13.04.2018

Хандаҳоям гиря дорад…

Ҷура Юсуфӣ, шоир ва рӯзноманигор. Машъал 02.07.2008

Маҳорати ҳаҷвнигории Бурҳон Ғанӣ

Насри ҳаҷвии тоҷик дар солҳои ҳафтодум ва ҳаштодуми қарни бист бо зуҳури як идда қаламкашон намакину рангин гардид. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар сафи ин ҳаҷвнигорон Бурҳон Ғанӣ мақому мартабаи хос дорад.

Бурҳон Ғанӣ, ки нахустин узви Иттифоқи нависандагон аз Мастчоҳ буд, сӣ сол дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» қаламронӣ кард, бо латифаю ҳикоёт ва мақолаву фелетону хабарҳои ҳаҷвӣ, инчунин сӯҳбатҳои намакинаш, бемуболиға, дар гӯшаву канори тоҷикнишин маълуму машҳур гардид. Он се маҷмӯаи ҳикоёт, ки дар замони зиндагии кӯтоҳаш (ӯ ҳамагӣ 53 сол умр дид). яъне «Хушомадгӯёнро азиз доред» (Д.. «Ирфон», 1973), «Аз ҳар калла як садо» (Д., «Ирфон», 1983) ва «Хеши падарӣ» (Д., «Адиб», 1988) китобҳои дӯстдоштаи мухлисону ҳаводорони хандаву мутоиба буданду мебошанд.
Барои пай бурдан ба маҳорати ҳаҷвнигории ин устоди сухан мо тасмим гирифтем. ҳикоёти «Хеши падарӣ»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бидиҳем ва алоқадри ҳол барои худ ва хонандагони гиромӣ як натиҷа бигирем.

Таваҷҷӯҳ мекунем ба нахустин ҳикояи ӯ дар китоби «Хеши падарӣ», ки «Таърихи зинда» ном дорад. Каҷрим Саримсоқовичро ба беморхона меоранду духтур аз ӯ ҷои дардашро мепурсад. Ва бемор аз дарди меъда шикоят карда мегӯяд, ки ду тухми обҷӯши фабрикаи Чептӯра бо намаки заводи Восеъ, нони аз орди Саратов, чанд қанди рафинади истеҳсоли заводи Тула, ки рӯи қуттияш «қанди дар об зуд ҳалшаванда» навиштаанд, як-ду дона қанди «Буревестник»-у «Снежинка», картошкаи ҷойдорӣ, як-ду пиёлаи чойи кабуди 125 ё 95 бо пиёлаи сурти якуми фабрикаи Самарқанд, палави биринҷаш девзираи Ҳисор бо қошуқи фӯлодаш занг намезадагӣ хӯрдааст. Духтури бечора аз сергапии ӯ безор шуда, меравад. Карим Саримсоқович дигар беморонро низ бо суханони беҳуда аз ҷон сер мекунад. Ба порае аз сӯҳбати ӯ таваҷҷӯҳ фармоед:

«-Баъд мо аз автобус фуромадему Шумо аз ман гӯгирд пурсидед,-ба ёд овард Карим Саримсоқович. -Ман ба Шумо якқуттӣ гӯгирди истеҳсоли фабрикаи Барнаулро, ки госташ 1769-57 буд, бароварда додам. Шумо бо он гӯгирд як дона сигарети навъи «Шипка»-и булғориро даргиронда дуд кардед. Ман он вақт сигарети «Помир»-и худамонро мекашидам».

Хушомадгӯиву тамаллуқро Б.Ғанӣ пасттарин хислат меҳисобад ва шахсони хушомадгӯро сахт мазаммат мекунад. Ҳикояи «Мотам» аз марги падари як раис оғоз меёбад. Ин хабарро шунида корманди ӣдора Абдусамад доду фиғон мебардорад, сарашро ба хок мезанад. Баъд ба таъзияхона рафта, чунон овозандозӣ мекунад, ки: «чаро фарзандонатонро бе падар карда рафтед?», «намешуд, ки суханони ширин намегуфтеду мо намесӯхтем?», «магар маргатонро пешакӣ фаҳмидед, ки моро. бештар насиҳат мекардед?». Сарашро ба бетон мезанаду худро ба оғӯши раис мепартояд: «Вой доде, ману шумо акнун сағираи бепадар мондем… дигар сари моро кӣ сила мекунад? Дигар аз кор баргаштанатонро кӣ интизор мешавад?»

Хулоса, кор ба ҷое мерасад, ки: «Ҳангоми ба гӯр мондани ҷасад Абдусамад як маҳшар барпо намуд, ӯ худашро ду-се бор ба дохили гӯр андохта, ҳамроҳи ҷасад монданӣ шуд».

Аммо баъди ду моҳ раисро ба кори дигар мегиранду хушомадгӯй бе муттако мемонад. Нависанда бо ҳамин нуқтаи таммат намегузорад ва бо ҷумлаи зерин ҳикояро ҷамъбаст мекунад: «Ба қавле раиси нав ҳам падару модари пир дораду онҳо ҳам офтоби лаби кӯҳ шуда мондаанд». Яъне хушомадгӯ метавонад бори дигар хислати разилонаи хешро тамошо диҳад.

