АФСОНА

Дар меҳмонхонаи кӯҳнасохти хеле зебо ҷой гирифта, бегоҳӣ ба ресторан даромадам. Одам бисьёр буд, вале бо вуҷуди он ду нафар пешхизмат ‘ба пешвозам тохта, маро ба як ҷои холӣ шинонданд ва ҳатто «хуш омадед!» ҳам гуфтанд.

-Хӯш, меҳмони азиз, шумо чӣ мехоҳед?— пурсид як пешхизиат бо чеҳран кушод, мисли он ки хоҳари худам бошад,— мана, меню, аммо таомҳои хубро худам мегуям.

-Раҳмат, хоҳарам,— гуфтам бо як илтифот ва дусад грамм арақ ҳам хостам.

-Ман барои шумо таом мебиёрам,— гуфт пешхизмат,— лекин нӯшиданро тавсия намекунам. Хусусан, ки арақамон ҳам арақи хуб нест.

Ман аз ин дилсӯзӣ ва ғамхории пешхизмат хеле мафтун шудам.

-Аздусар арақ ба одам зарар дорад,— илова кард пешхизмат.— Ба ҷои арақ оби минерали ва шарбат хуреду монед.

Насиҳати пешхизмат ба ман таъсир кард. Таомҳои ҳархела фармоиш дода, шефтаи мусиқию суруди дастаи ҳунармандон шудам. Мусиқии нарму ором маро ба ҳаячон оварда, хаёламро ба парвоз овард дар назарам манзараҳои сабзу хуррам пайдо гардида, турнаҳо ба парвоз омаданд. Садои булбулон аз ким-кадом гӯшаи боғҳои шукуфон ба гӯш мерасид. Мурғони ҳархелаи хушилҳом нағмасароӣ мекарданд… Шамоли серун вазида, бӯи гулу раёҳинро ба машом мерасонд.

Омадани таоми дуюм риштаи хаёлотамро канд. Пешхизмати чеҳракушод, салатҳои фармоиш надодагиямро ҳам муҳайё сохта буд.

-Марҳамат кунед, ош шавад, меҳмон,— гуфт пешхизмат ва боз табассум намуда рафт.

Муносибати хуб, гапи хуш барои инсон беҳтарин мукофот аст. Рафту ҳамаи инсонҳо ба якдигар ҳамин хел муносибати хуш дошта бошанду ҳар кадом корафтодаро дар ҳама ҷо бо чунин самимият истиқбол намоянд, баровардани ин кадар доруи хобу дармони асаб ҳочат надошт. Дору метавонад, танҳо шиддати дардро чанд муддат паст кунад, вале дармон ва василаи табобаткунандаи инсон чизи дигар аст, яъне муносибати хуб ва ҳалимона, ки дар ягон давохона пайдо намешавад.

Баъди ин ақидаи фалсафӣ пешхизматро боз омодаи хизмат дидам.

-Шумо бисёр монда шудагӣ барин, меҳмон,— гуфт ӯ бо як оҳанги ҳамдардӣ,— агар хоҳед мана, ин чою об ва ҳатто таомро гирифта ба утоқатон бароред.

-Ман аз роҳи дур омадаам,— гуфтам ва аз лутфу марҳамати пешхизмат изҳори миннатдорӣ намудам,—саломат бошед, раҳмат.

Ба пешхизмат ҳисобӣ карда, аз да,ри ресторан берун омаданӣ шудам. Дарбон ва мудири зали ресторан маро хеле зиёд хушбошӣ намуда, «хуш омадед, боз биё-ед», гуфтанд.

Ман дари утоқи меҳмонхонаро навакак боз карда, ба дарун даромада будам, ки ҳамон пешхизмат аз пасам расида омад.

-Мебахшед, меҳмон, ман аз шумо як сӯм зиёд гирифтаам,— гуфт ӯ бо хиҷолат,— мебахшед-дия, меҳмон, одам бисьёр, ғалат шудааст.

-Хайр, ҳеҷ гап не,— гуфтам ва гирифтани пулро рад намудам.

-Не, не,— якравӣ кард пешхизмат ва илова намуд:—Мо ҳам шумо барин маош мегирем, мукофотпулӣ мегирем. Ба як тангаи кас тамаъ надорем.

Ман ночор пулро гирифтам ва пешхизмат хеле узрхоҳӣ намуда рафт.

-Лаббай? Афсона?..