ИФТИХОР КУНАМ Е НЕ?

Ҳавою ҳавас карда, аз деҳа ба тамошои шаҳр омадам. Дар шаҳр аммабачае доштам, ки ҷои кораш ҳеҷ маълум набуд. Лекин ҳамдеҳаҳою хешу табор ӯро дар ғоибу ҳозир таърифу тавсиф мекарданд. — Худо умрашро дароз кунад, дар шаҳр ҳамин қадар одам аст,— мегуфтанд. Қарибиҳои шом аз самолёт фуромада, ба ҳавлии аммабачаам омадам. Ҳаво хеле гарм буд Читать больше проИФТИХОР КУНАМ Е НЕ?[…]

САЛОМИ ДӮСТӢ

Мирзоаҳмад кундаи ҳезумро майда карда, бисьёр мондаву лакот шуд ва арақи сару рӯяшро бо миёнбандаш пок карда, навакак ба гӯшаи кати чӯбини рӯи ҳавлӣ нашаста буд, ки касе дарвозаи дутабақаашро аз берун кӯфта, овоз баровард. — Ҳой, акои Мирзоаҳмад, ҳой, акои Мирзоаҳмад! Писари хурдии Мирзоаҳмад дарвозаро боз карду марди ношиносе дохили ҳавлӣ шуда, Мирзоаҳмадро дидан Читать больше проСАЛОМИ ДӮСТӢ[…]

СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ДУГОНАҲО

— Алло, дугонаҷон, шумо читу? Сиҳат саломат ҳастед? — Алло, дугонаҷон, шумо читу? Сиҳат саломат ҳастед? — Маззем не, дугонаҷон. Аз шумо чӣ? Бачаву кача? Почом чӣ хел? — — Ҳа, дуруст. Давленешон ҷудо ҳам баланд. Аз шаб боз дору мехӯранд. — Хайр, дугонаҷон, аз худатон пурсам. Зебоҷонро мебинед? — Ҳа, нағз се моҳ боз Читать больше проСӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ДУГОНАҲО[…]

ИШТИБОҲ

(Нақл) Духтур беморро бо меҳрубонӣ қабул карда гуфт: — Шумо ин кадар камнамо, ба хона намебиёед. Мо шуморо ҳамеша ёд мекунем. — Раҳмат, раҳмат духтурҷон,— гуфт бемор пешонаашро чин карда,— ҳамин хел як булутень лозим шуд. — Ҳа, тобатон не-а?— гуфт духтур даҳони беморро боз карда,— гӯлуятон нағз. Хӯш, акнун шушҳоятонро гӯш кунам. — Барака Читать больше проИШТИБОҲ[…]

ОДАМИЯТ

Ба деҳаи хурдакаки мо меҳмоне омад, аз як шаҳри бостонӣ. Мардум ба талоши меҳмон афтоданд. Ҳар кас кӯшиш дошт, ки меҳмонро ба ҳавлии худ барад то мардум ӯро «мехмони фалонӣ» гуфта, ном баранд. Баъди талошу кӯшиши зиёд, оқибат меҳмон насиби Абдусамади бритадир шуд. Албатта, дигарон як андоза маъюс шуданд. Охир меҳмон яктаву талабгор ҳазорта. Абдусамад Читать больше проОДАМИЯТ[…]

ВИҶДОН

Дохили автобус аз одам меҷӯшид. Дар чунин лаҳза баъзеҳо ба кадри танҳоиву мошинаи шахсӣ расиданӣ мешуданд. Ман аз ҷумлаи пассажироне будам, ки дар сар ба ҷуз орзуи аз автобус бе даккаву тела фуромадан хаёли дигаре надоштам. Бале, фуромадан мушкил, аммо аз дари автобус даромадан аз он ҳам мушкилтар буд. Ана, ҷавоне дасташро ба кисаи чапи Читать больше проВИҶДОН[…]

ШӮҲРАТ

Аз автобус поён омада, аз ду марди ҷомапӯши дар истгоҳ будаги пурсидам: — Мебахшед, хонаи Сафар дар кучо? — Сафар, Сафар — ба хаёл рафт яке ба дигаре рӯ оварда,— ин ҳамон Сафари «ГАЗ-21» доштагӣ набошад? — Чум,— гуфт дигарӣ ва илова кард:— ҳа, ёфтам, Сафари «Жигули»-яш 06. Ё ана вай «Запорожец»-и кӯҳнадор бошад? Марди Читать больше проШӮҲРАТ[…]

