Дар шӯъбаи қанодии гастрономи гузари мо зани зебое кор мекард. Гӯё ӯ дар ҳусну малоҳат дар шаҳр хамтое надошт. Бар замми ин хеле ҳалимгуфтор ва хушмуомила буд.
— Ҳа, биёянд,— гуфт ӯ маро дидан баробар.
Ман аз овозаш ҳаловат бурда гуфтам:
— Саломат бошед, хоҳарам, ман омадам, ки каме…
— Аз кадомаш чи қадар?—пурсид ӯ нимҳазлу нимҷидди.
Азбаски ман ҳаваси харидани конфетҳои ҳархеларо доштам, гуфтам:
— Ҳу, аз хамон конфети «Пилот» ним кило.
— Борон меборад, ба чанд қабат коғаз печонам?
— Ҳа, майлаш, барака ёбед, дурусттар печонед,— гуфтам ман.
Зан конфетро ба чанд қабат қоғаз мечонда, баркашид ва ба ман рӯ овард.
— Боз аз кадомаш?
— Ҳӯ, аз вай «Қароқум» ним кило.
— Инро ҳам ба чанд қабат қоғаз печонам, ки мабодо…
— Офарин,— изҳори хушнудӣ намудам.
Зан ҳам аз ин қадршиносии ман хурсанд шуда, як табассуми ширин кард.
— Б-але, ним кило, хӯ аз вай коғазаш зард.
— Ҳа, ин конфети хеле хуб,— таъриф кард ва ба коғазпечонӣ даромад. Ҳамин вақт чашмам ба карамели «Хоккей» афтоду ҳавасам омад.
— Як кило аз вай «Хоккей»,— гуфтам.
— О, кэй,— гуфт зан як даста коғази дигарро печонда.
— Мана, ҳӯ аз ваяш ҳам як кило,— гуфтам ва илова кардам,— хоҳарам, чанд намудашро дар як коғаз печонда резед-чӣ?
— Не, зинҳор, ин корро накунед амак,— ба насиҳат даромад ӯ,— боз вақти ҷудо кардан овора мешавед.
— Хайр, гап гапи шумо,— гуфтам.
— Тамом?—савол кард зан.
— Ҳа, бас будагист,— гуфтам ва панҷ-шаш коғази печондаро рӯи дастҳо бардошта, изҳори миннатдорӣ намудам.
— Боз биёед,— гуфт зан бо табассум.
Ростӣ, ман аз чунин маданияти баланди ӯ қоил шудам. Завчаам он коғазҳоро кушоду аз байнашон танҳо яккафӣ қанд ёфт. Аҷабо, охир магазинчизан қандҳоро нағз печонда буд-ку. Онҳо куҷо шуда бошанд?