Мо ду рафиқ бо ҳам мулоқот кардем. Мулоқоти мо ин дафъа хеле самимӣ буд.
— Салом — гуфт дӯстам,
— Салом — гуфтам ман.
— Бачаву кача, келин хуб ҳастанд?— пурсид ӯ.
— Раҳмат, раҳмат, аз ҳоли шумо пурсем, бачаву келин нағзу бардам ҳастанд?— пурсидам ман.
— Хеле хуб, саломат бошед,— изҳори миннатдорӣ намуд ӯ.
— Саломат бошед,— гуфтам ман.
— Марҳамат, ба хонаи ман даромада як пиёла чой мехӯрдед,— таклиф намуд ӯ.
— Марҳамат, ба хонаи мо, як-ду пиёла чой хӯрем,— таклиф намудам ман.
— Биёед, охир чаро намеоед?—гилаомезона гуфт ӯ.
— О, шумо ҳам бутун намеоед-ку,— паст наомадам ман.
— О, вақтатон шавад, як даромада монед, хуб?— гуфт ӯ бо эҳтиром.
— Албатта, албатта, шумо ҳам ягон вақт меҳмони мо шавед.
— Ба чашм, ба чашм. Ягон вақт меоям,— гуфтам ман.
— Хӯш, хайр набошад… албатта биёед-а?—оҳанги рафтан кард ӯ.
— Хайр, хайр бародар, ман ҳам интизор,— гуфтам ман.
— Боз мебинем,— гуфт ӯ дари хонаашро кушода истода.
— Албатта мебинем,— гуфтам ман аз дастаки дари хонаам кашида.