07.04.2018

Намехандиду механдонд

Карим Давлат (“Ҷумҳурият” №65(20984) 11 июни 2005)

Баъдҳо номи маро борону бод
Нарм мешӯянд аз рухсори санг.
Гӯри ман гумном мемонад ба роҳ,
Фориғ аз афсонаҳои ному нанг.

Ин сатрҳои ҳасратбори Фурӯғи Фаррухзод рӯи санги мазори устоди сухан, марди хушгуфтору хушрафтор, зиндадилу маҳфилоро ва дар ҳазлу хӯшгӯӣ беҳамтои даврони худ Бурҳон Ғанӣ (рӯҳашон шод бод), ҳакокӣ гашта, баёнгари набзи вақгу ҳолати вафоти эшонанд.

Шоми 30 декабри соли 1992, вақте аз ТВТ хабари марги устодро шунидам, дили пурғаму андӯҳам (он вақт қариб ҳама гирифтори чунин ҳолати мудҳиш буд ва мурда қадру қимате надошт) бозҳам ғамбору пурандӯҳ гардид. Ба чеҳраи маҳзун, вале нигоҳҳои саршори меҳру Муҳаббат, пур аз маъниву маърифат доштаи устод, ки аз оинаи нилгун ба мо, ҳамдиёронаш, менигаристу гӯё хайрбод мегуфт, нигарон дар чашмонам ашки ғаму ҳасрат ҳалқа заданд, ашке ки аз мағзи дилу ҷон мебаромад. «Боз қалами мӯъҷизаофаре аз даст афтиду пайкари як суханвари варзидаи майдони ҳунар ба хок рафт. Афсӯс…»- нолаи ғамангези дилам ба гӯш омад ва ба андеша рафтам: Бурҳон ғанӣ, ин номро кай шунида будам, бо соҳиби он кай, дар куҷо ва чӣ гуна рӯ ба рӯ шудаам?

…Соли 1977 буд. Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб курс – конференсияи адибони ҷавон – навқаламон доир гардид. Гурӯҳи адибонро устод Фазлиддин Муҳаммадиев сарварӣ мекарданд. Мо, навқаламон, навиштаҳои хому хаталаи худро бо тарсу ҳарос ва ҳаяҷон дар назди устодони сухан мехондем. Баъди як маҳфил устод Муҳаммадиев дар танҳоӣ аз ман пурсиданд:
-«Хорпуштак»-ро мехонед, шогирд?
-Мехонам, устод.
-Кадом муаллифонашро?
-Баҳодур Файзулло, Бурҳон Ганӣ, Басир Расо…
-Ин нағз, лекин ба навиш-таҳои мулло Бурҳониддин вақти хондан диққати махсус диҳед. Ана баъд ҳадаф, ҳикмат ва намаки ҳаҷву мутоиба бароятон равшан мешавад… Душанбе ки рафтед, наздашон равед, шинос шавед, ин ба манфиати худатон,- таъкид карданд устод.
Ана ҳамин гуфтаҳои устод Фазлиддин Муҳаммадиев боис шуду шавқу рағбат ба навиштаҳои Бурҳон Ғанӣ ва меҳру самимияти банда ба ин нависанда торафт меафзуд. Вақге китоби аввалинашон «Хушомадгӯёнро азиз доред» ба дастам афтид, аз шодию хурсандиам, тавре мегӯянд, дар курта намеғунҷидам. Ин маҳз бароям дидору вохӯрии аввалин бо адиби нуқтасанҷу нозукбаён буд. Воқеан, он солҳо соҳибкитоб шудан шарафу давлати калоне ҳисоб меёфт. Моли асили адабиёт то рӯи чопро медид, ҷигарҳо хун мешуд. На ҳар лашу луш ба нашриёт роҳ меёфт.

Дафтари кории устод Бурҳон Ғанӣ дар идораи маҷаллаи «Хорпуштак» хеле оддӣ ва баракси гумонҳоям назарногир намуд. Ягона тирезаи хурдакаки берунаш аз чанори азим пурсоя ҳуҷраи корашро хира равшанӣ мекард. Вориди он шудан замон диламро ҳаяҷон пахш карда буд ва намедбнистам худро чӣ тавр муаррифӣ намоям. Хайрият, баъди салому алеки муқаррарӣ устод оромонаюботамкин бо як чашми нимроғу як чашми кушода сӯям нигарон:
-«Қалай шумо?»- гуфту табассуми ба худ хосе кард. Дар ҷавоб чӣ гуфтаам, ба хотирам нест, вале баъдҳо фаҳмидам, ки чунин тарзи нигоху гуфтор ва оромию тамкинӣ ҳамеша одати хосаи устод будааст.
-Аз куҷоҳо пурсем, дӯсти азиз…, ягон чиз навишта овардаед, ё — бо ҳамон тарзи нигоҳу гуфтори аввалаашон канда – канда пурсон шуданд.
-Не- гӯён аз ҷой хеста будам, ки бо ишораи даст «Шинед, бепарво гап задан гиред, ман хорпуштак не, хизматгори хорпуштак, ана он сармуҳаррирамон хорпуштак»- ҳуҷраи кории рӯбарӯро ишора намуда гуфтанду хандаю табассуми омехта карданд.
Вақте гуфтам, ки бо ҳидояти устод Фазлиддин Муҳаммадиев назди Шумо омадаам, хаёле ба андеша рафтанду мӯйлабҳои зебояшонро бо нӯги забон ноаён лесида – лесида бо ҳамон тарзи нигоҳи ҷолиб сӯи тиреза нигарон монданд…
-Эҳ хусурҷон, хусурҷон, о мо худамон чор гапе медонем, аз муаллим Муҳаммадиев ёд гирифтаему шумо боз назди ман омадед,- оҳиста ва бо оҳанги хоксорона шунавонданд.
Баъдтар фаҳмидам, ки ҳамсари устод янгаи меҳрубонамон Раъногул Абдулхайрова зодаи шаҳри Кӯлоб будаанду устод кӯлобиҳоро «хусуру хусурҷон» гуфта лутф мекардаанд.
Он рӯз қадамзанон сӯҳбати мо то чойхонаи «Роҳат» идома ёфт. Устод оҳиста – оҳиста, бо тамкин, бо мулоҳиза роҳ мегашту ҳарф мезад. Аз зиндагии хеш мисолҳои ҷолиб меовард, аз образҳои бадеӣ ва образҳои ҳаётӣ сухан мегуфт. Дар хотирам ҳаст, ки аз роҳравӣ бозмонда нохост саволомез пурсид:
-Медонед чӣ,- шогирд, адабиёти ҷаҳон, мардуми олам адабиёти советии тоҷикро бо образи қорӣ-Шикамбаи устод Айнй дар «Марги судхӯр» шинохтаанду эътироф мекунанд. Ин образ туфайли мушоҳидаҳои нозук, зиракии беандоза, таҳлилу таҳқиқи бадеии рӯйдодҳои зиндагӣ ва ниҳоят бо туфайли ҳунару истеъдоди нодири нависандаи забардаст образи адабиёти ҷаҳонӣ гардидааст, вагарна худи қорӣ-Исматро ҳамчун судхӯру шикамчарон танҳо як маҳаллаи Бухорои шариф медонист…