Авлодгарои зинаи якуми маҳалгароист, ки ҳарду якҷо шуда мисли заҳрпечаку кирм ба вуҷуди миллати мо печидаанд. Бурҳон Ғанӣ ин падидаи мағшушро наметавонист нодида бигирад. Ҳикояҳои «Ризояти хешовандон» ва «Орият» авлодгароиро тамасхур мекунанд. Дар ҳикояи аввал моҷарои ба хонаи шахсе омадани хостгор нақл шудааст. Падари духтар рози мешавад ва мехоҳад розигии ақраборо ҳам бигирад. Амаки калонии духтар ним сол тарафи домодро «санҷида», ҳатто ба шаҳр рафта, ба делову ҳуҷҷатҳо дар институти хондагиаш аз наздик шинос шуд. Баъд тағоии калонии духтар ба амалиёт шурӯъ намуда, «аз нӯҳ нафар ҳамкурсони домодшаванда бо панҷ на- фарашон мулоқот намуд». Яке аз ҳамкурсони ӯ даромади гап гуфтааст, ки солҳои донишҷӯӣ духтаре ба домод- шаванда дил бохта будааст. Тӯй ду соли дигар ба таъхир афтод. Хулоса, баъд аммаву холаҳо ба тафтишу омӯзиш пардохтанд. «Ҳар кадомашон омӯхтани тарафҳои гуногуни ҳаёти домодро ба ӯҳда гирифта, иҷрои онро чун вазифаи муқаддас дар назди авлоду қавмҳои худ ҳисобиданд». Онҳо ҳафт пушти аҷдоду авлоди ҷавонро омӯхта, аз нонрезаи хӯҷаҳа будани онро низ исбот намуда, баъд розӣ шудаанд, ки он боз се соли дигарро дар бар гирифт. Бобои духтар, ки «нахустин авлоди Муллошокириҳо буд» ҳанӯз ризоияташро надода  дар деҳаи дурдасте вафот мекунад. Тӯй боз ду соли дигар мавқуф гузошта мешавад…

Ҳикояҳои шодравон Бурҳон Ғаниро аз лиҳози мавзӯъ ба хубу бад ҷудо наметавон кард. Ҳар кадом як ҷаззобият. якнотакрорӣ, якрӯҳафзоии хоса дорад. Аз чопи «Хеши падарӣ» даҳ соли пурра гузашт. Дар ин даҳ сол бисёр ақидаҳо, мафҳумҳо, арзишҳо дигар шуданд, тағйир ёфтанд, баҳои нав гирифтанд. Аммо ҳамоно мавзӯоти баррасинамудаи ин устоди ҳаҷв аҳамияти худро гум накардаанд, билъакс ҳар хонанда ҳоло ҳам ҳикояҳои ӯро ба шавқу завқи зиёд мехонад.

Ҳар адиб маҳораташро дар истифодаи воситаҳои тасвир нишон медиҳад. Ташбеҳу муболиға аз санъатҳои писандидаи Бурҳон Ғанӣ мебошанд.

Ба ин ташбеҳот таваҷҷӯҳ намоед: «Пиллаи ҷӯшондагӣ барин нарм гардидаанд», «Як арӯси хушрӯю пурназокат ёбам, ки оби хӯрдагиаш аз гулӯяш намояд», «Угрои бурридааш мӯи сар барин», «Хандақҳои кофташудаи рӯи ҳавлиҳо хонаҳои суғурро дар бағалиҳои кӯҳҳо ба хотир меовард», «Ҷуссааш чун санги мазор аз ҳаракат монд», «Мисли моргазида печутоб мехӯрд», «У мисли кӯрпачаи қуроқини аз сари торбанд кандашуда ба замин афтод», «Чеҳраи кампир аз таъсири гармову сармо тира шуда, мисли лаълии мисин равғанолуд аз шуои офтоб ялаққос мезад», «Чиркҳои моракшударо ба байни ангуштон гирифта», «Гӯё ревизор мӯмиёи яхкарда буд, ки акнун аз гармӣ об мешуд», «Кабобе, ки баробари ба ғори даҳон партофтан мисли ҳалвои тарак об шуда, худаш аз гулӯ метаровид», «Оруқӣ аз силос ҳам туруштар»…

Ҳамдиёрони Б. Ғанӣ 60-солагии ӯро моҳҳои августу сентябри соли 1998 ҳам дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва ҳам дар Мастчоҳи нав қайд намуданд. Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ яктоӣ мактабро ба номи Бурҳон Ғанӣ гузоштанд. Чанде пеш дар пойтахти кишвар ба ифтихори 70-солагии Бурҳон Ғанӣ нишасти аҳли адаб баргузор гардид. Оғози моҳи июл дар ноҳияи Мастчоҳ ҳам 70-солагии Бурҳон Ғанӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд.