфта, ин кадар хаму рост мешаванд.

-Агар духтари ман ҳам барои никоҳ кардам ба навбат истад, айб аст, айби калон,— гуфт падари духтар,— пагоҳ мардум мегӯянд, ки обрӯи Аъзам-тағо паст шудаасту духтараш навбат истодааст.

Чӣ мегӯед, ду тағои ҳамсари Аъзам-тағо ҳам напурсида мондаанд. Медонед, тағои ҳамсар кист? Вай шахсе аст, ки дар ҳаёти оилавии ҳар кас роли ҳалкунанда мебозад. Бинобар он, ба шаҳрашон одам монда,розигияшопро гирифтан лозим.

* * *

Аз байн ҳашт сол гузашту ҳоло синну соли домодшаванда ба ҷое расидааст. Тӯи арӯсӣ бояд хамин моҳ барпо мешуд вале як мушкилоти дигар баромад: розигии боз ду амакбача ва як духтари холаи арӯсшавандаро илоҷе карда гирифтан лозим. Домодшаванда бошад, синни арӯсшавандаам калон гуфта, инҷиқӣ карда истодааст…