ҒОРАТ

Хонаамонро дузд зад. Мо ба милиция телефон кардем. Кадоме аз навбатчиҳо пурсид: — Гражданин, дузд соати чанд даромадааст? Аз дар даромадааст ё аз тиреза? Худаш танҳо будааст ё шарик ҳам доштааст? Ҷавоби ин саволхо ҳам мушкил буду ҳам хандаовар. Бинобар он, ба ҳамааш «намедонем», гӯён ҷавоб гардонда, интизори омадани милиция шудам. Фурсате нагузашта, чанд нафар Читать больше проҒОРАТ[…]

ОШИ ГАШТАК

Ҳамшаҳриҳо маро ба оши гаштак таблиғот намуданд. Яке гуфт, ки танҳо лаҳзаи ҷудо кардани сангрезаи курмаку биринҷ, майда кардани дунбаи карт, реза намудани пиёзу сабзӣ ва гушт ба кас як олами ҳаловат мебахшидааст. Ба қавли дигарӣ, садои билиқ-билиқ ҷӯшидани зирбак чун мусиқии форам асабҳои касро ором мекунад. Хусусан, маҳин реза кардани пиёзи барраро намегӯед,— оби Читать больше проОШИ ГАШТАК[…]

СИТОРАИ ДУРНАМО

Абдумаҷиду Саидбек пагоҳӣ ба кор омада, ба паси миз нишастанд ва коғазу қаламашонро руи даст гирифта буданд, ки амаки Мавлон ҳам пайдо шуд. — Баҳ, баҳ, ин автобус аз одам қариб кафида буд- е,— ба воҳимакунӣ даромад амаки Мавлон,— одам ин қадар зиёд шудааст, ки… наузанлиллоҳ… — Амак, мебахшед, ҳамин пагоҳӣ рангатон кандагӣ барин,— гуфт Читать больше проСИТОРАИ ДУРНАМО[…]

КОРКУНИ МУНОСИБ

Дар дари даромад, ки ба ранги осмонӣ рангмолӣ шуда буд, номи дурмадарозе ба назар мерасид: «Саидмирқосимбеков У. С.» Худи хондани чунин номи дароз дили корафтодаро ба ваҳм меовард. Анвар ва Сангин ҳар ду дарро нимроғ карда, ба даруни кабинет нигаристанд: дар паси мизи дароз як марди чорпаҳлӯи сару рӯяш арақшор менишаст ва аз ғояти нафастангӣ Читать больше проКОРКУНИ МУНОСИБ[…]

ҶУСТУЧӮ

Ба идораи мо як ревизори сахтгир омад. На бо касе шухӣ мекарду на табассум. Сарашро набардошта, кор мекард. Нисфирӯзӣ худаш танҳо ба ошхона рафта таом мехӯрд. Таклифи дигаронро ҳеҷ қабул намекард. — Ман ба ин ҷо барои кор омадаги, на барои зиёфатхӯрӣ,— мегуфт ӯ дар омади гап. Аз ин рӯҳияи ревизор чашми сардорамон тарсид. Ва Читать больше проҶУСТУЧӮ[…]

ҚИССАИ ДАВОҲО

Ду нафар марди солхӯрда бар болои кати чойхона нишаста аз вазъи саломатиашон сӯҳбат мекарданд. Якеро домулло Раҳмат мегуфтанду дигариро домулло Солеҳ. —   Шукр, домулло, аҳволи саломатиам бад не,— гуфтанд домулло Солеҳ пиёлаи чойро ба даст гирифта,— шукр дарди синабағалам тамоман кам шудаги. Танҳо як каме… уҳун… —   Шукри беҳад,— гуфтанд домулло Раҳмат як халтачаи салафании Читать больше проҚИССАИ ДАВОҲО[…]

НАЗАРЕ БА ҲИКОЯҲОИ СОЛҲОИ ОХИР

Дар ин авохир як частухези ҳикоёт ба назар мерасад, ки ин ҷастухезро частухези оддӣ маҳсуб донистан ғалати бузург мебуд. Лиҳозо, ба адабиёти муосир як зумра ҷавонони бақуввату боандоме ба майдон омаданд, ки аз онҳо сарфи назар варзидан гуноҳи азиме мебуд. Яке аз ин ҷавонони бодасту бозу Анҳорӣ мебошад. Ҳикояҳои дилчаспу ботаровати ӯ моро ба ҳаяҷон Читать больше проНАЗАРЕ БА ҲИКОЯҲОИ СОЛҲОИ ОХИР[…]

ДИЛСӮЗ

Бачаи ҳамсояамонро дар сари дуздӣ даст гирифта, ба шӯъбаи милиция бурданд. Модари бача сарашро ба дарудевор зада зор-зор мегирист. Падар низ сарашро дудаста дошта, аз ғусса лаб мегазид. —   Ҷон, ҳамсояҷон, Икроми ман як бор бачагӣ кар- даасту ҷонашро халос кунед,— илтиҷо намуд модар бо оби дидагонаш рӯй шуста. —    Кори тасодуфӣ — гуфт Читать больше проДИЛСӮЗ[…]

