ИФТИХОР КУНАМ Е НЕ?

Ҳавою ҳавас карда, аз деҳа ба тамошои шаҳр омадам. Дар шаҳр аммабачае доштам, ки ҷои кораш ҳеҷ маълум набуд. Лекин ҳамдеҳаҳою хешу табор ӯро дар ғоибу ҳозир таърифу тавсиф мекарданд.
— Худо умрашро дароз кунад, дар шаҳр ҳамин қадар одам аст,— мегуфтанд.
Қарибиҳои шом аз самолёт фуромада, ба ҳавлии аммабачаам омадам. Ҳаво хеле гарм буд ва аз деворҳои бетонии биноҳо ва роҳҳои мумфарш ҳаври тасфон мебаромад.
Аммабачаам Маннон маро дар даромадгоҳи дарвоза пешвоз гирифта, ба оғӯш кашид. Мо якдигарро хуб пурсупос намудем.
— Қишлоқҳо читу?— пурсид.
— Ҳама тинҷӣ,— гуфтам,
— Ҳоло ҳам гандумро дастӣ даравида ба галагов мекубед?
— Не, ҳоло ба мавзеи нав кӯчидем, ҳоло мо ғаллакор не, пахтакор,— гуфтам.
— Ҳа, воқеан, кӯчидаед мегӯянд,— ба ёд овард ӯ.
— Хӯш, пахани ман читу?
Ман, ки ягон забони хориҷиро намедонистам, чизе нафаҳмида, банд мондам.
— Хӯш, момошка читу?— боз савол кард ӯ.
Боз чизе нагуфтам.
— Дуньёи бебақо — гуфт ӯ ва оҳи сарде кашида, аз чой бархост.
Фурсате нагузашта, дастархон паҳн карда, чой овард. Аз яхдон ду шиша пивои хунук бароварда, як сари моҳии намакинро ҳам рӯи дастархон гузошт.
— Ҳаёти муҷаррадӣ-дия,— гуфт ва боз оҳи сарде кашид.
Ман дар ҳайрат мондам.
— Бале, ҳа, ман муҷаррад,— гуфт ӯ иштибоху ҳайрати маро аз байн бурданӣ шуда.
Синни Маннон аз чиҳил гузашта буд. Барои ҳамин ҳам иштибоҳи ман аз байн намерафт.
— Маоши баланд мегирифтагӣ шудаму ноз карда рафт,— гуфт ӯ.
Ҳайрати ман бештар шуд. Охир, кадом зан аз маоши зиёд ноз мекунад?
Маннон нимишабӣ либосашро пӯшида, барои рафтан тайёр шуд.
— Корам бисьёр зӯр,— гуфт ӯ,— зӯрияш ҳамин ки ҳамеша дар шаб.
— Ҳа, бехобӣ мекашӣ, Маннон,— гуфтам дилсӯзона,— магар ягон кори сабуктар пайдо намешавад?
— Пайдо мешавад,— гуфт ӯ пеш аз рафтан,— кори рӯз маошаш кам. Кори мо бошад, изделни. Як омади кор шавад, нонат болои равған. Ҳамкорони Маннон аз паси дарвоза ҳуштак кашиданду вай рафт.
Пагоҳӣ Маннонро ҳарчанд интизор шудам, наомад. Ҷои корашро аз ҳамсояҳо пурсидан эб надидам.
Ҷои кораш хеле масъулиятнок аст, ки маошаш зиёд аст, андеша мекардам ман.
Маннон шаби рӯзи дуюм аз кор хаставу лакот шуда, бо сару дасти докапеч баргашт.
— Ба ту чи шуд, аммабача?— ба пешвозаш давидам ман.
— Кори сменаи шаб ҳамин,— гуфт ӯ.
— Пулаш сараша хӯрад, ними нон роҳати чон,— гуфтам ва илова кардам.— Дастат зери дастгоҳ мондагӣ барин. Ҳоло ҳам хайрият шудааст. Набошад, даст дар дами мошин чӣ? Шартӣ бурида партофтанаш мумкин.
— Рост, рост,— гуфт Маннон ва илова кард,— даст ҳеҷ гап не, лекин қариб мошин ё дастгоҳи гуфтагият сарамро майда карда буд.
Ман боз ҳайрон шудам, ки мошин чи хел сари коргарро майда мекарда бошад.
Пагоҳии рӯзи дигар хостам ба тамошои шаҳр бароям. Аммабачаи меҳрубонам Маннон ба сару либосам як зеҳн монда гуфт:
— Шуморо дар шаҳр аммабачаи ман мегӯянд. Бинобар он, мана ин сарулибоси навтари маро пӯшида, ба сайёҳат бароед.
Субҳ аз хоб бархоста, Маннонро наёфтам. Аз афташ, ӯ ба кори сменаи шабонаи худ рафта буд, ки то соатҳои даҳ ҳам наомад. Ман сару либоси Маннонро пӯшида, ба сари кӯча баромадам. Дар истгоҳи автобус ду-се нафар ба ман зеҳн монда, худро аз дунболи ман ба автобуси серодам заданд. Онҳо дар дохили автобус ҳам ба ман зеҳн монда, гӯё фуромадани маро интизор мешуданд. «Аз афташ онҳо писараммаи Маннон будани маро шинохтанд» гӯён аз дил гузаронида, дар ботинам як ҳиссиёти кибру ғурур пайдо шуд. Ман, ки то истгоҳи охир, то ба универмаги калони шаҳр рафтанӣ будам, онҳо байни худ чи гуфтушуниде карда, дар ними роҳ фуромаданд ва то аз назарҳо ғоиб шудани автобус ба ман нигоҳи тамасхуромез намуда, вале дастҳошонро алвонҷ надоданд.
