СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ДУГОНАҲО

— Алло, дугонаҷон, шумо читу? Сиҳат саломат ҳастед?
— Алло, дугонаҷон, шумо читу? Сиҳат саломат ҳастед?
— Маззем не, дугонаҷон. Аз шумо чӣ? Бачаву кача? Почом чӣ хел?
— — Ҳа, дуруст. Давленешон ҷудо ҳам баланд. Аз шаб боз дору мехӯранд.
— Хайр, дугонаҷон, аз худатон пурсам. Зебоҷонро мебинед?
— Ҳа, нағз се моҳ боз аст, ки надидаам. Корҳои рӯзгордия. Боз сарам ҳам чарх мезанад.
— Ҳамин шаб хобҳои алмоӣ-алҷои дидам.
— О, аз Шарофатхон хабар доред? Саломатиашон хуб аст?
— Ҳа, ҷудо ҳам нағзу дирӯз лағжиданду пояшон шикастааст, мегӯянд.
— Вай ман мурам, дугонаҷон…
— Обу насиб-дия. Ҳама гал дар тани сиҳат. О, ягон бор намеоед-а.
— Шумо ҳам биёед дугонаҷон. Гуфтагӣ барин, Иззатхонро надидаед? Саломатиашон читу бошад?
— Биноӣ, дугонаҷон. Шаш моҳ боз аст, ки дар шифохона, мегӯянд, ки мошинаашон ба девор зада, пачақи моламяҷақ шудааст.
— Вай ман мурам… Мошина ҳам фалокати тайёр-
дия. Фалокат аз таги пой мехезад, гуфтаанд, рост будааст, дугонаҷон.
— Хайр, кампири хушдоманатон читу? Ҳа,мон вакт дар тӯи арӯсиатон дидаам, дигар не.
— Шасти кампир рафтагӣ. Мегӯянд, ки бемории зиқи нафас ё ана вай астма шудагӣ. Саломатиашон нағз. Дирӯз аз болои девори ҳавлӣ ба поён афтода миёнашон вай шуд. Чунон вай шуд, ки ваяшона вай карданд.
— О, вай шуда бошад, ваяш накардед, дугонаҷон.
— Барои вай кардан вай надоштем. Писарамон ҳам дар вай пахтачинӣ. Набошад, вая вай карда меовард.
— Истед, ки дугонаҷон, аз Муаззамахон ҳам хабар надоред? Ҳамин шаб дар хобам даромада монданд.
— Ҳолашон нағз. Танҳо шавҳарашон партофта рафтаанд. Шавҳари дуюмашон биноӣ, одами хуб мегӯянд. Худашонро се сол боз аст, ки надидаам.
— Рӯзгор-дия, зиндагӣ, дугонаҷон.
— О, ягон вақт ба хона биёед-а?
— Шумо ҳам биёед, дугонаҷон.
— Хайр, то дидана…
— Хайр.
Овоз аз ду тараф канда шуд. Телефон чизи хуб. Дӯстон метавонанд роҳи хонаи якдигарро тамоман фаромӯш кунанд.