ШӮҲРАТ

Аз автобус поён омада, аз ду марди ҷомапӯши дар истгоҳ будаги пурсидам:
— Мебахшед, хонаи Сафар дар кучо?
— Сафар, Сафар — ба хаёл рафт яке ба дигаре рӯ оварда,— ин ҳамон Сафари «ГАЗ-21» доштагӣ набошад?
— Чум,— гуфт дигарӣ ва илова кард:— ҳа, ёфтам,
Сафари «Жигули»-яш 06. Ё ана вай «Запорожец»-и кӯҳнадор бошад?
Марди якум ангушти ишораашро ба чаккаи сараш бурда:
— Ба хаёлам, Сафари «Жигули»-и 01-дор. Лаббай? Раками мошинашро намедонед? Ба гумонам, ки ҳамон Сафари мотоцикли «Иж» харидагӣ. Бечора пулаш ками карду мотоцикл гирифт.
Марди дигарн бо шунидани номи мотоцикл лабашро назарногирона бурма карда, ба сари мақсад омад.
— Сафар хешатон мешавад?— аз ман савол кардӯ.
— Ҳа, хешам, хеши дури падариам,— гуфтам ман дудила нашуда,— худаш ба як нафар марди ҳаминҷоӣ таъин кардааст, ки ба деҳа омада аз ҳолашон хабар гирам. Аз ҳолашон хабар гирам, рӯхи падараш шод
мешавад.
— Офарин, ҷиян!—гуфт яке изҳори хушӣ намуда, — хешу табор барои ҳамин рӯз аст. Дар деҳаи мо чӣ бисьёр? Сафару Сафаралию Сафармаҳмаду Сафарқул. Акнун намедонам, кадомашон хеши шумо бошад.
— Номашон Сафар, номи падарашонро намедонам,— гуфтам навмедона.
— Деҳа, деҳаи калон,— гуфт дигарӣ,—шукр аҳолияш аз панҷсад хоҷагӣ ҳам бештар. Сафару Сафармаҳмаду Сафарқулҳо лак-лак. Агар мабодо аз гӯшаи бом баромада «ҳо, акаи Сафар, ё амаки Сафаралӣ» гуфта фарьёд кунед, аз ҳар хона яктогиву дутои Сафар мебарояд.
— Шукри бониёзаш,—киноя кардам ман.
— Мана, ба деҳа нигаред,— гуфт аввали,— вай аз шаҳр мондани надорад. Мана, ҳӯ вай хонаи дуошьёнаи бомаш тунукапӯш азони зоотехники колхозамон. Ана вай хонаи дар баландӣ сохтагӣ ҳавлии нави раис. Мана, хонаи ҷонишини раис ҳам кори калон.

Офтоб рафта, рафта ғуруб мекард. Сояи ҳар сеямон роҳи калонро бурида гузашта, то ба миёнаҷои майдони спортии мактаб мерасид. Барги дарахтони сафедори баланди сари роҳ аз насими форам чапак мезаданд.

Бӯи сабзаву себаргаҳо бо бухори замин махлут шуда, ба машом мезад. Ман бо он ду мард хайрухуш намуда ба дарунтари деҳа ҳаракат намудам. Дар сари роҳ як марди солхӯрда, дар хараки сояи дарахти чинор нишаста, ба асои дасташ ба рӯи хок хат мекашид.
— Амак, шумо Сафар гуфтанӣ касро намешиносед?—савол кардам аз ӯ.
— Сафари қоқ ё Сафаралӣ?— пурсид он мард.
— Ҳамту, Сафар,— гуфтам бо қатъият.
— Истед, ки «Жигули»-и 03 надорад-ку,— савол дод он мард ва боз худаш илова намуд:— ман як Сафари ГАЗ-69 доштагиро медонам. Мабодо ҳамон на- бешад.
— Не, ба хаёлам мошин надорад,— гуфтам қиссаи падарамро ба хотир оварда.— Боз кӣ медонад? Шояд соҳиби мошин ҳам шуда бошад.
Он мард хеши марди бемошину бебизоат буданамро дониста, дигар майли гапзанӣ накард. Танҳо «Сафари бемошин гуфтед»? гӯён сарашро ҷунбонида, қавоқашро даҳман овезон намуд.
— Ман як Сафари мошинааш чаппа шудагиро медонам,— нохост ба гап даромад он мард,— мошинаш майда-майда шуду аммо худаш кимчи хел шуда намурд.
— Оҳ, амакҷон, ёфтед,— гуфтам қиссаи як хеши дигарамро ба ёд оварда,— ана ҳамон. Худи худаш, амакҷон.
— Ҳӯ, хонаи бомаш тунукагини паси чормағз аз ҳамон Сафар,— гуфт он мард бо абрувони гиреҳбаста.— Вай як одами аҷиб. Нонашро танҳо хӯрда наметавонад. Ғами мошинашро монда, ғами мардумро мехӯрад.
Аз кӯчаҳои пуриечутоб ва ноҳамвори деҳа гузашта, ҳавлии хешамро пайдо намудам.

* * *

Бале, зиндагӣ хеле пеш рафтааст. Чанд сол иештар одамонро бо ҷавонмардию меҳмоннавозияшон меши- нохтанду ҳоло аз навъу тамғаи мошинонашон.