ДӮСТОН ЗИНДА БОШАНД

Ҷои корам чандон маъқул нашуду ба назди дӯстон ва рафиқон омадам. Ростӣ, ҳамаашон барои ҷои кори муносиб ёфтан ваъда карданд. -Рӯзи дигар ба идораи мо биё,— гуфт Абдусамад,— мо туро котиби раис карда мегирем. Котиби раис шуданат хуб: якум ин ки ба бисьёр калонҳои ба назди раис меомадагӣ шинос мешавӣ, дуюм, маош кам бошад ҳам Читать больше проДӮСТОН ЗИНДА БОШАНД[…]

АҚИДАИ МУСТАҚИЛ

Хушбахтона, ситораамон бо ҳам мувофик омад. Садри нави идора Сангин Атоев маро ба фарзандӣ кабул намуданд ва ин дар зиндагӣ боиси ифтихорам гардид. Бале, ба назари ман, хушбахттарин иисон ҳамон касест, ки сардораш падархондаш бошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар кадом фарзанди инсон, ки аз роҳбар толеъ надорад, ҳасад барад ва маро самимона табрик намуда, Читать больше проАҚИДАИ МУСТАҚИЛ[…]

НЕКӢ БА ҲАЗРАТИ ИНСОН

Ман нимишабӣ аз назди истгоҳ мегузаштам, ки марде бар болои харак дароз кашида сурудхонӣ мекард. «Ман булбуламу баҳора дӯст медорам» гӯён, бо овози баланд замзама мекард. Аз суруди форамаш куршапаракҳо дар атрофаш парвонавор болу пар мезаданд. Чуноне ки нависанда Шукурӣ гуфтааст, магасҳо дар фазои беғубор парафшонӣ менамуданд. Ҳамин дам ман ба назди он марди масту Читать больше проНЕКӢ БА ҲАЗРАТИ ИНСОН[…]

КАНӢ, БОЗ ЧӢ НАВИГАРӢ?

Нимишабӣ ҳамсоязан маро бедор карда гуфт: —   Ман ба шумо як гапи махфӣ дораму пагоҳӣ метуям,— гуфт ӯ ва ба ҳамсарам то нимишабӣ сӯҳбат кард. Ҳамсарам ва чанде аз ҳамсояҳо гирд омаданд. Ман шабро ба фикру хаёл рӯз кардам ва пагоҳии барвақт бо чашмони аз бехобӣ варамида ба рӯи ҳавлӣ баромадам. —  Дадеш гап байни Читать больше проКАНӢ, БОЗ ЧӢ НАВИГАРӢ?[…]

ИФТИХОР

Маро дар ин бино будагиҳо беҳад эҳтиром мекарданд. Ҳар кадомашон аз ман пештар салом дода, аз зиндагиву аз корам мепурсиданд. Албатта, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан қарзи инсонист мегуфтам дар дил ва аз ҳаққу ҳамсояҳо ботинан хурсанд мешудам. Дар асл ҳамсояҳои мо он қадар аҳлу баодоб набуданд, ки боиси ифтихори мо бошанд. Қариб ҳар ҳафта Читать больше проИФТИХОР[…]

МУБОРАКБОДӢ

Бегоҳӣ, баъди кор хонаамон лиққӣ одам шуд. Еру дӯстон рафиқони ҷонӣ, ҳама ба табрики ман омадаанд. Лекин ба кадом муносибат, худам бехабар будам. Ҳамсарам болои мизи дарозро пур аз нозу неъмат карда, ба гурӯҳе арақ, ба баъзеҳо коньяк ба як қисми дигар шампанский оварда, маътали нутқи раиси маърака шуд. — Ту ин хел ҳунар ҳам Читать больше проМУБОРАКБОДӢ[…]

ОДОБИ ҲАМИДА

Як ҷумлаи характеристикаи Қосим ҳамаро ба ташвиш овард: «Қ. Саидҷалилов нисбат ба ҳамкорон ғамхор ва хеле дилсӯз аст». Яке аз роҳбарони база ана ҳамон хислати дар характеристика навиштагиро ба хотир оварда, ба Қосим гуфт: —  Аз шумо бригадирй намебарояд. Дар ин ҷо ҳама одамони аз таги дор гурехтагӣ. Ба шахсони ба ҳафт гӯлах алав мондагӣ Читать больше проОДОБИ ҲАМИДА[…]

