06.04.2018

Ёде аз Бурҳон Ғанӣ

АДАШ ИСТАД  

Блоги Андеша ҷашни адиби ҳаҷвнигор шодравон Бурҳон Ғаниро хотиррасон намуда кори савобе кард. Камина чанд вақт бо ў ҳамкор будам. Ин он рўзҳое буд, ки Бурҳон Ғанӣ аз кор дар Афғонистон бозгашта омад ва ба сабаби банд шудани ҷои кори доимиаш дар маҷаллаи «Хорпуштак» ба мо – муҳаррирони Мудирияти радиои Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Дар ин ҷо адибон Маъруф Бобоҷон, Додоҷон Раҷабӣ ва камина кор мекардем. Бо омадани Бурҳон Ғанӣ сафи адибон дар ин шўъбаи асосии назорату таҳрир бияфзуд ва аз ин ҳол пеш аз ҳама раиси кумитаи давлатии радои ва телевизион шоир Аминҷон Шукўҳӣ хурсанд буд. Мудири мудирият журналисти бомаҳорат Шафқат Саид буд, ки асарҳои баъзе адибонро аз ҷиҳати забон таҳрир карда медод ва ба онҳо ҳақи устодӣ дошт.

Баъди он ки Аминҷон Шукўҳӣ мудириятро аз ҳисоби боз як нафар адиб нерўманд намуд, дари хонаи мудириятро боз намуда гуфт: Акнун ман метавонам ҳар шаб ором хоб кунам. Дигар ягон кас насфи шаб телефон карда намегўяд: – Боз аз радио як сухани хато садо дод.

Бурҳон Ғанӣ ҳис мекард, ки дар ин ҷо одами муваққатист. Мо ҳам инро пай мебурдем. Аммо кори худро ба хубӣ анҷом медод. Дер наистод, аммо ҳар рўзе, ки бо ў гузаштааст, пур аз ханда буд. Ман бори аввал ҳаҷвнигореро дидам, ки бо ҳама тору пудаш ҳаҷвнигор аст. Зеро ваҷоҳаташ аз ҳаҷвнигориаш дарак медод. Вақте ки ягон ҳодисаи ҳаҷвиро нақл мекард, ҳам рўву чашму абрувонаш, ҳам овозу мимикаву дастҷунбониаш тарҳи мазҳакавӣ мегирифт. Агар имрўз зинда мебуд ва имкони аз телевизион нақл кардани ҳаҷвиҳояшро медошт, бешак маҳбубтарин устоди бузурги ҳаҷв мегардид.

Он вақтҳо устоди бисёр насрнависони тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев аз бемории қалб азият мекашиданд ва табибон кори ҷисмониро ба эшон манъ карда буданд.

Устод Фазлиддин рўзе ман ва Бурҳонро даъват карда гуфтанд, ки як раиси колхоз аз фермаи колхоз барои боғашон як мошин пору фиристодааст, ба кашондани он ёри кунем. Аз шоогирдони устод танҳо ману Бурҳон Ғанӣ даъват шуда будем, пору тару вазнин буд ва бо занбар аз сари роҳ то поёни боғ бардошта мебурдем. Азбаски Бурҳон устоди ҳаҷв буду ҳар лаҳза маро механдонд, ман пай набурдам, ки чи хел вақт зуд гузашт ва як мошин поруи тару вазнин ва бадбўйро ба пешгоҳи боғ бе хасташавӣ кашондем. Ин ҷо фаҳмидам, ки Бурҳон дар донишкадаи тиббии Афғонистон ба сифати тарҷумони профессорони рус кор кардааст. Ў аз рўзгори тарҷумониаш ин воқеаро нақл карда буд:

«Профессори рус дар матни маърўзааш ба ҷое расид, ки сухан аз олоти мардӣ мерафт. Маро мебоист онро ба тоҷикӣ барои донишҷўён тарҷума кунам. Ман, чуноне ки халқи тоҷик мегўяд, ин калимаро тарҷума кардам.

Дар дарсхона садои хандаи донишҷўён баланд шуд. Як донишҷўйи афғон гуфт: – Тарҷумон-соҳиб, шумо ин узвро ба арабӣ бигўед, баъд илмӣ хоҳад шуд.

Бурҳон Ғанӣ бадоҳатан ҷавоб медиҳад: – Магар бобоҳои шумоён то омадани арабҳо ин узвро надоштанд?»

Ин ҷо Бурҳон Ғанӣ ин ҳарфҳоро боз ба шеваи халқӣ гуфт ва ману устод Фазлиддин хеле аз таҳти дил хандидем.

Ҳамин тавр порукашонӣ дар боғи ин устоди бузурги насри тоҷик дар ёди камина ҳамчун як рўзи офтобии пурханда боқӣ монд.

Бешак истеъдоди худододдошта ҳамин хел эҷодкорро гўянд.

Герби шердор