Дар дохили универмаги калон ҳам ду нафар ба дунболам афтоданд. Онҳо бештар ба сарулибос ва чеҳраи ман нигоҳ карда, ба якдигар чашмак мезаданд.
Ростӣ, ҳисси ғурури ман, ки аз писараммаи машҳур доштанам пайдо шуда буд, боз бештар гардид. Ба назарам чунин мерасид, ки акнун тамоми хурду калони шаҳр маро ба хотири писараммаи машҳурам — Маннон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Шабона вақте ки ман аз тамошои шаҳр баргаштам, Маннон дар хона буд. Вай ба гӯшҳои мисли бо дандон хоидагияш марҳам молида, ба болои бинии пӯсткандагияш коғаз мечаспонд. •
— Ҳа, Маннонҷон, ба хайр аст? — пурсидам дар ҳоле ки у боиси ифтихори ман ва тамоми қавму авлоди мо буд.
— Сабил монад, боз ҳамон айби дастгоҳ,— гуфт ӯ бо овози хаста,— дастгоҳҳо кӯҳна, корашон камсамар, ба болои ин бехобӣ.
— О, ин чӣ хел дастгоҳ аст, аз гӯшу аз бинӣ мегирад?— Савол кардам дилсӯзона.
— Як дастгоҳи аҷибест, ки номашро намедонам,— гуфт Маннон ва илова кард: — Ҳоло ту дар колхоз кор мекуниву дастгоҳҳоро намедонӣ. Дастгоҳе ҳаст, ки аз гӯшу бинӣ он тараф истад, ҳатто аз мӯю хекиртак медорад. Э-ҳе, ба ту чи гӯям, кори комбинат осон не, бародар.
Маннон либосашро бадар карду ҳуш аз сарам парид. Дастгоҳи лаънатӣ тамоми баданашро ҳам хоида сиёҳу кабуд карда буд. Вақте ки ба чеҳраи Маннон зеҳн мондам, зери чашмонаш ҳам мисли боқлаҷон кабуд шуда буд.
— Аз чашмонат эҳтиёт кун,— гуфтам ҳангоми аз дарвоза баромаданаш.
— Албатта, албатта,— гуфт ӯ ва илова намуд,— шояд ба ҳамин наздикиҳо маро ба як курс ба як шаҳри дур фиристанд.
Ман ҳам аз дунболи Маннон берун омада, дар кӯчаву паскучаҳо бофароғ қадам зада, то ба боғи маданияти марказӣ расидам. Дар он боғ рақсу суруд танинандоз буд. Кадом як дастаи ҳаваскорон саҳнаи боғро бесоҳиб ёфта, ҳунарнамоӣ мекард ва чанд нафар, шояд аз рафиқони наздики аъзоёни он даста буданд, ки гулу дарронда, бо шавқ қарсак мезаданд. Яке аз ҳофизон, ки нуки бинияш пӯсткандагӣ буд, бо шавқ сурудхонӣ мекард. Ман нуки бинии он ҳофизро дида, гумон кардам, ки шояд ӯ ҳам ҳамкори Маннон бошаду дар як дастгоҳ якҷоя фаъолият намоянд.
Гашти рӯз, вақте ки офтоб ғуруб карда, шом наздиктар омад, ман аз ресторани тобистонӣ баромада, бовиқор қадам мезадам, ки аз пеш чаҳор йигити нозанин баромада «Мана, худди худаш, дар танаш ҳамин хел пиджак дошт» гӯён, маро ба як тараф кашида, хуб лагадкӯбӣ карданд. Чунон лагадкӯбӣ карданд, ки тахминан аз лагади понздаҳум аз ҳуш беҳуш шудам. Як ғояти шаб, вақте ки ба ҳуш омадам, дар атрофам ва ҳатто дар боғи маданият ва истироҳатии шаҳр касе набуд. Аз ҷоям бо як азобе бархоста так-таки дарахтони калон ба ҳавлӣ расидам. Сарам чарх мезаду пои чапам қариб ҳаракат намекард. Дар даруни ишкамам чизе канда шудагӣ барин ҳар дақиқа печутоб мехӯрдам. Чанд рӯз дар он ҳавлӣ зиндагӣ карда, баъдҳавою ҳаваси рафтани деҳа ба сарам зад. Ниҳоят яксубҳ либосҳои худамро пӯшида ба сафар баромадам. Писараммаам Маннонро дигар надидам. Мегӯянд, вай ба як курсе рафтааст, ки кораш аз тарафи органҳои танобкаш контроль мешудааст.

* * *

Ҳоло ман дар деҳа ҳастаму ҳаваси сайру сайёҳати шаҳр аз сарам паридааст. Ба Маннон барин писараммаам, ки танҳо дар сменаи шаб кор мекард, чандон ифтихоре надорам. Пои чапам ҳанӯз ҳам кор намекунад ва бояд ба нафақа бароям.