ЯРОҚИ ДУРЗАНИ МАЪМУРИЯТ

Дар қабулгоҳ касе набуд. Бале, кабулгоҳи бекотиба зеб надошт. Ҳомид садои гапзании сардорро аз дохили кабинет шунида, гӯшашро ба дар наздик кард. —   Ҳоло ҳамин хел гӯед,— шунида шуд овози сардор Воҳид Қаримов,— Э, раҳмат, ако, раҳмат. Хайрият, ки пешакӣ хабар додед. Ҳа, ҳамин рӯз ба сӯҳбати ман омаданӣ. Худи ман аз аризабозҳо кимоб шудагӣ. Читать больше проЯРОҚИ ДУРЗАНИ МАЪМУРИЯТ[…]

НОМАИ ДӮСТ

Расул мактуби дӯсташ Самадро бо шавқ кушода, ба хондан даромад: «Аввало салом! Сониян, маълум шавад, ки ман дӯсти аз чашм дуру ба дил наздикат — Самад инҷониб дар деҳа сиҳат ва саломат буда, тансиҳатии туро ҳамеша дар талабам. Ман ба ту маълум карданӣ ҳастам, ки шабу рӯз аз пеши чашмам дур намеравӣ. Сабаби ана ҳамин Читать больше проНОМАИ ДӮСТ[…]

МАҲОРАТ

Журналисти ҷавон мудири хонаи маданияти колхозро даъват намуда, аз кору бораш пурсон кард. —   Шукр, саломатиям бад не,— гап сар кард амаки Қамар.— Бачам, ду сол пештар пои ростам як дард бароварда, бисьёр азобам дод. Шукр, ҳоло ҳозир хуб. Ҳа, гуфтагӣ барин аз саломатии худатон пурсам, бачам. Падару модар хуби хӯб ҳастанд? Аз номи ман Читать больше проМАҲОРАТ[…]

ХОТИРАИ УСТОД

Баъди ба ғори даҳон рехтани қадаҳи панҷум устоди марҳумамон ба лавҳи хотир омад. Рамазон ҳунгос зада гирья кард. Одамҳои дилсӯз аз ҳар тарафи ресторан гирд омада, изҳори ҳамдардй мекарданд. —   Устод, оҳ устод,— фиғон бардошт Рамазон. Ман барои хомӯш кардани ӯ ҳақ надоштам. Бинобар он, ман ҳам рӯймолчаи чип-чиркинро аз кисаи шимам бароварда, лабамро бурма Читать больше проХОТИРАИ УСТОД[…]

ДОРУЮ ДАРМОН

Дастархонро паҳн карда чою нон ва қанду қандалот оварданд. Воқеан, як пиёла асал ҳам ногахон пайдо шуд. Соҳибхона — амаки Мирхол нимшнонро шикаста, ба миёнаҷои дастархон, ки ба он расидани дасти меҳмон — Зиёуддин амри маҳол буд, партофт. Лекин меҳмон аз он ки хислати соҳибхонаро дер боз медо- «ист, беибо даст дароз карда, Я1к пора Читать больше проДОРУЮ ДАРМОН[…]

ВАҶОҲАТ

Ба назди сардори управленияамон барои як хоҳиш даромадам. Қабл аз ба сари максад омадан, аввал аз ваҷоҳаташон маъние кашидан хостам. Ҳангоми вохӯрӣ кардан, рухсораҳои аракшорашонро бо дасти чап молиш дода, чиркҳои моракшударо ба байни ангуштон гирифта, ба тарафи ман пуф карданд. Ин ҳаракати сардор чунин маънӣ дошт, ки ҳоло он кас дар банди андешаҳои дигар Читать больше проВАҶОҲАТ[…]

ДОКАИ ИСТАМБУЛӢ

Ман Аҳмадро дар як деҳаи райони дурдаст дида ҳайрон шудам. —  Ҳа, бародар, офтоб аз куҷо баромад? Ба ин тарафҳо?— пурсид ӯ калонгирона. —  Ба командировка, ба тафтиши мактубҳо,— гуфтам ба ӯ. —   Ман ҳам. Кори ман махфӣ. Лекин шунидам, ки пальтоҳои импортнии занона омадааст, омадам. Гуфтагӣ барин кафшҳои сарипоии занона ҳам будааст — матлабашро Читать больше проДОКАИ ИСТАМБУЛӢ[…]

ТАРБИЯИ БАДАНӢ

—   Дарси имрӯзаи мо машқ дар турник,—гуфт муаллими нави тарбияи ҷисмонӣ ба шогирдон ва ба ҷавони лоғарандоми қоматбаланд ишора намуда илова кард:— ҳой, бача номи ту чӣ? —   Номам Насим,— гуфт бача. —    Насимчик канӣ, ба турник баро.— амр дод муаллим. Насим ба зери турники баланд омада, каме ба боло нигоҳ кард ва баъд муаллақ Читать больше проТАРБИЯИ БАДАНӢ[…]