Ана ҳамин тавр, он рӯз ҳар як саволу ҷавоби устод Бурҳон Ғанӣ мани ҷавони дар чорсӯи ҳаёт қарордоштаро ба кӯи сад орзуву ҳавасҳо, андешаву умедҳо, нишебу фарозҳои зиндагӣ роҳнамун мекард. ғарқи фикру хаёл бо устод хайрбод намудам, вале симои ба назар дилкашу пурасрор, гуфтори пурҳикмату гуворои ӯ дар нигоҳам, дар хотирам боқӣ монданд.
Айёми бачагии устод ба давраи ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омадааст, ҳашт соли хӯдакию наврасиаш дар муҳити нолаву оҳ, ғаму андӯҳ, рӯканию мӯкании мардону занон дар фироқи фарзандону шавҳарони ба фронтрафта, шаҳидони ҳалокшуда, бо гуруснагию бенавоӣ гузаштааст. Ва ҳамаи ин чун як пардаи маҳзунию ғамгинӣ дар симо, дар ниҳоду гуфтори нависанда меросе аз ҳамон замони ҷанг боқӣ монда буд. Бо талаби давру замон устод хеле барвақт бо ҳаёту зиндагӣ, бо мардум пайваст. Аз ҳамин сабаб ҳаст, ки навиштаҳояш боварибахш, самимӣ, ҳаётӣ, чеҳраву образҳои қаҳрамонони офаридаи ҳикояҳои ҳаҷвиаш нотакрор, ҷолибу хотирмонанд. Бо лутфу карам, бо тамасхуру киноя, бо ҳазлу шӯхӣ гиреҳи ҳар мушкилоту муамморо мекушоянд, ба ҳар зуҳуроти номатлуб, ба ҳар рафтору гуфтор, хислату кирдори манфури одамон ҳукми одилона доранд. Дар як дидору мулоқот устод айёми бачагиашонро ёдовар шуда нақл карданд, ки синфи ҳафтум мехонданду табелчии бригада будаанд. Шариф ном тракторчии ҳамдеҳаашон аз ҳамкасбаш, ки як тракторро ҳамроҳ идора мекарданд, музди меҳнати камтар гирифта шикоят кардаанд. Аз ин нобаробарӣ худи устод ҳам ба андеша рафта, афсӯс хурдааст, вале сир бой надода фаҳмондааст, ки бо як трактор ҳамроҳ кор кунед ҳам, шумо доим аз рӯи скорости (суръати) якуним, дуюним трактор меронеду ҳамроҳатон аз рӯи сеюним -чоруним. Шариф бовар карда қаноатбахш шудааст ва худи табелчӣ хеле баъд фаҳмидааст, ки дар трактор суръати якуниму дуюним намешудааст.

Устод Бурҳон Ғанӣ баъди хатми факултети таъриху филологияи ДДМТ, аз соли 1962 то охири умрашон – соли 1992, муддати сӣ сол ходими адабии маҷаллаи ҳаҷвии сиёсии Тоҷикистон «Хорпуштак» буданд. «Вай барои «Хорпуштак» зоида шуда буд,- ба ёд меорад сармуҳаррири маҷалла Басир Расо, — бе ягон санҷиш устод Муҳаммадиев ба кор гирифт. Эҷодкори пухтакор буд, кам менавишту хуб, дар бораи сӯзандузд баробари говдузд далел ҷамъ меовард. Аз муваффақияти ҳамкорон шод мегашт. Уро ҳама «мири Мастчоҳ» мегуфтем. Рӯҳашон шод бод…»
ҳамеша бо мардум ва дар байни мардум буд устод. Аз ҳар сафари эҷодӣ, аз ҳар вохӯрию мулоқот бо одамон баҳра мебардошт. Мавзӯъ, хислату характер, дидану шунидани ҳодисаву рӯйдодҳои матлубу номатлуби ҳаёту зиндагӣ барои ӯ бозёфт, манбаи илҳому суханварӣ буданд. ҳар ҷое мерафт, дар ҳар маҳфиле сухан мегуфт, аз дидору мулоқоти нахустин шахси дӯстдору маҳбуб мегардид.
Дар як мулоқоти аҳли адаб бо мардум дар ноҳияи Мӯъминобод барои гарму завқовар оғоз ёфтани маҳфил садри маърака сухани аввалро ба устод Бурҳон Ғанӣ медиҳад. қарсак бо ғалоғула омехта, устод аз минбар бо тарзи нигоҳи ба худ хосаш муддате бо гардани каҷ сомеъонро нигарон мемонад. Оромӣ дар зал бомаром ҳукмрон мегардаду акнун ба суханпардозӣ даҳон кушоданӣ мешавад, ки марди шофбурути ҷангалбон (лесник) бетоқатона аз байни мардум хеста ба садри маҷлис дилсӯзона мегӯяд:

