ХЕШИ ПАДАРӢ

Такси аз ҷояш тап-тапкупон ҳаракат карду ронандааш аз ман пурсид:

—       Шумо язнаи Абдураҳмон не?

—       Ҳа, ман язнаи Абдураҳмон Ҳошимов,— гуфтам бо чеҳраи кушод.

—       О-ҳо, тахминам дуруст баромад,— хушҳолӣ кард ронанда,— ҳамту нигоҳ кунам, шуморо дар хонаи Абдураҳмон дидагӣ барин шудам. Ману Абдураҳмон мисли бародарони ҳамтанем. Э, вай бисьёр ҳам йигити нағз.Ҷавонмардияшро намегӯед.

Ронанда як нафари дигарро ҳам ба мошин савор кард, боз ‘ба гап даромад:

—       О, шу.мо ҳамсояи дасти рости Абдураҳмон бошед, мӯйсафеди Исроилро мешинохтагистед?

—       Албатта. Он кас рафиқи наздики падарам,— гуфта хислатҳои хуби мӯйсафедро як-як баён кардам.

—       Ана, ҳамон амаки Исроил падарарӯси ман,—фаҳмонд ронанда бо хушҳолӣ ва илова кард:— Он кас ҳам амак мешаванду ҳам падарарӯсам. Лекин меҳри

падарарусӣ аз амак буданашон бештар.

Ман ба таги ин гап сарфаҳм нарафта, хомӯш мондам.

—       О, ману шумо хешу табор будаем,— гуфт ронанда,— ҳа, воқеан, истед, ки мабодо шумо бародари Маҷид нестед?

—       Ҳа, ман бародари аз ҳама хурдиаш,— гуфтам бо ифтихор.

—       Э, не-е!—тааҷҷуб кард ронанда бо ҳаяҷон ва мошинашро таққй нигоҳ дошта, берун шуд. Маи ҳам берун омадаму ӯ оғуш кушод. Мо якдигарро бародарвор бағал кашида, дуру дароз ҳолпурсӣ кардем.

—       Акнун биёед, ба хонаи якдигар мисли бародар равуо кунем,— гуфт ронанда мошинро боз ба ҳаракат дароварда,— маро ба таксабаза даровардагӣ бародари

шумо.

—       Албатта, нияти ман ҳам ҳамин,— гуфтам ба чеҳраи кушод,— ману шумо мисли хеши падарӣ.

—       Ҳа, имрӯз барои ман рӯзи аз ҳама беҳтарин аст, ки бо шумо шинос шудам,— гуфт ронанда ва мошииро, ки як сӯм кор карда буд, бо хоҳиши ман нигоҳ дошта берун омад. Ман даҳсӯмаеро ба дасташ додам ва маътали баргардондани бақия истодам.

—       Ҳм, хеши падарӣ шуда, боз пул ҳам медиҳед-а? Ин коратон хуб не,— гуфт ӯ ва пулро ба кисаи пеши пиҷакаш андохта, боз ба паси рул нишаст.

—       Насиб бошад, боз мебинем. Хайр, ба бародаратон салом гӯед,— гуфту рафт.

Ман ба хаёл афтодам: акнун аз ҷабри хеши падарӣ мачбурам, ки ба хонаи хеши модариям пиёда ва дасти холи равам.