МЕҲМОНҲО

Дастархон ҳанӯз аз нозу неъмат пур нашуда, Нормаҳмад омад, ҳамроҳаш ду марди хеле азимҷуссаи ҷомапӯш, ки мислашон дар тамоми обрави шахр камтар буд.

—    Инҳо хешбачаҳои ман, аз шахри дигар омадагӣ,— инҳо ҳар ду дугонак. Мана, инаш Алию мана инаш Валӣ. Паҳлавонҳое ки то ҳанӯз шонаашон хок нахурдааст.

—  Хуш омаданд, хуш омаданд,—ду даст пеши бар гирифта онҳоро хушбошӣ намуд соҳибхона ва ба тарафи ошпазхона рафт.

Алӣ аз фурсат истифода бурда, намакдон ва лаганн нони булкаро пеш кашид.

—  Ман аз бачагӣ ба хӯрдани нони намакзада одат кардагӣ,— ба нон намаки суда пошида, ба даҳон андохт ӯ.

—    Ба ман нону пиёзи сабз бошад, шуд,— гуфт Валӣ ва як лахта нонро пиёзпеч карда, ба лунҷаш зад.

—    Шукр, шукри беҳад,— гуфт Нормаҳмад ва як порча нонро ба даҳонаш андохта, ҳамроҳи хешбачаҳояш ба кафшакунӣ даромад.

—    Меҳмонҳо, мабодо зиқ нашавед, ба нон ҳам нигоҳ кунед,— гуфт соҳибхона ва чашмаш ба лагани аз нони булка холишуда афтоду боз ба тарафи ошпазхона давид.

—    Шукр, шукри бониёзат,— гуфт Нормахмад иштиҳои қозгири хешбачаҳои худро дида,— шукр замона тинҷӣ, олам маъмурӣ, нон бар сари кулӯх…

—    Ҳа, шукр,— гуфт Алӣ порчаи охиринро ба даҳонаш андохта,— акнун аз болои ин нонҳо як табақ қурутоби серравған бошад, олам гулистон мешавад.

—    Шукр кунед, ҳамааш мешавад,— гуфт Нормаҳмад,— гап дар тани сиҳату хотири ҷамъ.

—    Баҳ, баҳ, чи қадар болаззат — гуфт Валӣ ду самбӯсаро ба даҳон партофта,— бовар кунед, ин хел самбӯсаи болаззатро тамоми умр нахӯрдаам.

—    Шукр, ҳоло ҳама чиз фаровон,— гуфт Нормаҳмад,— шукри бениёзаш, ҳама гап дар тани сиҳату хотири ҷамъ, мегуфтанд бибикалонам.

—    Ин чакка не, қаймоқи пухта,— гуфт Алӣ як коса ҷурғотро ба сар кашида,— ҷурғот чизи хуб. Иштиҳои касро мекушояд. Ман дирӯз як сатилашро хӯрда, хуб мазза кардам.

Сохибхона — Нозим аз дар даромаду чашмаш ба рӯи дастархон афтод, ки палаки тарбузу харбузаи охири мавсими тирамоҳро ба хотир меовард: гӯё ҷо-ҷо косаҳои хушкидаи тарбуз ва пӯсти харбуза ба чашм мерасид.

—    Ҳамин ҳозир меҳмонҳо ҳам расида меоянд,— гуфт соҳибхона ба нияти ба гап гирифтани меҳмонҳо ва илова кард:— Чӣ хуш ки ба ин тарафҳо омаданд. Ҷашнро бо ҳам истиқбол мекунем, дӯстон.

Ин гап гӯё ба гӯши Валию Алӣ надаромад, ки чизе нагуфтанд.

—    Худоро шукр, ки дӯстон бисьёр,— ба гап даромад Нормаҳмад,— шукр ҳама ҷо фаровонӣ. Тӯй, маърака, фотеҳа…

—    Ҳа, меҳмонҳои дигар хам расида меоянд,— гуфт соҳибхона аз тортхӯрии Валӣ тӯрида,— торт чизи хуб, лекин иштиҳои касро мебандад. Аз ин рӯ, тортро одатан баъди таом ва барои ҳазми он мехӯранд.

—    Ҳамту-я,— гуфт Алӣ ва даст дароз карда, ними торти аз Валӣ мондагиро бо ҳавсалаи том пеш кашид.

—    Шукр кунед, шукр чизи хуб,— гуфт Нормаҳмад,— гап дар тани сиҳат. Шукр, тану ҷонамон, ки сиҳат ҳаст, аз ҳеҷ чиз парҳез надорем. Воқеан, анор ҳам иштиҳои касро мекушояд, мегӯянд.

—    Э, не-е,— гуфт Валӣ ва як анори калонро ба даст гирифта, сахт пахш кард ва лабашро ба ҷои кафидагиаш ҷафс намуда, обашро макидан гирифт.

—    Шукр, имсол соли себ,— гуфт Нормаҳмад,—шукри бениёзаш, ки себ аз ҳад зиёд.

Лагани себу анор ҳам холӣ шуд. Ҳамсояи соҳибхона Ҳайдар даромадан замон чашмаш ба рӯи дастархони ҷашнӣ афтода, дар ҳайрат монд.

—    О, шумо ҷашнро аллакай пешвоз гирнфтед-ку,— гуфт ӯ ва баъд меҳмононро ба ҳолпурсп даромад:— Э, хуш омадаед-е. Ба тарафҳои мо хам меомадаанд-дия.

—   Обу насиб,— гуфт Валӣ дандонҳояшро бо чӯби ҷорӯб кофта истода,— гуфтем, ки як аз ҳолатон хабар гирем…

—    Ҳа, меҳр дар чашм,— гуфт Алӣ,— соҳиби ин хона ҳам аз дӯстони падари раҳматии мо.