-Ҳамин бечора, ки гап зада наметавонад, дар ин роҳи дароз куҷо саргардонуш кардед!
ҳама механданд ва устод сӯи раёсати давра нигариста бо табассуму хушҳолӣ — Шунидед, рост мегӯяд, халқи бузурги мо ҳамеша ғами шоиру нависандаашро мехӯрад!- гуфта бо ҳазлу хушгӯиҳояш мардумро хеле механдонад. Баъди мулоқот он марди «лесник» аз устод узр пурсида мегӯяд, ки хазинаи гап будаеду мо бехабар.
Бо сокинони ноҳияи Восеъ вохӯрию мулоқоти дигари ходимони «Хорпуштак» -адибон Бурҳон Ғанӣ, Маҳмадалишо ҳайдаршо ва Мирзо Файзалӣ доир гашт.Шоир ҳайдаршо дар омади гап гуфтанд, ки «Хорпуштак»-и мо бародари «Крокодил» аст. Кадоме дониста ё надониста пурсид:
-Чӣ хел “Хорлуштак” бародари крокодил шуда метавонад?
М. Ҳайдаршо бо обу ранги сиёсӣ ба савол ҷавоб дод, вале аз чавоби шунидааш он кас қаноатбахш нашуд.
-Ой бародар, русҳо моро, ки бародар хонданд, ҷайра ҳам аз тарс тимсоҳро акахон гирифт,- бадоҳатан ҷавоб доданд Бурҳон Ғанӣ ва ҳамаро хандонданд. Саволдиҳанда ҳам “Ана ин гапи дигар” гуфту қаноатбахш ба чояш нишаст.

Ана ҳамин тавр, устоди сухан Бурҳон Ғанӣ хозирҷавоб, маҳфилоро, хушбаён ва ба дили ҳамагон наздику маҳбуб буданд. Бо устодони маъруф Ашӯр Сафар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Убайд Раҷаб (рӯҳашон шод бод), Кӯҳзод ихлосу муҳаббати хосае доштанд. Хонандагони гуногунзабони олам тавассути маҷаллаҳои ҳаҷвии «Крокодил» (Москва), «Стиршел» (Булғория), «Ойлен Шпигел» (Олмон), «Пикер» (Эстония), «Муштум» (Узбекистон) бо эҷодиёти рангини ӯ шиносанд. Ва агар аҷал шитоб намекард, имсол ба баҳори шасту ҳафтуми умрашон қадам мемонданд, вале марги мафоҷо риштаи ҳаёти ӯро дар синни панҷоҳу чори умрашон барканд.

…Ҳар баҳор, шоми якуми май фарзгандони устод Бурҳон Ғанӣ дар хонаи падари бузургворашон ҷамъ омада, мавлудашонро қайд менамоянд. Садбаргу Хуршед, Дилшоду Зулфия, ки дар тарбияву камолоти онҳо падар заҳмати зиёде кашидаасту имрӯз ҳар кадоме соҳиби маълумоти олӣ ба халқу кишвар хизмат доранд, аз қиблагоҳашон хотираҳои некро ёдовар мешаванд. Нақлҳои дигари умри падар- китобҳои «Хушомадгӯёнро азиз доред», «Аз ҳар калла як садо», «Хеши падарӣ»-ро фарзандон дасти ба даст мегардонанду ба дидаҳо мемоланд. Хусрави донишҷӯ, ки дар шашсолагӣ аз падар ятим монда буд, бо ҳасрату ҳавас бо хотираҳои неки модар, апаву бародарон ҳушу гӯш мешавад. Нигоҳҳои пур аз меҳру саршори орзуву муҳаббати падар аз сурати бари девор овезон ҷигарбандонашро наззора мекунад. «Сад дареғ, падарҷонамон азоби фарзандро бисёр кашиданду роҳати фарзандро наодида рафтанд»,-бо ҳасрат ба сурати падар нигариста мегӯяд Садбарг ва бо чашмони пур аз ашки ғаму дарди фироқ ҳамсари меҳрубону ҷигарбандон ба сурати худои хонадон нигарон мемон анд…

Номи устод ҷовидон хоҳад монд. Унвони пурифтихори Журналисти шоистаи Тоҷикистон подоши хизматҳои ӯ дар соҳаи матбуоти кишвар аст. ҳамдиёронаш ба муносибати 60-солагии устод дар Кӯҳистоки Мастчоҳ нимпайкараашро гузоштаанд. Дар зодгоҳаш Рогиф ва шаҳраки Дилварзини ноҳияи Мастчоҳ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба номи устод Бурҳон Ғанӣ номгузорӣ шудаанд. Аз осори зиёди чопшудаву ношудааш фарзандон куллиёти падарро тартиб дода, омодаи чоп карданианд. Ва умеду боварист, ки мероси пурбаҳояшон, фарзандони нексиришту некпиндорашон номи устоди сухан Бурҳон ғаниро ҷовидон мегардонанд. Ёдашон ба хайр!