МАСЛИҲАТИ ДӮСТ

Фаъолиятҳои яксолаи комбинатамонро ҷамъбаст намуданд. Дар маҷлис директорамон нутқ карда гуфт:

—   Дар байни мо ханӯз ҳам одамони ноустувори ба коллектив бегона мавҷуданд, ки манфиати шахсии худашонро аз манфиати коллектив афзалтар меҳисобанд.

Ин гапҳоро шунида вучудам тасфид. Хостам, аз ҷоям бархоста, чизе бигӯям, ду кас аз бозуҳоям дошта шинонданд.

—   Чунин одамҳо охири охирон обруи коллективро як пул мекунанд,— суханашро давом дод директори комбинатамон рафиқ Барраев,— мана, мо плони рубъи чоруми солро низ иҷро накардем ва маҳсулотамон кирои «ҳай, боракалло», гуфтан накард. Ба ҳамаи ин ҳам, рафиқо, гунаҳгор боз ҳамон рафиқ Шодибеков.

Хун ба сарам заду лекин ду нафар маро сахт ба оғӯш кашида, баромад кардан намонданд.

—   Ҳеҷ гап не, бародар,— ба тасаллодиҳӣ даромад яке,— рафиқ Барраев директор аст, калонҳо ҳар чи гуфтан мегиранд.

— О — хир, ман,— ба ғазаб омадам, аммо даҳонамро ҳам бастанд.

Дар ин лаҳзаи бароям мушкил директор оташин шуда мегуфт:

—   Азбаски цехи Шодибеков плони солонаро иҷро карда буд, мо ҳама ба бало мондем. Дар вазорат будагиҳо ба ман сангандозӣ карда мегӯянд, ки «Шодибеков плонро иҷро кард-ку». Оре, мову шуморо бадном кардагӣ ана ҳамин Шодибеков, рафиқо. Ман ҳар чанд кӯҳна будани дастгоҳҳоро сабаб нишон додам, аз калонҳо касе гӯш накард.

Баданам аз арақи хунук тар шуд. Аммо дӯстон гап заданам намонданд. Мана, боз яке аз наздикони директор, сартехнолог ба паси минбар нарасида, гапфурӯшӣ кард.

— Ростӣ, гуфт ӯ,— Шодибеков баринҳо кори коллективро ба қафо мекашанд. Онҳо ман-манию ташаббускорӣ намуда, ба пои дигарон теша мезананд. ё чуноне ки мегӯянд, ин хел пешқадамон кори коллективро ба қафо мекашанд.

—   Ҳой, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!— фарьёд задам ман,— охир, ку инсоф?

Рафикон маро озод бардошта бурдани шуданд. Табъи директорам боз хиратар шуда, ким-чи хел ишораҳо намуд, ки маро аз маҷлисгоҳ бароранд.

Вале зӯрашон нарасид. Одами ба музокира баромадагӣ ҳам таноби суханро ба каси дигар дода, аз минбар поён омад.

—   Дар байни хурду калон одоб гуфтанӣ гап намондааст,— гап гирифт яке аз роҳбарони солхӯрдаи комбинат.— Дар ин ҷо директорамон мӯҳтарам Барраев дуруст қайд намуданд. Кордонию корбарии Шодибеков баринҳо ба кӣ даркор? Ин хел одамхо плонашонро сари вақт иҷро намуда, дар байни коллектив низоъ мендозанд. Номи корхонаро дар байни корхонаҳои дигари шаҳрамон паст мезананд.

Пеши чашмонам тира шуд. Як нафар истакони обро ба лабам монда «инаш ҳам калон, ҳар чӣ гуфтан мегирад», гӯён, маро тасалло медод. Дар ҳайат нишастаҳо ба тарафи ман нигоҳ карда, аз қаҳр лаб мехоиданд.

—   Дар байни мо барои Шодибеков баринҳо ҷой нест,— овозашро баланд кард каси дигар,— бармаҳал иҷро кардани план, рафиқо, танҳо худнамоист ва ба пои коллектив теша задан аст. Мо бояд ба чунин касон муборизаи беамон барем!..

Ҳамаи роҳбарони комбинату сардорони цех ба тарафи ман бо қаҳру газаб нигариста, гӯё писханд мезаданд. Ман ба чунин муносибат тоб оварда натавонистам ва маҷлисро тарк намудам.

Рӯзи дуюми соли нав, пагоҳӣ вақте ки ба кор мерафтам, як ҳамсояи ботадбирамон маро аз болохона насиҳат карда мегуфт:

Илоҷе карда, ба ақибмондаҳо баробар шав. Вагарна коллектив аз ту рӯй мегардонаду кор карда наметавонӣ.