БОЗ НАВБАТИ КӢ?

Ҳидоятулло имрӯз ҳам бо баҳонае ба кабулгоҳи раис даромад. Котибаи ҷавони зебосурат машғули кор буд. Ӯ сарашро набардошта ҳуҷҷати муҳиммеро чоп мекард. Мақсади Ҳидоятулло ба котиба гап додан не, балки ба худи раиси нави идора наздик шудан буд.

-Ҳм, ягон кори заруре доштед?— пурсид котиба бо киноя.

-Не, ҳамту… ҳамту омада будам,— гуфт Ҳидоятулло хиҷолатмандона,— хайр, баъдтар меоям.

-Мана, як хонда бинед,— коғазеро ба Ҳидоятулло дароз кард котиба ва илова намуд:—Лекин ба ҳеҷ кас нагӯед, гап байни худамон мондан гқрад.

-Ман аз вай одамҳо не,— гуфт Ҳидоятулло ва коғазеро ба хондан сар кард. Вай характеристика буд. Характеристика дар бораи худаш. Дар он гуфта мешуд,

ки: «Ибодов Ҳидоятулло Ибодович, 36 сола. Маълумоташ олӣ, бепартиявӣ. Ӯ як сол пеш ба идораи савдои сабзавоти шаҳр ба кор омада, дар ин муддат худро

ҳамаҷониба нишон дод. Дар байни коллектив бо меҳнати ҳалоли худ ном бароварда, боиси ибрати дигарон гардид. Ҳ. Ибодов доииши худро ҳамеша баланд бардошта, ёрии худро ба дигарон дареғ намедорад ва дар комьёбиҳои коллектив саҳми арзандае дорад. Ҳ.Ибодов қобилияти хуби ташкилотчигӣ дошта, метавонад, калонтарин ташкилот ва ё муассисаро бокамоли кордонӣ идора намояд. Аниқтараш, коллективи хурд ва тифоқи мо дар шахсияти Ҳ. Ибодов як роҳбари хеле фаъолу ғамхори ояндаро тасаввур менамояд.

Ҳ. Ибодов ба корҳои чамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, ҳар кадом вазифаи супоридашударо бо сарбаландӣ ба ҷо меорад: У аъзои фаъоли ҷамъиятҳои ихтиёрии дӯстдорони табиат ва ронандагон мебошад. Ба спорт шавқу рағбати калон дорад. Китобҳои дар бораи бокс навишташударо бештар мутолиа мекунад. Ба корҳои маданию равшаннамои ҳам рағбати зиёд дошта, дар девори хонааш гитара ва рубоб овезон аст…

Ҳ. Ибодов дар оила ҳам намунаи ибрат мебошад. У дар айни замон нотиқи оташинсухан аст. Ҳар доим дар назди коллектив дар мавзӯъҳои оилавӣ баромад мекунад. Аз ин рӯ, коллективи мо дар симои у як олими намоёни ояндаро мебинанд, ки шояд замоне дар осмони илм як сайёраи дурахшоне шуда ба назар расад. Яке аз кашфиётҳои ояндаи илм ба дӯши ӯ хоҳад буд».

Ҳидоятулло характеристикаро хонда аз худ рафт ва худро дар ин идора ҳайф дониста барои аз кор рафтан ариза навишт.

Раис ба гӯшаи аризаи Хидоятулло имзо монда, ба тарафи дари даромад нигоҳ карда бо табассум гуфт: “Канӣ, боз навбати кӣ?”…