—   Шукр, шукри бениёзат,— гуфт Нормаҳмад гулу равшан карда,— шукр, ки хешу таборҳо бисьёр, шукри беҳад, ки ҳамаашон мехрубон.

Сохибхона дар чанд лагандчаи хурд гӯшти каллаву поча овард ва ба ҳозирон нигоҳ карда гуфт:

—Ҳамин замон меҳмонҳо меоянд. Болои дастархонро як унту ба тартиб овардан лозим.

Ҳайдар аз ҷой бархоста, пӯсти анору себ ва баргҳои боқимондаи пиёзи сабзу гашничро аз болои миз рӯфтан гирифт.

—   Шукр, имсол зимистон гарм омад,— гуфт Нормаҳмад,— шукр, имсол ангишту ҳезум надоштем, шукр, ки хунукӣ нашуд.

Болои мизи ғоратшударо боз барқарор карданӣ шуда,—зарфхои салату ссбу анор, торту самбӯса ва гӯшти забони гову моҳин намакинро катор карданд.

Даҳони Валию Алӣ ҳанӯз меҷунбид. Алӣ ящики оби маъданро пеш кашида, шишаеро ба косаи чинӣ холӣ мекард.

—   Шаш шишааш ташнагиамро нашикаст-е,— дилтангӣ кард ӯ,— самбӯсаҳои серравған-дия. Об талаб мекунад, об!

—   Якунимта торт ҳам гапи андак не,— гуфт Валӣ ду лаганчаи аз гӯшти каллаву поча холишударо бонавбат лесида.

—   Шукри бениёзат,— гуфт Нормаҳмад, як хӯшаи на он қадар калони ангурро ба даст тирифта,— шукр, имсол соли ангури тоифй-дия.

Меҳмонҳо кайҳо ширакайф шуда, ба саломатии якдигар ваъз мегуфтанд. Оруғи туруши Валӣ ба бинии ҳамсари яке аз меҳмонҳо расида, дилашро беҷо намуд.

—  Кам хӯранд намешавад. Ҳозир Ҳайдар ба ин ду марди бузбала шарт бастанӣ.

—   Гап ҳамин,— баланд шуд овози Ҳайдар,— агар ҳар кадоматон як табақӣ палаву як табақӣ мантуро хӯред, ман якта гӯсфанди зиндаро дар ҳамин ҷо сар мезанам.

Соҳибхона ҳарчанд кӯшиш кард, Ҳайдари ширакайфро ба ифоқа оварда натавонист.

—  Гапи мард якта,— гуфт ӯ,— ҳа, воқеан, аз болояш се шиша арақро ҳам мезанед.

…Валӣ табақи мантуро халос карда, ба палов гузашт. Алӣ табақи ошро халос карда, аз рӯи одат аз болояш ду коса оби хунук зад. Вале баъди лесидани табақ як шиша арақро ба косаи чинӣ рехта, хурсандона ба сар кашид.

Меҳмонҳо сари мӯй барин наҷунбида, ин манзараро бо шавқ тамошо мекарданд. Ҳайдар довталабона қадам мезад.

Валӣ баъди хӯрдани табақи ош ба ҳиккақзанӣ даромад.

—  Ин аломати сер шуданаш,— гуфт Ҳайдар ба ҳамсараш рӯ оварда.

—    Шукри бениёзат, шукр,— гуфт Нормаҳмад ва мантухӯрии Алиро дида, гиребони пиджакашро дудаста дошт.

Соат аз як гузашта буд. Алию Валӣ ошу мантуи охиринро хӯрда, барои худнамоӣ табақҳоро лесиданд ва арақи боқимондаро аз болояш дам кашида, мардонавор аз ҷой бархостанд.

— Ҳа, ду табақча мантуро хӯрда, шартро буридем,— нагӯед,— киноя кард Ҳайдар,—о, ҳама таомҳои болои мизро нахӯрдед-ку. О, мард бошед… Набошад, шартро бой додед.

Алии масту аласт, аз қахр тамоми анору моҳии шӯрро бо пӯсту устухонаш хӯрдан гирифт. Валӣ тамоми обу арақи боқимондаро ба чанд косаи калон рехта, ба сар кашид ва назди Ҳайдар омад.

—   Агар инро ҳисоб накунӣ, биё аз сари нав шарт мебандем.

—   Ҳа, биёед, аз сари нав,— гуфт Алӣ дод зада,— канӣ сарои картошкаву пиёзу сабзиатон дар куҷо?! Ба Худо, ҳамаашро ба пӯсташ мехӯрему кӣ буданамонро ба шумо нишон медиҳем!

Соҳибона оқибати ин моҷароро дарк карда, беҳол шуд ва ба болои диван афтода, аз ҳуш рафт. Нормахмад ва боз чанд каси дигар Алию Валиро ба зӯр аз хона бароварда, ба хонаи хеши дигарашон гусел намуданд.

Соҳибхона танҳо қарибиҳои субҳ ба худ омада, аз Нормаҳмади дар сари болинаш нишаста бо овози ларзишнок пурсид:

—   Картошкаву пиёзу сабзии саройро ҳам хӯрда рафтанд-чӣ?

—   Не, шукр, ҳама корҳо гул барии шуд,— гуфт Нормахмад.— Шукр инҳо одамони худодод. Ҳосили лимонашонро ҳар сол дучанд пул карда, ана ҳамин хел кайфу сафо карда мегарданд.

Нимишабӣ аз район одам омада, Алию Валиро бо худ бурд! Мегӯянд, ки раиси колхозашон дар бораи пурхӯрии ин ду аъзояш бо як раиси дигар шарт бастааст.