ТАМОИЛҲОИ ХУДӢ ВА БЕГОНА ДАР ШЕЪР

(Нақиза)

Ман, яъне банда дар ин солиюни авоҳир ба шеъри шоирон рӯ наовардаам. Албатта, рӯ наовардаам. Ру наоварданам ба шеър сабабҳои объективию субъективи, индивидуалӣ ва техникӣ дорад. Мана, ба карибӣ китоби ашъори шоир Осмон Фалакӣ манзури хонандагон гардид. Бояд тазкор дод, ки ранги мақова ҷигарӣ буда ба мазмуни ашъори саҳафот мтобиқати зиёд дорад. Метавон кайд кард, ки хонандаи нуқтадони мо аз дидани коғази нашри китоби ашъор лаззати баланд мегиранд, чунон, ки асарҳои этикию эстетикӣ ва эпико-лирикӣ.

Аммо бо ҳарфҳои калон навишта шудани номи муаллиф далели бепарвоии муҳаррири китоб аст. Зеро хонандаи нуктадон бидуни навиштани ҳарфҳои калон ҳам ин адибро мешиносад ва эҳтиром дорад.

Бале, ҳар шеъри шоир як порча қалб ё ҳеҷ набошад, як лахти ҷигар ё шуши ӯст. Вале на ҳамаи шеърҳои Осмон Фалакӣ чунин қимати баланд доранд. Баъзе аз мисраъҳоро хеле дароз кардааст, ки маъзарат мехоҳам, порчаи қалб гуфтан наметавон. Масалан, байти зеринро гирем:

Санге ба санг заданду отае парид,

Инро чаро бибикалони мо надид?

Агар мо ашъори лирикии Осмон Фалакиро ба шеърҳои ҳасби ҳолии шоири ҷавони навпардоз Холиқ Саҳарӣ муқоиса намоем, онҳо аз лиҳози ғани будани аломатҳон китобат (хусусан, вергул, мулнуқта, нуқта, аломати саволу баён) ва дарозии мисраъҳои шумораи ҳиҷоҳо тафовуте надоранд. Масалан, Холиқ Саҳари фармудааст:

Тақ-таки дарвозаат омад ба гӯш,

Дил даруни кулбааш омад ба ҷӯш.

Ҷӯши қалбам ҷӯши чойник нест, нест,

Рӯзи равшан, шоми торик нест, нест.

Шеърҳои Осмон Фалакӣ аксар кӯтоҳ ва ихчаманд. Вале парвози ҳар ду шоир ҳам ба як паймона буда. ҳар ду ҳам аз ҷиҳати қаду қомат ва ҳатто андозаи туфлию курта муштабеҳанд.

Мо, албатта, дар ашъори Осмон Фалакӣ як частухези махсусеро эҳсос менамоем, ки он тапиши калби шоир ҳам ҳаст. Аммо шеъри шоир ба сурати умум тобишҳои дигар дорад. Масалан, дар баъзе аз шеърхо, бо вуҷуди дар мавсими сарди сол навишта шуданашон шабпарак ва гули хайрй ёдовар гардидааст. Ҳол он ки шеъри шоир бояд ба мавсими сол ё ин ки таври дигар гуем, мавсими сол хонда шавад. Яъне, дар зимистон тасвири барфу зоғу кабк, дар тобистон гулу булбул. Дар аввали баҳор файзи боди саҳарию шилдир-шилдири обшорон ва ғайра бояд мутлақо муроот гардад.

Аз ҷониби дигар, аломати хитоб дар баъзе шеърҳои шоир истеъмоли хеле зиёд дошта, дар дигараш камтар ба мушоҳида мерасад. Чунин нобаробарӣ, албатта, натиҷаи ҷустуҷӯҳои ғайримутадовим ва мутавотири шоир аст. Услуби касбкардаи шоир назди мо пӯшида нест. Мо медонем, ки Осмон Фалакӣ шеърҳояшро ба ҳар ранг ва дар коғазҳои ҳархела иншо менамояд.

Ин эродҳои мо шоирро водор месозад, ки ба ҳаёт, ба атроф ҷиддитар назар андозад ва хусусиятҳои садои кабки хонагиро аз саҳрои тафовут намояд.

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки шоир Осмон Фалакӣ дар авҷи нумӯъ ва барори эчодист.

Мо умедворем, ки шоир ягон рӯз ба навиштани достон ру меорад ва ба хонандаи худ як олами маънавии дигар, парвозхои дӯстоюи одамй, фароштурукҳои бол- дор ва дигар ҷоннаронро боз менамояд.