Ҷони падари раис набаромада, хамкорамон Абдусамад омад.
-Худаш чӣ гап?
-Мӯйсафед бандагиро ба ҷо оварданд,— гуфт яке.
-Э, вой, падарҷон-е!—фиғон бардошт Абдусамад ва ҷуссаи бузургашро болои хок партофта, сари каммуяшро ба замин задан гирифт.
-Додарам, одам гуфтагӣ сабр мекунад,— гуфт марди ношинос сари Абдусамадро аз рӯи хок бардошта.
-Э, падари бузургвор-е,— ба наҳвакашӣ даромад Абдусамад. Овозаш дар теппаҳои наздики шаҳр акси садо медод.— Э, падарҷон-е, акнун ба мо кӣ насиҳат медиҳад? Кӣ аз ҳоли мо хабар мегирад?
Ҷасади падари директорро болои тахт бардоштанду Абдусамад боз ба наҳвакашй даромад.
-Падарҷон, чаро ба ин амр розӣ шудед?— фарьёд мезад у,— мана, ба берун нигаред, баҳор, гулҳо шукуфтаанд. Дарахти тути рӯи ҳавлиатон барг кардааст.
Ду дона ашки сӯзон аз ҳар ду рухсораи директор ба поён шорида, ба сари синааш чакид. Дар чашмони баъзе аз хешу таборон ашк ҳалқа мезад.
-Чаро фарзандатонро бе падар карда рафтед?— ҳамоно наҳва мекашид Абдусамад,— намешуд, ки сухани ширин намегуфтеду мо ин қадар намесӯхтем. Магар маргатонро пешакӣ фаҳмидед, ки моро бештар насиҳат мекардед?
Абдусамад гирьякунон ба рӯи ҳавлй баромаду овози пиразане баланд шуд.
-Э, ако, э, ако, ҳамсаратон Бибисанам бандаи бадавлат будаанд, ки азоби мотами шуморо накашида рафтанд. Шумо ба Бибисанам вафодор будед, ки ҳамсари дигаре нагирифта, рафтед. Оҳ ако, оҳ ако, хезеду бинед, ки ҳамаи ёру дӯстонатон ба тамошои шумо омадаанд….
Овози пиразан хаста шуду наҳвакаши дигаре ҷои ӯро ишғол намуд.
-Бас, бародар, бас!.— гуфт касе ба девори бетонӣ сар задани Абдусамадро дида,— мӯйсафед рӯзашонро диданд. Синни ҳаштод умри кам не. Худо кунад, ки мову шумо ҳам ба ҳамин синну сол бирасем, давлати бузург аст.
Абдусамад бо ин ҳам таскин наёфта, худашро ба оғӯши сардор — Нодир Сироҷ партофт.
-Вой доде, ману шумо акнун сағираи бепадар мондем,— фиғон бардошт Абдусамад,— дигар сари моро кӣ сила мекунад? Дигар аз кор баргаштанатонро кӣ интизор мешавад? Эй, фалак, бар ҷони ман ахир ҷафое сохтӣ… Падарчон, дидорҳо ба қиёмат, дидорҳо ба рӯзи ҳашр!
Овози гирьяи занҳо пасттар шуд. Ҷасади падари раисро гашти рӯз аз ҳавлиашон бардоштанду Абдусамад пеш-пеши тобутбарҳо қадам мезад.
-Э, падарҷон, шуморо ба хоки хунук месупоранд,—овоз меандохт ӯ,— чӣ мешуд, ки меваи дарахтони сабзкардаатонро хӯрда баъд мерафтед? Белу каланди обмониатон дар рӯи ҳавлӣ ҳайрон монданд. Он кундаи чӯбине, ки бар болояш менишастед, акнун шуморо то рӯзи ҳашр интизор аст. Куҷо шуд он овози фораматон, ки меҳмононро хушбошӣ намуда, «Боз биёед», мегуфтед?
Ҳангоми ба гӯр мондани часад Абдусамад як маҳшар барпо намуд. Ӯ худашро ду-се бор ба дохили гӯр андохта, ҳамроҳи ҷасад монданӣ шуд.
-Алвидоъ, дуньёи равшан,— фиғон бардошт ӯ ва аз дохили гӯр баромадан нахост.
Агар бандаи мӯъмин худро зинда ба гӯр кунад, ғазаби Оллоҳу таоло меояд,— гуфтанд муллоимом ва бо амрашон се-чор кас Абдусамадро аз гӯр кашида бароварданд. Акнун раису Абдусамад калла ба калла монда, навҳа мекашиданд.
* * *
…Баъди ду моҳи ин воқеа раиcро ба идораи дигар гирифтанду Абдусамад бе муттако монд… Ба қавле, раиси нав ҳам падару модари пир дораду онҳо ҳам офтоби лаби кӯҳ шуда мондаанд.