31.01.2018

Бо ёди падарам

Садбарг Ғаниева

Чеҳраи гарму самими, табассуми латифи падар дар лавҳи хотираҳоям якумри нақш бастаанд. Он кас ҳарчанд хушсухан, суҳбаторо ва хазлгуй буданд, аммо қиёфаи чидди, тамкин ва як нигоҳи басандаи аҷоиб доштанд, ки мо фарзандон хангоми хануз хурдакак будан, баробари дарки ин нигоҳи бомаънии эшон зуд ором мешудем.

Ҳар гохе, ки пеши назар чеҳраи гарми ӯро ёд оварам, падарро поси шаб дар сари мизи корияш, дар утоқе, ки тирезаҳояш ру ба руи мохтоби кунчи осмони хавлимон во мешуданд, тасаввур мекунам. Падарам ором, дурру дароз менишаст дар ин утоқи хона. Дустони зиёд дошт, доимо хонаи мо пури меҳмон буд.

Падарамро ҳамкорону ҳампешагонаш хеле дуст медоштанд. Ӯ аз он кабил чеҳрахои чаҳони адабиёти тоҷик буд, ки ҳар кучо мерафт, дар мулоқоту вохуриҳои мардум бо адибони тоҷик  истиқболи гарму самими медид. Бурҳон Ғани ва мачаллаи «Хорпуштак»-ро одамон хеле дуст медошанд.

Ӯ 29 декабри соли 1992 баъди бемории начандон тулони дар Душанбе чашм аз дунё пушиданд ва моро ба якбор тарк гуфтанд. Албатта, ин рузҳои вазнин ҳеч гоҳ фаромуш нахоҳанд шуд…

Шодам аз он, ки ин сомона ҳолиё пешоруйи шумо қарор гирифтааст ва имкон фароҳам овардааст, ки бо рузгор ва эҷодиёти нависандаи маъруфи тоҷик Бурҳон Ғани ошно бишавед. Умедворам, ки фикру андешаҳои худро дар бобати мукаммал ва пурмундариҷа намудани он ба мо ирсол хоҳед дошт. Ҳамчунин, аз хамзамонони падари бузургворам, онҳое, ки ин марди суханварро мешинохтанд ва бо у иртиботи дустиву ошнои, хамкориву ҳампешагӣ ва ҳамдиёри доштанд, хоҳишмандем хотироти рангини худро ба нишонии ин сомона бифиристанд. Барои мо ҳар як зарраи ин хотираҳо, диду боздидҳо ва лаҳзаҳое, ки бо падари бузургворамон алоқаманди доранд, басо азизу гиромиянд.