06.12.2018

Биравад аз назару лек зи дилҳо наравад

К. ЗИКРУЛЛО (“Ҷумҳурият”   №: 142  19.07.2018)

Нависандаи зарифтабъ ва ҳаҷвнигори хушсалиқаву маҳфилоро Бурҳон Ғанӣ соли 1938 дар фасли гули зардолу (таъбири худи устод), дар деҳаи Рогифи ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Дере нагузашта аз падару модараш ятим мемонад ва тағоҳояш Аминбеку Мирзосафар тарбияи ӯро ба зимма мегиранд.

Гарчанде дар тифлӣ сахтиҳои зиёде дид, бо вуҷуди ин аз омӯхтани илму дониш лаҳзае дар канор намонд. Зеро ягона роҳе, ки ӯро сӯйи нур мебурд, идома додани таҳсил буд.  Ва ниҳоят мактаби деҳаи Мадрушкатро хатм намуда, ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ як муддат дар маҷаллаи бонуфузи ҳаҷвии “Хорпуштак” ва Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчун муҳаррири барномаҳои адабӣ фаъолият намуд. Баъдан ба маҷаллаи “Хорпуштак” баргашта, то охири умраш дар ин ҷо кор кард. Ҳикояву фелйетон ва памфлету луқмаҳояш дар ин маҷалла нашр шуда, писанди хонандагони сершумор гардиданд.
Бурҳон Ғанӣ табиатан шӯхтабиат буд ва ҳамин аст, ки ӯро дар қатори Сайдалӣ Вализода, Боқӣ Раҳимзода, Ашӯр Сафар ва Мирзо Файзалӣ бо зарофатгӯиву ҳозирҷавобӣ, лаҳни ширину шӯхиҳои намакинаш мешиносанд. Басир Расо дар бораи Бурҳон Ғанӣ нигошта: “Гули маърака буд. Дар суҳбате, ки ӯ ҳузур дошт, ханда гул мекард. Мардум ӯро «Кони гап» мегуфт. Дарвоқеъ, Бурҳон Ғанӣ аз як воқеаи одӣ қиссаҳое месохт, ки сомеаш дар ҳайрат мемонд. Санъати қиссабофӣ ва услуби эҷоди ин ҳаҷвнигор худодод буд. Одами ғазаболудатарин ҳам бо мутолиаи ҳикояву қиссаву латифаҳои намакини Бурҳон Ғанӣ лаб ба табассум мекушоду кӯфти ғамашро мебаровард”.
Ӯ дар ин ҷода пайрави Фазлиддин Муҳамммадиев буд ва мавсуфро устоди хеш мехонд. Асарҳояш аз аввали солҳои 60 — уми асри гузашта рӯйи чоп омаданд ва аз давраи аввали фаъолияташ ҳамчун ҳаҷвнигор шуҳрат пайдо кард. Эҷодиёти ӯ бо сабку услуби хосси эҷодӣ байни дигар ҳамқаламон фарқ мекард. Мавзӯи асосии эҷодиёти Бурҳон Ғаниро ҳаҷви тезутунди муфтхӯрон, қаллобон, фиребгарон ва, умуман масъалаҳои доғи рӯз ташкил медод.
Ҳарчанд Бурҳон Ғанӣ умри тӯлонӣ надид (53 сол), аммо аз худ осоре боқӣ гузошт, ки умри абадӣ дорад.
Ӯ барҳақ яке аз сутунҳои ҳаҷви муосири тоҷик эътироф шудааст ва ҳикояву латифаҳояш дар дили мардум то абад нақш бастаанд.

“Ҷумҳурият”